Феълҳои монда ва гузаранда

Феълхои монда ва гузаранда.


Феълҳо монда ва гузаранда мешаванд.

Амали феълҳои гузаранда бевосита ба предмет  мегузарад: (китобро) хондан, (калонсолонро) ҳурмат кардан, (ватанро) дӯст доштан. Феълҳои гузаранда саволҳои киро? чиро? талаб карда, пуркунандаи бевоситаро ба худ тобеъ мекунанд.

Амали феълҳои монда ба предмети дигар намегузарад ва дар худи иҷрокунандаи амал мемонад: нишастан, давидан, омадан, хиҷолат кашидан, ларзидан. Феълҳои монда ба вазифаи хабар омада, пуркунандаи бавосита ва ҳолро ба худ тобеъ мекунанд: ба хона рафтан (ба куҷо?), бо муаллим суҳбат кардан (бо кӣ?).

Аз асоси замони ҳозираи феълҳои монда бо ёрии пасванди -он феълҳои гузаранда сохта мешавад: хобидан-хобондан, афтодан – афтондан, гузаштан – гузарондан

Машқи 393. Ба феълҳои зерин савол гузошта, мондаю гузаранда будани онҳоро муайян кунед.

Бархостан, шинохтан, омадан, дидан, истироҳат кардан, такрор кардан, ғундоштан, шикастан, баромадан, баровардан, давидан, ларзидан, ларзондан, тафсидан, сохтан, сӯхтан, созондан, монда шудан, пешвоз гирифтан.


Машқи 294. Матнро хонда, феълҳои монда ва гузарандаро ёбед ва шарҳ диҳед.

Марди безабон аз пайи рӯзӣ тӯлонӣ гашта, шалпар шуда омад ва ба занаш ишора кард, ки рӯ ба рӯйи оинаи нилгун кӯрпача андозад, то вай фароғат кунад. Занак хоҳиши ӯро ба ҷо овард ва мардак каҷпаҳлӯ зада, чашм ба оинаи нилгун дӯхт. Чанд намоиш гузашт ва ӯро хоб пахш кард. Ба назараш телевизор лаппӣ карда равшан шуд ва хоби ӯро дур кард. Ӯ боз ба телевизор дида дӯхт, намоиши нав сар шуд ва ӯ худро даруни телевизор дид. Вазнашро бардошта нишаст, ҳайрон буд, ки мардум беҳуда ин чизро оинаи ҷаҳоннамо намегуфтаанд. Дар хонааш нишастаасту дар телевизор метобад. Ангорааш бошад? Ӯ нишаста ва ангораи даруни телевизор хеста мегардад, андеша мекунад…

Сорбон

Луғат:

ангора – фикру хаёл, тасаввур, пиндор


Савол ва супоришҳо

  1. Муродифҳои фароғат кардан, дида дӯхтан – ро пайдо намоед.
  2. Медонед, ки дар замони мо мактабҳои махсус барои одамони гунг ва безабон вуҷуд доранд?
ҚаблӣФеълҳои мутлақ ва давомдор
БаъдӣСиғаҳои феъл (сигахои феъл, грамматикаи забони тоҷикӣ)