Ибтидои достони «Тоҷу давлат»

Баҳор омад, Баҳоре чун аруси бениёз омад,
Басо бо нозу нуз омад, Басо гарданафроз омад.
Чу зебое, ки донистаст зебо будани худро,
Назар дар осмон, мағрур, Одамшинос омад.
Чу мегуянд, худбинандонҳое, ки хушруянд,
Ҳама он гуна нозуктабъ, к-андар як сари муянд.
Каломи талх гую ҳоли зори нозукон бингар,
Ки аз қаҳру ғазаб ҳарфе, намеёбанд, то гуянд.
Сари роҳаш гирифтам, бо забони нештардоре,
Ба ӯ гуфтам: Баҳоро, ин қадар ту карруфар дорӣ?
Чаро бемайл меоӣ, чаро дилсард метобӣ?
Магар танҳо ту зебоӣ, такаббур ин қадар дорӣ?
Гумон дорӣ, фақат аз туст сарсабзии мо,
Ҳазор оҳангу ранги бу, ҳавои нашъаноки мо.
Чунон савлаткунон оӣ, ки гуё чокарат бошем,
Фақат аз туст гуё чашми сери мо, чароғи мо.
Ту ҳар соле ҷавон гар дида аз cap кор cap кардӣ,
Ҳазорон бор аз болои ин кишвар гузар кардӣ.
Вале, эй ҷони ширин, аз ҳисоби ифтихори худ
Чӣ кардӣ, садяки ин хокро андак дигар кардӣ.
Заминеро, ки буд зинда, мусаввар карда мерафтӣ,
Ба cap ин хизмататро монда афсар карда мерафтӣ,
Вале пайваста аз руи заминҳое, ки мемурданд,
Парида мегузаштӣ, Боз бадтар карда мерафтӣ.
Замини зинда кам мешуд, Набуд инро давое ҳеҷ,
Паи хизмат қариб омад наёбӣ ҷову пое ҳеҷ-
Агар се-чор соли дигар Октябр ақиб мемонд,
Баҳоро, метавонистӣ, ба ин кишвар наоӣ ҳеҷ
Макун қаҳру ғазаб, густохии ман санги ноҳақ нест.
Ба эъҷозу ба зебоии ту, ҷонам, ягон шак нест.
Вале бо ман саёҳат кун замини Тоҷикистонро,
Бубин, ки дасти эъҷозу рухи зебот мутлақ нест.
Биё, бин духтаронеро, ки аз ту хубтар ҳастанд,
Туро гар, ки ҳунар бошад, худи онҳо ҳунар ҳастанд.
Ба ҷоят ҳар кадоми он тавонад муддаӣ бошад.
Валекин хоксору соддаву бекарруфар ҳастанд.
Ба он чашмони ҳайронат, Ба он муи парешонат.
Ба он поҳои урёнат, Ба ҳар ангушти дастонат.
Қасам, ки заҳр менӯшам, Агар ки Тоҷикистонам
Қасам, ки мекӯшам худро, Туро мафтун нагардонад.

Аз эҷодиёти Ғаффор Мирзо

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣШеър барои Дуст
БаъдӣФайлҳои барномавӣ ва маълумотӣ