Ҳайвоноти бисёрҳуҷайра ва пайдоиши онҳо

Хайвоноти бисёрхучайра ва пайдоиши онхо. Типи лавхашаклхо.


Маълумоти палеонтологӣ (илме, ки ҳайвонҳои мурдарафтаро меомӯзад) гувоҳи он мебошанд, ки организмҳои бисёрҳуҷайра 1,5 млрд сол пеш дар рӯйи Замин вуҷуд доштанд. Масъалаи пайдоиши ҳайвоноти бисёрҳуҷайра аз давраҳои қадим диққати олимонро ба худ ҷалб карда буд ва ҳоло ҳам дар атрофи ин муаммо баҳсу мунозираи олимон давом дорад. Ҳаминаш аниқ аст, ки ҳайвоноти  бисёрҳуҷайра аз якҳуҷайраҳо пайдо шудаанд.

Далелаш ин аст, ки инкишофи ҳайвоноти бисёрҳуҷайра низ аз ҳуҷайраҳои танҳо ё аз ҳуҷайраҳои ҷинсии якҷояшуда (тухмҳуҷайраҳо, зигота) оғоз мешавад. Дар инкишофи ҷанини бисёрҳуҷайраҳо якчанд давра мавҷуд буда, онҳо аз ҳуҷайраҳои якхела иборатанд.

Тӯдаи баъзе якҳуҷайраҳо аз ҳуҷайраҳои бисёр иборат аст. Маҳз дар ҳамин гурӯҳҳои ҳуҷайраҳо як нишонаи бисёрҳуҷайраҳои одӣ мавҷуд аст. Масалан, дар тӯдаи волвокс ҳуҷайраҳо ба ду гурӯҳ: ҳуҷайраҳои ҷисмӣ ва ҷинсӣ ҷудо шудаанд. Қамчинакҳои онҳо аз рӯйи тартиби муайян ҳаракат мекунанд.

Расми 11. Мубориза барои ҳаёт

Муаммои дигари пайдоиши ҳайвонҳои бисёрҳуҷайра чӣ тавр ба вуҷуд омадани қабатҳои дохилии танаи ин ҳайвонҳо мебошад. Дар ин масъала якчанд ақида вуҷуд дорад. Олими олмонӣ Э. Геккел мегӯяд, ки қисми дарунии ин ҳайвонҳо чунин пайдо шудааст: дар организми курашакл, ки он пуфакмонанд будааст, як тараф ба дарун фурӯ рафта, якбора организми дуқабата (организми гаструламонанд) ва ковокии рӯда пайдо шудааст. Ковокии рӯда вазифаи ҳозимаро ба худ гирифтааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Олими рус И. Мечников бошад, дар бораи аз организми курашакли якқабата пайдо шудани организми дуқабата ва ковокии рӯдаи он дигар хел ақида дорад:

  1. Ҳуҷайраҳои алоҳидаи бластулла (организми курашакл) хӯрокро дошта гирифта, ба даруни тӯда рафта, онро ҳазм мекунанд.
  2. Дар вақти ҳаракати ҳуҷайраҳо дар бластулла тақсимоти вазифа мушоҳида карда мешавад.
  3. Ҳуҷайраҳои якхела, агар дар рӯйи бадан ҷойгир бошанд, як хел вазифа, вале агар ба даруни тӯда раванд, дигар хел вазифаро иҷро мекунанд.
  4. Дар мубориза барои ҳаёт ҳамон наслҳое зинда монданд, ки тақсимоти вазифа дар байни ҳуҷайраҳои онҳо нағз ба роҳ монда шуда буд.
  5. Як гурӯҳ ҳуҷайраҳо доимӣ дар болои бадан монда, онҳо робитаи организмро бо муҳит (ҳаракат, муҳофизат) таъмин мекарданд. Дигар ҳуҷайраҳо дар даруни бадан монда, хӯрокро ҳазм менамуданд. Ин ҳуҷайраҳоро И.Мечников паренхимулла ё фаготситела (ҳуҷайраҳои ҳазмкунанда) номид. Аз паренхимулла ҳайвони дуқабатаи ковокии рӯдадошта, организми гаструламонанд пайдо шудааст.

Пайдоиши ковокӣ барои ин қабил организмҳо зарур буд, чунки он ҷойи захира кардани хӯрок аст. Ин ковокӣ дар натиҷаи тадриҷан ҷудошавии ҳуҷайраҳои фаготситобласт пайдо шудааст. Ковокӣ дар ибтидо хурд буд, аммо ҳаҷмаш торафт калон шуд, чунки ҳайвонҳое, ки ковокии рӯдаашон калон буд, метавонистанд туъмаи калонро фурӯ баранд.

Организми гаструлашакл нисбат ба паренхимулла мураккабтар ва фаъолтар буд. Баъдтар дар он ҳуҷайраҳои одии асаб ва торҳои мушак пайдо шудаанд. Ҳамин тариқ, ин далелҳо гувоҳи онанд, ки гузаштагони организмҳои бисёрҳуҷайра содатаринҳои тӯдагии курашакл будаанд ва эҳтимол ба синфи қамчинакдорон дохил мешуданд.

Типи лавҳашаклҳо

Ба бисёрҳуҷайраҳои дараҷаи паст лавҳашаклҳо ва исфанҷҳо дохил мешаванд. Лавҳашаклҳо аз ҳама бисёрҳуҷайраҳои одӣ мебошанд. Танаи онҳо ҳамвор буда, 3-4 мм андоза доранд. Дар баҳрҳо ба таври хазидан ҳаракат мекунанд. Намояндаи тип трихоплакс буда, шакли баданаш дар вақти ҳаракат тағйир меёбад

Тарзи ҳаётгузаронии ҳайвонҳои якҳуҷайра


Хайвоноти бисёрхучайра ва пайдоиши онхо Типи лавхашаклхо

ҚаблӣКомпютер
БаъдӣТипи Исфанҷҳо

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед