Дарахт, Бутта, Нимбутта

Рустаниҳо бо рангу таровати хосса ва шакли поя, барг, гулу мева, давомнокии ҳаёт ва дигар хусусиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ доранд.

Аммо рустаниҳои гулдор аз якдигар ҳар қадар фарқ дошта бошанд ҳам, ҳар кадоми онҳоро ба яке аз се гурӯҳ: гиёҳ, бутта ва дарахт дохил кардан мумкин аст. Дарахт рустании калон буда, танаи чӯбшудаи бисёрсола дорад. Ҳамаи дарахтон пояи асосии чӯбшуда – тана доранд. Шохаҳои бешумори дар он ҷойгиршуда чатри (пайкари) дарахтро (10)  ба   вуҷуд меоранд.

Шумо зардолу, чормағз, тут, себ, булут, фарк ва чинорро медонед. Дарахтони ҳақиқатан азим- ҷусса ҳам мавҷуданд, масалан, дарахти нормушк (эвкалипт) (10) беш аз 100 м қад мекашад.

Бутта аз дарахт бо он фарқ мекунад, ки пояи асосӣ надорад ва танаи он аз бехаш шоха меронад ва онро аз шохаҳо фарқ кардан душвор аст. Бинобар ин бутта на як, балки якчанд танаи алоҳида дорад, (10) ки онҳо аз бехаш мерӯянд.  Буттаҳо хеле маъмуланд: зирк, настаран, қот, ёс, мушол, марҷонбутта, норван ва ғайраҳо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нимбуттаҳо ҳам мисли буттаҳо пояи асосӣ надоранд ва танҳо қисми поёнии пояҳои онҳо бисёрсола мебошанд. Қисми болоиашон бошад, яксола буда, он ҳар сол мемирад. Намояндагони ин қабил рустаниҳо бештар дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбон мерӯянд (явшон, астрагал ва дигарҳо).

Буттаҳое, ки то як метр қад мекашанд, буттачаҳо номида мешаванд.

Гиёҳ ё худ алафҳо одатан пояи сабзи сероб доранд. Онҳо нисбат ба буттаву дарахт хеле пасттаранд. Аммо гиёҳи муз (банан) то 7 м баланд мешавад. Гиёҳҳои бисёр майда низ мавҷуданд. Дар сатҳи оби обанборҳо наскобӣ ё обсабзак (ряска) ном гиёҳе месабзад, ки ҳамагӣ (11) якчанд миллиметр дарозӣ дорад.

Гиёҳҳои худрӯйи момогул, бобуна, чашми гӯсола (осмонгулак), газна (тавланг), мушхор ва қоқу бештар маъмуланд. Рустаниҳои кишта – гандум, ҷавдор, офтобпараст, лаблабуи қанд, зағир ва боқило ҳам  гиёҳанд.

Ҳамин тавр, буттаву дарахтон рустаниҳои бисёрсола мебошанд.

Рӯйхати мавзӯҳои дарсӣ аз фанни ботаника <<


Дарахт, Бутта, Нимбутта, растанихои гулдор ба чанд гурух чудо мешаванд? Гиёх чист?, буттачахо кадомхоянд, буттача чист? Алаф чист?, маълумот дар бораи обсабз, намудхои растани, ботаника бо забони точики.

ҚаблӣДавомнокии ҳаёти рустаниҳо/растаниҳо
БаъдӣШиносоӣ бо асбобҳои калоннишондиҳанда