Хурокхо аз шир ва махсулоти шири.
Аз шир ва маҳсулоти ширӣ хӯрокҳои зиёд тайёр карда мешаванд. Аз онҳо хӯрокҳои якум – ширшавла, ширатола, ширӯмоч, ширугро, ширтуппа ва хӯрокҳои макаронии суюқи ширдор, ширшавлаи кадудор ва ғайра тайёр мекунанд.
Хӯрокҳои дуюми гарм – ширбиринҷ, шавла аз намудҳои гуногуни ярма, запеканка, панирча, чалпакча, қаймоқ, пирог, беляширо аз шир бе хамирмоя ё бо хамирмоя (хамирашро бо ҷурғот ё бо шир ва маҳсулоти ширӣ шӯрида) тайёр мекунанд.
Аз шир хӯрокҳои десертӣ – фирни, крем, коктейл, яхмос, қайлаҳо низ тайёр мекунанд.
Барои аз маҳсулоти ширӣ тайёр кардани хӯрокҳо чунин асбобу таҷҳизот ва зарфҳо лозиманд: дегчаи сирдор, тоба, гӯштқимакунак, ҳар хел тахтачаҳо, ширполо, элак, белчаҳо, лаганди тафдон, ширпазак, қифи тӯрдор ва ғайра.

Аз масолеҳи ширдор ва шир хӯрокҳои сард ва гарм тайёр мекунанд.
Хӯрокҳои сард – творог бо шир, қаймоқ бо шакар, массаи творогин, панири творогдор.
Хӯрокҳои гарм – панирчаи творогдор, запеканка, фирини, тушбераи творогӣ ва ғайраҳо.
Барои тайёр кардани ин хӯрокҳои гарм ба твороги тайёркарда (яъне коркарди якуми творогро иҷро кардан) тухм, шакар, ванилин ҳамроҳ карда, онро нағз меомезем. Он вақт массаи (масолеҳи) творогин ҳосил мешавад.
Барои тайёр кардани масолеҳи творогӣ онро ба халтача ё ба дока гузоред. Барои он ки обаш шорад, ба болои он тахтачаро бо бораш гузоред. Баъди обаш рафтан онро аз гӯштқимакунак гузаронед ё дар элак соиш диҳед.
Пеш аз пухтани хӯрок ба қоидаҳо ва шартҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатарии кор риоя кардан лозим аст.
Савол ва супориш
- Творогро аз кадом маҳсулот тайёр мекунанд?
- Барои тайёр кардани массаи (масолеҳи) творогин кадом таҷҳизотро истифода мебаранд?
- Массаи творогинро мувофиқи қоидаҳои зикршуда тайёр карда, ба сифати он баҳо диҳед?



















