Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар,
Ғарибонро наку дору маёзор!
Саҳар хестам, дари хона кушодам,
Бидидам як ҷавоне хуфта бемор.
Сарашро бар сари зону ниҳодам,
Лабонашро бибӯсидам падарвор.
Бигуфтам: эй ҷавон, асл аз куҷоӣ?
Бигуфто: асли ман аз шаҳри Булғор.
Агар афтад гузорат сӯйи Булғор,
Магӯ аз мурданам зинҳор, зинҳор!…
Бигуфтам: эй ҷавон, орзу чӣ дорӣ?
Бигуфто: як – ду себе баҳри ман ор.
Сабук ҷастам, давидам сӯйи бозор,
Гирифтам чанд себ аз баҳри он ёр.
Ба дил гуфтам: ҷавонро зинда ёбам?
Нидо омад: ҷавон мурдаст, пиндор!…
Давоми матн пас аз блоки реклама
Гариби, шеъри гариби, шеър барои гарибон, гариби куи сахт аст эй бародар.