Моҳият ва самтҳои навгониҳо (инноватсонӣ)

Дар навбати аввал моҳияти мафҳумҳои «системаи педагогӣ» ва «навгониҳо дар системаи педагогӣ» -ро муайян менамоем.

Чӣ тавре ки маълум аст, раванди педагогӣ дар системаи ҷараёни педагогӣ амалӣ мегардад. Системаи педагогӣ (СП) – аз унсурҳои муттаҳидшуда иборат мебошад, ки ҳангоми таъғйир ёфтани системаи унсурҳо пойдор боқӣ мемонанд. Агар таъғиротҳо (навгониҳо) аз ҳадди муқарраргардида зиёдтар бошад (имконияти боқӣ мемонад устуворӣ), система хароб мегардад ва ба чои он системаи нав ба вуҷуд меояд, ки барои ӯ хусусиятҳои дигар хос аст. Дар бораи системаи педа­гогии ин навгониҳо В.И. Беспалько чунин навиштааст: «Сис­темаи педагогӣ аз унсурҳои ниҳоят пойдор ва мустаҳками муттаҳид шуда иборат аст. Сохти ҳар як системаи педагогӣ (антиқӣ ё асримиёнагӣ, буржуазӣ ё сотсиалистӣ) дар замони муосир аз маҷмӯи чунин унсурҳои баҳам алоқаманд иборатанд:

  1. талабагон;
  2. мақсади тарбия (умумӣ ва алоҳидагӣ);
  3. мазмуни тарбия;
  4. рафти тарбия (дар маҷмӯъ тарбия ва таълим);
  5. муаллимон (ё воситаҳои техникии таълим ВТТ);
  6. шаклҳои ташкили кори тарбиявӣ»

Ҳар як унсури ин системаро метавон бо тарзҳои дигар тақсим кард, ки соҳиби унсурҳои дигар бошад.

Аз ин ру, асосе ҳаст, ки сохти системаи мазкурро нопурра ҳисоб кунем. Чунки унсурҳои муҳимтарине, ки онҳоро дар бар нагирифтаанд, то ки СП ба ин қисмҳои ҷудо кардашуда дохил карда «натиҷа», «идоракунии раванди таълим», «тарбия», «тех­нология» мебошанд. (Нигаред ба нақшаи 4-ум, ки дар шакли модели СП- тасвир карда шудааст). Мақсад ва натиҷа бояд ба ҳам мувофиқат кунад, вагарна силсилаи сарбаста ба вуҷуд меорад. Аз ин ру, пурра бо ҳам мувофиқат кардани мақсад ва натиҷа ҳамчун меъёри боварибахши самаранокии ҷараёни педагогӣ хизмат мекунад. Идоракунӣ, ки ҳамаи унсурҳои СП-ро муттаҳид менамояд, нисбатан унсуру мустақил ҳисоб мешавад. Чунки ӯ мақсад ва сохти худро доранд.

Модели системаи педагогӣ

Модели системаи педагогӣ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Технолог танҳо ба далелҳои маълум дар таҷриба санҷида шуда ва асоснок кардашудае, ки ин далелҳо ҳеҷ гуна шубҳаро ба вуҷуд намеоварад, такя мекунад.

Технолог озмоиш намегузаронад, ӯ ба натиҷаҳои аниқ пешгуӣ кардашуда сару кор дорад. Технология ба вариантнокӣ роҳ на медиҳад. Таъиноти асосии ӯ натиҷаи кафолатнок ба даст овардан аст. Он ҳамеша дар ҳалли масъалаҳои марказии худ оддиякак мебошад. Дарк намудани ҳалли масъалаҳои марказӣ мохияти дигари масъалаҳоро кушода медиҳад. Хусусан он масъалаҳоеро, ки аз унсурҳои бо ҳам алоқаманд дар система ҷой дода шудаанд Чунки аз технология ягон чизро партофтан мумкин нест, дар он 40 ягон чизи зиёдатӣ нест ва буда ҳам наметавонад. Каме ҳам дигар кардан, иваз намудани принсип ва усулҳои кор нишонаи вуҷуд надоштани технология мебошад Бо тарзи оптималии алгоритмӣ ба мақсади гузошташуда ноил гаштан мумкин нест. Инчунин бе пайдарҳамии алоқаи узвии технологӣ, вобаста ба вазъияти реалии фармоиши иҷтимоӣ ва заминаҳои моддӣ- техникӣ ва ғайраҳо эътибор надодан ба чизе комёб шудан мумкин нест. Чунки ҳамаи ин унсурҳо бо ҳам алоқаи ногусастанӣ дорад.

Ин монанди он аст, ки агар ду муаллим аз руи реҷаи ҷустуҷуӣ кори тадқиқот баранд бо ҳамин номуайянии ҳаёти кӯдакро дар мактаб пурқувват менамоянд.

Бояд эътироф намуд, ки маҳаки асосии система ин натиҷа мебошад. Барои ҳамин ҳам агар мо як унсури системаро тайғир диҳем, натиҷа ҳам тайғир меёбад. Агар тайғир наёбад ин сис­тема нест. Чунки агар дар система ягон унсур тағийр дода шавад, ҳатман натиҷа ҳам тағийр меёбад. Аз он сабаб ки пайванди асл халалдор мегардад, алоқаи байни қисмҳои система аз якдигар канда мешавад. Пайванди механики ё тасоддуфӣ бошад, натиҷаи дар назардоштаро халалдор менамояд.

Бинобар ин ҳангоми ба система таъйғирот дохил намудан инро дурустар, аз ҳар ҷиҳат санҷида ба хулосаи боваринок омадан зарур аст, ки аз ин тайғирдиҳӣ натиҷа беҳтар мешавад, ё бадтар? Агар бадтар шавад, магар онро пешгуӣ кардан мумкин набуд. Агар пешгуӣ кардан мумкин набошад, он система систе­маи комил ва илмӣ нест.

Пас саволе ба миён меояд, ки чи беҳтар аст? тағйир додан ё такмил додан? Албатта, такмил додан беҳтар аст. Чунки натиҷаи баланди самаранокии кори таълиму тарбия ба систе­маи педагогӣ вобаста аст.

Барои ҳамин ҳам В.П. Беспалко таъкид менамояд, ки ҳар як раванди дидактики барои таъмин намудани сифати ташаккули дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон дар вақти пешбинишуда соҳиби принсип ва имкониятҳои махсус мебошад. Ин чу­нин маънӣ дорад, ки агар мо хоҳем, ки ба натиҷаи таълиму тар­бияи барои ин ва ё он зина ва ё сифат пешбинишуда ноил гардем, бояд дар бораи он системаи педагогие фикру андеша кунем, ки ба талаби ин ё он зина ва ё сифат мувофиқ бошад, яъне чунин системае, ки амал кардани он самаранокии ҷараёни педа­гогиро таъмин карда тавонад. Пас, ҳамин тавр бошад, самара­нокии баланди ҷараёни таълиму тарбия ҳамеша натиҷаи такмил додани системаи педагогӣ мебошад.

Саволе ба миён меояд, ки то кадом андоза самаранокии сис­тема метавонад тағйир ёбад? То кадом андоза натиҷаи система ба тарафи беҳбудӣ, ё баръакс майл карда метавонад. Агар мо ба ин саволҳо ҷавоб пайдо кунем, дар бораи имкониятҳои ниҳонии системаи педагогӣ ҳам ҷавоб пайдо карда метавонем. Инчунин дар бораи он, ки ин гуна азнавсозии системаи педагогӣ ба он қувва маблағе, ки мо сарф мекунем, ҷавобгуй ҳаст ё не? Яъне ҳарчи он қувва маблағи сарф шударо пушонда метавонад ё не?

Чӣ тавре мушоҳида мекунем, ин проблемаи ниҳоят мураккаб мебошад. Ба кор карда баромадани он илми ҷаҳонӣ навакак машғул шуда истодааст. Бинобар ин аз ҳар ҷиҳат ҳам дар бораи самаранокӣ ва ҳам иқтисодии он ҳукм кардан ҳоло барвақт аст. Вале афкори умум метавонад моро аз ин муаммоҳо озод намояд. Пас. умед ба афкори умум аст.

Як чизи дигарро ҳам ба ҳисоб гирифтан лозим аст, ки натиҷа ба фаъолияти ҳар ду тараф муаллим ва талаба вобаста аст яке 50- фоиз ба муаллим ва 50-фоиз ба талаба. Ё худ агар система пурра амал кунаду муаллим не, натиҷа бояд аз 50-фоиз кам набошад.

Аз ҳамаи ин муаммоҳо чӣ хулоса бармеояд. Муаллим ҳеҷ гоҳ аз ҳалли муаммоҳои пайдошуда истодагӣ баромада наметавонад агар ӯ ба ҷустуҷу ба кори эҷодӣ ва навоварӣ (навгонӣ) машғул нашавад.

Моҳият, максад ва раванди инноватсионӣ (навгонӣ) ҳам аз ҳамин иборат аст. Чунки имконияти системаи педагогии педаго­гикаи анъанавии амал кардаистода аз 60 фоиз зиёд нест. Дар чунин вазъият мактаб имконият дорад, ки танҳо 54- аз ним зиёди хонандагон то андозае аз худ намудани ҳаҷми барномаи таълимиро таъмин намояд.

Биёед ба корҳои илмӣ – тадқиқоти ру меоварем. Дар ҳар як кори тадқиқоти тавсия карда мешавад, ки агар мо ин тавр амал кунем самаранокии таълим ин қадар меафзояд. Дар ин 40 ҳама вакт кӯшиши бе асос зиёд карда нишон додани самаранокӣ ба назар мерасад. Ҳол он ки садҳо омилҳои дигар вуҷуд доранд, ки агар онҳо ба назарӣ эътибор гирифта нашаванд, самаранокии методикаи пешниҳод карда шуда луч мебарояд. Агар ҳамин тавр намебуд, хар як тадқиқотчӣ самаранокии тарзи тавсия кардани худро аз тарзи анъанавӣ на камтар аз 5-10 фоиз нишон медиҳад. Агар ҳамин тавр бошад, самаранокӣ кайҳо ба  1000% мерасид. Шояд ин ба ягон паҳлуи кор каме кумак расонад, на ба тамоми пахлуҳои кор. Барои ҳамин ҳам пешрафти глобалӣ ба назар намерасад. Дар асоси ба хамон пахлуҳои системаи педагогӣ алоқаманд будани ҷараёни инноватсионӣ як фоизи муайяни на чандон чашмрас ба даст даровардан мумкин аст. Душвории кори педагогӣ ҳам аз ҳамин иборат мебошад. Дар хоҷагии қишлоқ натиҷаҳо ҳамеша чашмрас аст. Гарчи дар ин ҷо ҳам баъзе омилҳо мавҷуданд, ки натиҷаи чашмдошт шударо пурра ба даст овардан душвор мегардонад. (Талаб ба гармӣ, талаб ба нармӣ, талаб ба рушноӣ, талаб ба об, ба ғизо ва ғайра ва ҳалли онҳо яъне таъмини онҳо дар давраи зарурӣ). Вале бо вуҷуди ин натиҷа чашмрас аст. Инро дар кори педагогӣ мушоҳида кардан мумкин нест. Танҳо дар натиҷаи ҷараёни инноватсиониро бо тамоми системаи педагогӣ ҷамъбаст намудан натиҷае ба даст даровардан мумкин аст.

Боз як масъалаи ниҳоят муҳими дигаре мавҷуд аст. Аз на­зарияи умумии система маълум аст, ки ҳеҷ гоҳ системаро аз руи якчанд предметҳо (паҳлуҳо ё худ равияҳо) беҳтар кардан мум­кин нест. Ин гуна амал ба нобаробарии кор бурда мерасонад. Маълум аст, ки тағйироти як паҳлу ба меъёри дигар, (ё мақоми дигар паҳлу хоҳ нохоҳ таъсир мерасонад. Бинобар ин коре бояд кард, ки таъсирот ба паҳлуи дигар ҷиддӣ набошад ва онро ба осонӣ ислоҳ кардан мумкин бошад. Бинобар ин ба нуқтаи назари ба таври васеъ тағйир додани тамоми системаи педагогӣ ди­гар хел назар кардан лозим.

Бинобар ин ҳар як навигариро оҳиста-оҳиста, дурустараш зина ба зина ҷорӣ намуда ба дурустии он, ки бовари ҳосил шуд, боз як бори дигар онро ҳаматарафа санҷида баромада, баъд дар бораи қадамҳои оянда бояд фикр кард. Пас, ин кор мехнатӣ ҷиддӣ, сабру токат талаб менамояд. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҷорӣ намудани инноватсия ҳаматарафа фикр кардан лозим (ҳам душвориҳо, ҳам нобарориҳо ва ҳам натиҷабардориҳоро). Аз па­си кори осон давидан лозим нест.

Инноватсия бояд як тартиб дошта бошад. Инноватсияи бе- тартиб зарарнок мебошад. Ба тахаюлоти руякӣ, оддӣ тез ба даст меомадагӣ умед бастан лозим нест. Чунки бе ҳамин ҳам системаи педагогӣ ноустувор аст ва онро хароб намудан натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Бояд эътироф намуд, ки дар педагогикаи замони ҳозира консепсияи илмии пойдор, устувор, асосноқ пухта, бунёдӣ (татқиқотҳои бунёдӣ) фундаменталӣ, на­зарияи педагогие, ки маълумотро аз ҳолати ҳозира озод карда тавонад, вуҷуд надорад. Маҳз мавҷуд набудани акидаҳои фундаменталӣ ва ҳамин гуна консепсия боиси ҷустуҷуи хараҷу мараҷ бесару сомонӣ, бетартибӣ, бесару нуги инноватсионӣ бурда мерасонад. Ҳар як мактаб худаш мустакилона ҳаракат карда истодааст, ки худро аз ин вазъият озод намояд. Ҳар кӣ ҳар хел даъво мекунад. Гуманикунонӣ, гуманитаркунонӣ ва ғайраҳо. Аз ҳад зиёд ба инноватсия додан боиси ба вуҷуд омадани ақидаи «фарзанди Шумо ба талаби мактаб мувофиқ нест» ба вуҷуд омада истодааст. Ҳамаи ин ба муносибати бепарвоёна нисбат ба бачагон (хонандагон) оварда расонида истодааст. Хусусан бо он бачагоне, ки бо онҳо кор кардан душвортар аст, сарфи қувваи иловагӣ талаб мекунад, ки мо онҳоро пештар душвортарбия меномидем. Дар ҳолате ки муаллимони калонсоли мо нисбат ба онҳо хеле ғамхорона ва эҳтиёткорона рафтор менамуданд. Масъалаи дигар ин ҳаҷми бори ҳаррӯзаи таълимӣ мебошад. Маълумотҳо ба чӣ гувоҳӣ медиҳанд. Танҳо 14 фоизи бачагон аз мактаб солим мебароянд. Аммо мо бошем, ба ҷои аз ин вазъият халосӣ ҷустан, адади гимназияҳо ва литсейҳо, барномаҳои муаллифӣ ва методикаҳоро зиёд кардан мегирем.

Дар натиҷа миқдори дарсҳои ҳаррӯза то ба 8-9 соат ва ҳатто аз ин ҳам зиёд мерасад. Баъди дарс хонандагон ба хона дар ҳолати хастагӣ, рангпарида бармегарданд. Ба ҷои фаъо­лияти пурҷушу хуруш дар ҳолати беҳолӣ, дармондагӣ дар болои диван зуд дароз мекашанд. Хусусан дар литсейҳо. Магар мо ҳар як дарси кӯдаконро ғуломи акидаҳои озоди эҷодии худ, ҷустуҷуйҳои эчодии худ намоем?

Ба кӣ даркор ин мактабе, ки аз он хатмкунандагони носолим асабӣ берун меоянд. (Нигаред, маҷаллаи «Народное образова­ние» рақами 5, соли 1997).

Аз ин ру И.П.Подласый таъкид менамояд, ки махсусан ба он даъватхое, ки нав ва оригиналӣ будани ин ё он чизро ба гардани шумо бор карданӣ мешаванд, эҳтиёткор бошад. Агар гуянд, ки ин дар педагогика нав аст, бовар накунед. Ҳамаи ин пештар дар мактабҳо буд, мумкин дигар хелтар. Яъне, пеш аз мо.

Бо ақидаи И.П.Подласый ду роҳи асосии такмил додани системаи педагогӣ мавҷуд аст.

Якум: интенсивӣ-бошиддат, шидатнок сермаҳсул.

Дуюм: экстенсивӣ (ба воситаи вусъати чизе ноил гаштан (мисол майдони зироаткорӣ) на ба воситаи баланд бардоштани ҳосилнокии замин ҳосилро афзун кардан, балки ба дигар роҳ.

Роҳи интенсивӣ, сермаҳсул (бошиддат, шиддатнок (интенсивӣ) инкишофи системаи педагогиро аз ҳисоби захираҳои дохилӣ дар назар дорад.

Роҳи экстенсивӣ бошад, аз ҳисоби истифода бурдани воситаҳои пурқуввати иловагии нав-маблағҳои нав, таҷҳизоти нав, технологияи нав, маблағгузории нав аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ва дигарҳо. Баъзе назариячиёни машҳури илми педагогӣ дар чунин ақидаанд, ки гуё дигар навгонӣ ҷустан кори беҳуда аст. Мо бояд ба қафо назар кунем. Чӣ чизҳои хуб доштем, ки онҳоро фаромуш кардем ва онҳоро аз нав бояд зинда кард. Шояд ин бештар барои мак­таб манфиат оварда тавонад. Яъне дигар карда гуем роҳи якум, рохи интенсивро, (маҳсулнокиро) пеш гирем. Маҳсулнокиро аз ҳисоби захираҳои дохили ҷустуҷу намоем.

Дар мамлакатҳои ғарб бошад, роҳи дуюм экстенсивиро аз ҳисоби истифода бурдани воситаҳои пурқуввати иловагии нав ба монанди маблагҳои нав, таҷҳизоти нав технологияи нав аз нав дида баромадани тақсимоти вақт барои ҳар як намуди фаъолияти таълимӣ, фардикунонӣ ва тафрика дифференсиатсияи кори синфиро интихоб намудаанд, ки бисёр экспертҳои ғарб дар бобати натиҷаи дилхоҳ додани ин корҳо шубҳа доранд.

Гурӯҳи дигари олимон инноватсияро дар интегратсия роҳи якум ва дуюм мебинанд ва онро «инноватсияи интегратсия кардашуда» меноманд, яъне ҳамон унсурҳоеро бояд қабул кард ва ё такмил дод, ки системаи умумии педагогиро беҳтар карда та­вонанд. Гуё дар ин ҳолат инноватсия сохта, бофта буда намета­вонад. Чӣ тавре мебинем ин ҳама ҳоло фарзу эҳтимолҳоянд, на як назарияи асоснок карда шудаи илмӣ.

Пас дар мо кадом чизҳо ҳамеша объекти инноватсионӣ ме- бошанд?

  • барои чӣ тавр баланд бардоштани фаъолияти таълиму тар­бия далелҳо овардан;
  • чӣ тавр ҳаҷми материали таълимии ранқами дарё омӯхта мешудагиро зиёд намудан;
  • чӣ тавр суръати таълимро тезонидан;
  • чӣ тавр сарфи беҳудаи вактро барҳам додан ва ғайраҳо.

Ё худ татбиқ намудани методҳои нисбатан ҳаматарафа санҷидашуда, истифода бурдани шаклҳои фаъоли ҷараёни таълиму тарбиявӣ, истифода бурдани технологияи нави таъли­му тарбия ва дигарҳо мавзуъҳои (проблемавӣ) асосии доимии кор карда баромадани ақидаҳои инноватсионӣ мебошад.

Агар ҳамин тавр бошад, дар ин 40 моҳ ягон чизи навро пайдо карда наметавонем.

Дар ҳолате ки мо бояд дар зери мафҳуми инноватсияи ҳақиқӣ ҳамон ақидаҳоеро эътироф намоем, ки онҳо ба донишҳои нав дар бораи инкишофи инсоният асос ёфта бошанд ва дар ҳалли масъалаҳои педагогӣ он тарзи амалии назариявиро пешниҳод на- мояд, ки пештар истифода карда нашуда буданд, ё худ технологияи амалии аниқе, ки маҳсули (самараи) баланд медода бошанд.

Таҳлили ҳаматарафаи пешниҳодҳои инноватсионӣ аз руи ду нишона «маълум» ё «номаълум» ва «буд» ё «набуд» имконият медиҳад, ки ба инноватсияи умумии педагогӣ инҳо дохил карда шаванд:

  1. Чизи нав не, вале доимо актуалие, ки то андозае ақидаҳои умумӣ ва технологияи амалии оптималӣ гардондани рафти таълиму тарбияро дар назар дошта системаи илмҳои педагогӣ ва амалияи педагогиро дарбар мегирад.
  2. Педагогикаи гуманистӣ бо тамоми чизҳои нишондодҳои назариявӣ ва технологияи амалӣ.
  3. Он тарзҳои ташкилӣ ва идора намудани рафти педагогие, ки ба ақидаҳо ва муносибати нав такя мекунад.
  4. Технологияе, ки ба истифода бурдани ақидаҳои нав ва воси- таҳои ахборотиву коммуникативии оммавӣ асос ёфта бошад.

Равияҳои асоситарини азнавсозии инноватсионӣ дар сис­темаи педагогӣ инҳоянд:

  • Системаи педагогӣ дар маҷмӯъ;
  • Муассисаҳои таълимӣ;
  • Назарияи педагогӣ;
  • Муаллим;
  • Хонандагон
  • Технологияи педагогӣ;
  • Мазмун;
  • Шакл, тарз, метод ва воситаҳо;
  • Идоракунӣ;
  • Мақсад ва натиҷахо;

Дар бораи азнавсозии ҷиддӣ дар ин зерсистемаҳо аз руи моҳият, сифат ва мувофиқи максад будани навгониҳои инноватсионӣ ҳукм кардан мумкин аст.

Таҳлили рафти навгониҳои замони муосир имконият медиҳад, ки зинаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

  • Зинаи паст ба ин он тарзи инноватсия дохил карда шудаанд, ки тағйирот шакли ном ва тавсияҳои (формулировкаҳои) ғайримукаррарӣ пешбинӣ карда шудаанд;
  • Зинаи миёна– тайгир додани шакле, ки ба моҳият дахолат намекунад;
  • Зинаи баланд– система ё худ компонент (паҳлуҳо)-и асосие, ки ба таври ҷиддӣ тағйир дода мешаванд;

Ҳамин тавр, фақат зинаи сеюм қиммати илмӣ ва назариявӣ дорад. Дигар зинаҳо назария ва амалияи педагогиро ба бесару сомони бурда мерасонанд.

Раванди умумии педагогӣ


Мохият ва самтдои навгонихо (инноватсони), Модели системаи педагоги, Рохи экстенсиви

ҚаблӣИнноватсияи педагогӣ
БаъдӣПедагогикаи инноватсионӣ