Феълхои мустакил ва ёридиханда.
Феълҳоро аз рӯйи вазифа, истеъмол ва хусусияти маъноияшон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: мустақил ва ёридиҳанда (ёвар). Феълҳои мустақил вазифаи грамматикиашонро бевосита, бе ёрии ҳиссаҳои дигар анҷом медиҳанд: рафтан, дидан, шунидан, ёфтан…
Феълҳои ёридиҳанда дар сохтани шаклу таркибҳои феълӣ иштирок мекунанд: омада истод, рафта истода буд, азоб кашидан, дӯст доштан…
Машқи 388. Ба калима ва таркибҳои зер феълҳои ёридиҳанда ҳамроҳ карда, феълҳои таркибӣ созед.Намуна: аз назар – аз назар гузаронидан, назар –назар кардан.
Ташкил, гап, сайругашт, тамошо, назар, дӯст, барно, ҷо ба ҷо, ҷуръат, шинос, гуфта, тараддуд, дӯст, навишта, зарба, решакан, гуфтугӯ, қафо, мубаддал, аз назар…
Машқи 389. Нависед. Ба зери феълҳои мустақил як ва ёридиҳанда ду хат кашед.
Киштӣ бо як паҳлӯ ба занҷир наздик расид. Даричаи киштӣ кушода гардид, дасти пурзӯри Темурмалик бо табарзин, ки монанди моҳи 4-5 рӯза бар рӯи оби зулол дар ҳавои соф бо акси нури офтоби шаъшаапошии нимрӯзӣ медурахшиданд, намоён шуд. Табарзин дар ҳаво баланд баромад ва бо тезии барқе, ки аз ҳаво меҷаҳад, поин фаромад…
Темурмалик азбаски дар дарбори Султон Муҳаммад ҳеҷ ҷои умедворӣ надид, аз он ҷо бо бори гарони андӯҳу алам ва ҳасрату ғам ба роҳ даромад. Ба ҳар ҷо ки мерасид, медид, ки султон ба он ҷо мактуб фиристода, ба душман муқобилат накардан, агар қудрат ва фурсат ёбанд, гурехтан, вагарна бе ҳеҷ муқобилат ва ҷанг таслим шуданро ба аҳолӣ амр кардааст.
Садриддин Айнӣ
Луғат
табарзин– аслиҳаи табаршакл, ки онро сипоҳиён дар пеши зини асп овезон мекарданд
Савол ва супоришҳо
- Андӯҳу алам ва ҳасрату дард чӣ гуна ифодаҳоянд?
- Таркиби калимаи медурахшиданд –ро муайян кунед.
- Чӣ гуна обро оби зулол мегӯянд?
- Дар бораи Темурмалик боз чӣ медонед?

















