Ислоҳоти динии Эхнатон

Ислохоти динии Эхнатон.


(Солҳои 1424 – 1388 п.а.м.) Эхнатон дар Мисри шоҳии нав солҳои 1424 –1388 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст.

Маълум аст, ки дар замони сулолаи XVIII обрӯй ва эътибори фиръавнҳо паст шудан мегирад. Инро ба назар гирифта, Аменхотепи IV ислоҳоти калони диниро ба амал баровард. Мақсади асосии ин ислоҳот барҳам задани анъанаи бисёрхудоии мисриён ва мустаҳкам кардани ҳокимияти фиръавнҳо буд.

Ҷангҳои истилогаронаи фиръавнҳои сулолаи XVIII танҳо гурӯҳи хурди дарбориёни Фиви ва пеш аз ҳама, коҳинони Амонхудоро сарватманд намуданд. Ислоҳоти динӣ маҳз ба муқобили ҳукмронии коҳинони бойшудаи Фиви ҳам равона карда шуда буд.

Баъди ба тахти фиръавнӣ нишастан Аменхотепи IV парастиши Амонхудо манъ карда, ба Раъ ибодат карданро амр намуд. Аменхотепи IV баъд дар Фиви ба сохтани ибодатгоҳи Худои қадимаи мисриён – Раъ шурӯъ кард. Ӯ тамоми худоёни мисриёнро рад намуда, пайравони онҳоро таъқиб намуд. Худои офтобӣ – Раъ номи “Атон”-ро гирифт. Аз номи Атон Аменхотепи IV ба худ номи “Эхнатон”-ро мегирад. Маънии “Эхнатон” ( шуълаи Атон ) мебошад. Дар як вақт Эхнатон робитаи худро аз коҳинони Миср пурра канда, шаҳри Гелиополро тарк намуд ва барои худ дар наздикии Ал-Амари имрӯза пойтахти нав сохт. Он дар мобайни кӯҳҳои харсангӣ воқеъ гардида буд. Эхнатон ба ин шаҳр номи “Ахеатон”, яъне ( уфуқи Атон )-ро дод.

Ҳамин тариқ Эхнатон дар Мисри шоҳии нав яккахудоиро ҷорӣ намуд.

Нокомии ислоҳоти динии Эхнатон

Ислоҳоти динии Эхнатон натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ӯ муяссар нашуд, ки иқтидори коҳинони Фивиро заиф гардонад. Ворисони Эхнатон натиҷаҳои ислоҳоти ӯро ҳифз карда натавонистанд. Фиръавн Тутанхамон маҷбур шуд, ки даъвои коҳинони Фивиро дар бораи аз нав барқарор кардани парастиши Амонхудо иҷро намояд. Ӯ дар асоси номи Амонхудо худро Тутанхамон номид.

Расми 50. Тобути фиръавн Тутанхамон
Расми 50. Тобути фиръавн Тутанхамон

Соли 1922 бостоншиносон мақбараи фиръавн Тутанхамонро дар водии мақбараҳои шоҳон, ки дар наздикии Фиви воқеъ аст, кушоданд. Тутанхамон, ки дар айёми ҷавонӣ аз олам чашм пӯшидааст, мумиё карда шуда, дар тобути қиматбаҳо хобида буд. Ба ашёи нодири аз ин мақбара ёфташуда на вақт таъсир кардааст ва на дасти ғоратгаре расидааст. Бозёфтҳои мазкур дар бораи муросокории фиръавни ҷавон шаҳодат медиҳанд. Ӯ дар масъалаи дин пурра ба зери таъсири коҳинони Фиви афтида будааст. Барои ҳамин, дар пояи тахти шоҳии худ Амонхудоро тасвир намуда, бо ҳамин ҷонибдори ислоҳоти Эхнатон будани худро тасдиқ мекунад. Вале катибаҳое, ки аз ибодатгоҳи калони Амони, воқеъ дар Фиви ёфта шудаанд, муқобили ислоҳоти динии Эхнатон будани Тутанхамонро исбот мекунанд.

Тутанхамон мартабаи худоҳо Амон ва Птарро пурра аз нав барқарор кардааст. Дар катиба дар ҳаққи фиръавни мулҳид Эхнатон суханҳои зиёди танқидӣ мавҷуданд. Тутанхамон бо ифтихор иброз медорад, ки дар Миср мақому мартабаи худоҳо Амон ва Птарро аз нав барқарор карда тавонистааст.


Мавзӯи пурра >> Шоҳигарии нави Миср

ҚаблӣМиср дар аҳди Аменхотепи III
БаъдӣМиср дар аҳди Хоремхеб