Заҳирии Самарқандӣ

Захирии СамаркандиМуҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ аз дабирон ва адибони асри XII форс-тоҷик буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии ӯ маълумот хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори Қарохониҳои Самарқанд котибӣ карда, соҳиби девони иншои Рукнуддин Масъуд будааст. Муаллифони тазкираҳо таъкид кардаанд, ки Заҳирии Самарқандӣ дар насри мусаҷҷаъ се китоби бузург таълиф кардааст. Китоби якуми ӯ «Самъ-уз-Заҳир фӣ ҷамъ-из-заҳир» («Гуфтори Заҳир барои маҷлиси хос») ном дошта, зоҳиран дар боби усули давлатдорӣ будааст.

Ин асар то замони мо боқӣ намондааст. Китоби дуюми ӯ-«Ағроз-ус-сиёсат фӣ аърозир-риёсат» («Мақсадҳои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиносӣ дар боби сиёсат ва усули давлатдорӣ буда, аз гуфтори шоҳони асотирӣ- Ҷамшед то шоҳони асри XII Санҷар ибни Маликшоҳ, паҳлавонон, донишмандони эронию араб, юнонӣ ва ғайра фароҳам омадааст. Заҳирии Самарқандӣ дар ин китоб ҳангоми шарҳу тавзеҳи гуфтаҳои гузаштагон аз баъзе воқеаҳои замони худ ёдовар шудааст, ки аҳаммияти таърихӣ доранд. Муҳимтарин асари Заҳирии

Самарқандӣ, ки ӯро дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун насрнавис машҳур кард, “Синдбоднома” мебошад. “Синдбоднома” бо услуби ҳикоят андар ҳикоят таълиф шуда, таърихи хеле қадим дорад. Қадимтарин нусхаи ин асар ба замони Ашкониён (250 то м. – 224 м.) тааллуқ дорад. Аммо сарчашмаи имрӯзаи “Синдбоднома” ривояти паҳлавии асар буда, дар асри 8 аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуда, ба таркиби китоби “Ҳазору як шаб” даромадааст. Дар асри VIII инчунин, матни арабии он ба сурёнӣ ва дар асри XI матни сурёнӣ ба забони юнонӣ ва баъдтар ба забонҳои испанӣ, ибрӣ, арманӣ, гурҷӣ, туркӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, италиявӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ, руминӣ, шведӣ ва ғайра тарҷума шу- дааст. Дар адабиёти форс-тоҷик чанд таҳрири мустақили манзуму мансури “Синдбоднома” вуҷуд дорад. Аввалин таҳрири “Синдбоднома” ба қалами устод Рӯдакӣ тааллуқ дорад, ки то замони мо аз он байтҳои пароканда боқӣ мондааст. Таҳрири дуюм ба адиб ва тарҷумони асри X- Абулфавориси Фанорӯзӣ тааллуқ дорад. Мувофиқи гуфтаи Заҳирии Самарқандӣ, Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Абулфавориси Фанорӯзӣ супориш додааст, ки ӯ китоби “Синдбоднома” – ро аз забони паҳлавӣ ба форсӣ тарҷума кунад.

-Абулфавориси Фанорӯзӣ солҳои 950-951 “Синдбоднома”- ро аз паҳлавӣ ба форси тарҷума кардааст. Матни тарҷумаи Фанорӯзӣ то замони мо нарасидааст. Дар асри XI Азрақии Ҳиравии шоир матни тарҷумаи Фанорӯзиро ба назм даровардааст. Заҳирии Самарқандӣ нимаҳои асри XII матни тарҷумаи Фанорӯзиро аз нав таҳрир кардааст, ки он соли 1948 дар Истанбул (Туркия), соли 1953 дар Теҳрон ва соли 1971 дар Душанбе бо номи «Китоби Ҳаким Синдбод» ба табъ расидааст. Мазмуни мухтасари «Синдбоднома» чунин аст:

-Дар сарзамини Ҳинд Қурдис ном подшоҳи одилу доное буд. Ин подшоҳ аз бефарзандӣ доимо ғам мехӯрд. Аз қазо дар пирсолӣ писаре ёфт. Таълиму тарбияи ин фарзандро ба гардани Синдбоди Ҳаким гузошт. Шоҳзода дар илму дониш рӯз то рӯз комил мегашт ва аз рӯи одат ӯ бояд дар назди дарбориён имтиҳон месупурд. Барои ҳамин устодаш    Синдбод пеши офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то ҳафт рӯз ҷони шоҳзода дар хатар аст, барои ҳамин аз шоҳзода хоҳиш кард, ки ӯ то ҳафт рӯз бо касе гап назанад ва худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакҳои шоҳ, ки дер боз ошиқу мафтуни ӯ гашта буд, ба назди шоҳзода рафта, арзи дил кард. Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, таъкид намуд, ки баъди ҳафт рӯзи хомӯшӣ ба назди шоҳ рафта, бевафоии канизакро хоҳад гуфт. Канизак аз тарси ҷон роҳи хабаркаширо пеш гирифт. Ӯ ба назди подшоҳ рафта, шоҳзодаро ба хиёнат муттаҳам кард. Подшоҳ аз ин хабар ба хашм омад ва ба қатли шоҳзода фармон дод. Дар ин миён ҳафт вазири донову хирадманди подшоҳ ба ҳимояти шоҳзода бархоста, дар бевафоии занон ва зарари беандешагӣ ҳикоятҳои тамсилӣ меоварданд ва бо ҳамин иҷрои қатли шоҳзодаро вопас мегузоштанд, то ки ҳафт рӯзи наҳс бигузараду шоҳзода бегуноҳии худро исбот кунад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Заҳирии Самарқандӣ мувофиқи завқи бадеии замони худ матни аз паҳлавӣ ба дарӣ гардонидаи Абулфавориси Фанорӯзиро бо сабки маснӯъи пуртакаллуф таҳрир карда, гоҳ- гоҳе дар мавридҳои мувофиқ шеърҳои форсию арабиро ҷой додааст.

Заҳирии Самарқандӣ дар зимни асар ақидаҳои иҷтимоии хешро дар боби усули мамлакатдорӣ, шоҳи маърифатпеша ва давлати обод ифода кардааст, ки ин як навъ дастурест барои шоҳону амирони давру замони ӯ.

Абулқосими Фирдавсӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед