Типи Исфанҷҳо

Чӣ тавре қайд карда шуд, исфанҷҳо дар байни ҳайвонҳои бисёрҳуҷайра яке аз одитаринҳоянд. Зоологҳо тахмин мекунанд, ки исфанҷҳо аз қамчинакдорони тӯдагӣ (колониявӣ) пайдо шудаанд. Дар замони ҳозира 7000 намуди исфанҷҳо дар дунё маълум аст. Ин тип 3 синф дорад: исфанҷҳои оҳакин, шишагӣ ва муқаррарӣ. Номи синфҳо ба моддаи таркиби скелеташон вобастагӣ дорад. Аксарияти исфанҷҳо дар зери обҳои баҳр ба ягон ашё часпида, беҳаракат зиндагонӣ мекунанд, як миқдори хеле камашон дар обҳои ширин вомехӯранд. Дар дарёҳои Тоҷикистон исфанҷи бадяга дида мешавад. Исфанҷҳо дар бисёр маврид тӯдаро ҳосил мекунанд. Узв ва бофтаҳои ҳақиқӣ надоранд. Скелеташон аз моддаҳои органикӣ ё минералӣ ташкил ёфтааст. Шакли баданашон ниҳоят гуногун аст: ҷомшакл, халташакл, занбӯруғшакл, табақшакл ва ғайраҳо (расм).

Исфанҷҳои баҳрӣ ва обҳои ширин
Исфанҷҳои баҳрӣ ва обҳои ширин

Тамоми бадани исфанҷҳо ба монанди элак сӯрох буда, тавассути ин сӯрохиҳо  обе, ки дар он оксиген ҳал шудааст ва инчунин организмҳои майда ба дохили бадани исфанҷ ворид  шуда, ҳамчун манбаи ғизо истифода мешаванд. Об тавассути пеши бадан, ки онро даҳана меноманд, аз дохили исфанҷ ба берун мебарояд. Бадани исфанҷҳо аз ду қабат эктодерма ё қабати беруна ва эндодерма ё қабати дарунӣ ташкил ёфтааст. Қабати эндодерма аз ҳуҷайраҳои қамчинакдор ташкил ёфта, онҳо хӯрокро дошта гирифта, дар дохилашон ҳазм мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар ҳамин қабати дохилӣ ҳуҷайраҳои амёбашакли ҳаракатнок мавҷуданд, ки онҳо ҳангоми дошта гирифтани хӯрок ва ҳазм кардани он иштирок мекунанд. Ҳамин тариқ, дар исфанҷҳо ҳазми хӯрок дохилиҳуҷайрагӣ буда, то ҳоло системаи ҳозима ташкил наёфтааст. Дар байни ин ду қабати дохилӣ ва берунӣ як моддаи мулоим мезоглея ҳаст. Дар он ҷо ҳуҷайраҳои парокандаи вазифаҳои гуногундошта: амёбашакл – ҳозима, гаметаҳои (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ) болиғ ва ноболиғ, ҳуҷайраҳои скелетҳосилкунанда мавҷуданд.

Исфанҷҳо бо роҳи ғайриҷинсӣ (муғҷапайдокунӣ) ва ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Дар исфанҷҳо қобилияти баланди эҳёшавӣ (регенератсия) вуҷуд дорад. Агар исф анҷро майда кар да, аз элак гузаронед, вале ҳамон шароити муҳити зистро таъ мин кунед, бадани худро аз сари нав ба рқа рор мекунад.

Исфанҷҳо дар табиат барои тоза кардани об нақши муҳим мебозанд. Онҳоро биофилтрҳо низ меноманд. Исфанҷҳо хӯроки ситораҳои баҳрӣ ва баъзе моҳиҳо мебошанд. Баъзе намудҳои онҳоро аз давраҳои қадим барои зарфшӯйӣ истифода мебаранд. Бадягаро дар тибби халқӣ барои муолиҷаи касалии тарбод (ревматизм) истифода мебаранд. Ғайр аз ин, аз баъзе намудҳои дигари исфанҷҳо анҷомҳои оройишӣ тайёр мекунанд. Исфанҷҳо рангорангу зебо буда, дар зери баҳр як манзараи аҷиберо ба вуҷуд меоранд.

Оё медонед? Исфанҷи якка дар як шабонарӯз 20 литр, тӯдаи онҳо бошад, то 1500 литр обро меполоянд. Бадягаи хушконида ва ордкардашударо дар тиб барои муолиҷаи тарбод, латхӯрӣ, доғи кабуд истифода мебаранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муҳофизати олами ҳайвонот

Типи Исфанчхо бо забони точики реферат

ҚаблӣҲайвоноти бисёрҳуҷайра ва пайдоиши онҳо
БаъдӣТипи Рудаковокҳо