Исмҳои моддӣ ва маънӣ

Исмхои модди ва маъни


Исмҳо, ки номи ашёҳои ҷисмдорро ифода мекунанд, исмҳои моддӣ ном доранд: гандум, гул, қанд, шир, санг, об, тилло, орд, китоб, омӯзгор, деҳқон.

Исмҳои моддиро мо бо ёрии идроки биноӣ, шунавоӣ, ламс (ломиса), бӯй ва маза дарк мекунем.

Исмҳои маънӣ мафҳуму маъхниҳои  сифату хислат, амалу ҳолатро ифода мекунанд: зиндагӣ, хубӣ, далерӣ, бахт, ғаму ғусса, орзу, осоиш, хоҳиш, адлу инсоф, ироада.

Исмҳое, ки мавҷудияти онҳоро танҳо бо ақл дарк мекунекм, исмҳои маънӣ ном доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Машқи 1. Матнро хонед. Исмҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кунед: исмҳое, ки ба чашм дида мешаванд, вазн доранд ва исмҳое, ки бо ақл дарк карда мешаванд.

Маъноҳои гуногуни калима

…Одатан баъзе калимаҳо дар забон фақат як маъно доранд, аммо бисёр калимаҳое ҳастанд, ки ҳар кадомашон на як, балки якчанд маъниро ифода мекунанд. Хусусан, калимаҳои серистеъмол бештар маъно доранд. Масалан, калимаҳое, ки номи узви бадани инсонро ифода мекунанд, ҳамеша дорои чандин маъно мебошанд.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» аз калимаи «чашм» 4 маъно, аз калимаи  «пой» 6 маъно, аз калимаи «сар» 8 маъно, аз калимаи «даст» 9 маъно қайд шудааст. Чаро калимаҳо сермаъно шудаанд? Сабаби ин ҳодиса бисёр аст. Дар давоми сайри таърихии ҷамъиятӣ забон ҳам дигар мешавад ва такмил меёад… Мисоли барҷастаи ин ҳодиса калимаи меҳнат мебошад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи меҳнат чунин эзоҳ шудааст: 1) Мусибат, бало бадбахтӣ. 2) Ранҷ, азобу уқубат, машаққат, заҳмат. Инҳо ҳама маънои пештараи калимаи «меҳнат» буда, пеш аз инқилоб ин калима чунин маъноҳо дошт. Аммо чунон ки мебинем, ҳозир маънои меҳнат тамоман дигар аст. Дар забони ҳозираи тоҷикӣ маънои меҳнат кор ва кори махсусест, чунин фаъолияти инсон аст, ки шиддати фикрию ҷисмониро талаб мекунад ва ба фоидаи ҷамъият нигаронида шудааст.

Муҳаммадҷон Шакурӣ


Луғат:

  • такмил – пурра кардан, мукаммал намудан
  • инқилоб – нооромӣ, дигаргун шудан. Дар матни боло ин калима ба маънии марҳила, давра омадааст.

Савол ва супоришҳо

  1. Ибораҳои меҳнати фикрӣ, меҳнати ҷисмонӣ -ро чӣ гуна фарқ карда метавонед?
  2. Муродифҳои калимаи чашм ва маъноҳои гуногуни онро шарҳ диҳед.
  3. Бо кадом услуб навишта шудани матнро муайян кунед.

Машқи 2. Исмҳои маъниро ҷудо карда нависед ва бо онҳо ҷумла тартиб диҳед.

Нефт (нафт), ҳаво, оксиген, шоҳӣ, некӣ, гандум, семент, духтурӣ, чой, атлас, аналгин, ақл, ангиштсанг, ранг, гил, илм, шир, ҷав, адаб, алаф, карбос, нахӯд, оҳан, дониш, гӯшт, зағир, ҳидроген, зебоӣ, сурб, ҳамсоягӣ, чит, хишт.


Машқи 3. Ин порчаро хонед, исмҳои моддиро аз рӯйи ифодаи маъно  маънидод кунед.

Дарвозаи нав тарошидашударо бо ранги кабуд ранг карда, то ба пеши айвони хона роҳчае дуруст карда ва ба он сангреза рехта буданд. Дар ду тарафи он роҳча ҳар тараф 10 метри мураббаӣ ҷойро дарахтҳои мевадор, камтар замини кишти обчакорӣ ва ниҳоят дар қарибии хона ва айвон –гулзор ишғол карда буд. Вале ҳоло ба ғайр аз кӯрпаи барфи чашмхиракунандаи сафед чизе аз растанӣ наменамуд. Гулзорро аз гулбуттаҳои баргрехта ва якчанд гулҳои хушкшудамонда донистан мумкин буд.

Ҷалол Икромӣ

Луғат мураббаъ – чоркунҷа


Саволу супоришҳо

  1. Калимаи хона исми шахс аст ё ғайришахс? Агар ба он пешванди ҳам- илова кунем, чиро мефаҳмонад?
  2. 2.Панди «Дили одам аз гул нозуку аз санг сахт»-ро шарҳ диҳед.
ҚаблӣИсмҳои шахс ва ғайришахс
БаъдӣИсмҳои кул ва ҷузъ