Категорияхои семантикии ифодахои забони.
Ифодаҳои забонӣ вобаста ба объекти ифодакунандаашон ба гурӯҳ-ҳо ҷудо мешаванд. Гурӯҳҳои мазкурро категорияҳои семантикӣ мено-манд. Категорияҳои семантикии ифодаҳои забон инҳоянд:
- Ҷумлаҳо (гуфтор);
- Ҷузъи ҷумла, ки дар он нақши мустақилро мебозад (истилоҳҳо).
Истилоҳҳо, дар навбати худ, ба истилоҳҳои дескриптивӣ (исти-лоҳе, ки дорои қимат мебошад, яъне ягон чизро ифода кардааст) ва исти-лоҳҳои мантиқӣ (истилоҳе, ки дорои қимат нестанд, яъне ягон чизро ифода намекунанд) тақсим мешаванд. Ба гурӯҳӣ истилоҳоти дескриптивӣ инҳо дохил мешаванд: номи ашё (масалан «Моҳ», «инсон», «ҳуқуқши-нос», «рӯзноманигор»), предикторҳо (аломати нишонаҳо, масалан, «са-фед будан», «ҷинояткор будан» ва ғайраҳо), аломатҳои функсионалӣ (ма-салан, +, «масса», дар ифодаи «модари Сӯҳроб» калимаи «модар» ва мо-нанди инҳо).
Адади истилоҳоти мантиқӣ бисёр аст. Дар забони тоҷикӣ истилоҳҳои асосии мантиқ, инҳоанд: «аст (мебошад)», «ва», «ё», «агар …он гоҳ», «нодуруст аст, ки …(не)», «ҳамаи», «баъзе».
Пеш аз ҳама гуфторҳо ва ҷузъи онҳо, ки дар таркиби гуфторҳо нақ-ши мустақилро мебозанд бояд аз якдигар фарқ кунонида шавад. Гуф-торҳои сода, вобаста аз он ки: ҳукмҳо, саволҳо ё нормаҳоро ифода меку-нанд, се гурӯҳро ташкил медиҳанд. Гуфторҳои мураккаб ҳар яке гуф-торҳои соддаро фаро гирифта метавонанд.
Дар байни ифодаҳое, ки ба ҳайати гуфторҳои сода дохиланд ва дар таркиби онҳо нақши мустақилро мебозанд, одатан, истилоҳҳои дескрип-тивӣ ва мантиқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар мантиқ калимаҳои дорои маънои муайянро истилоҳ меноманд. Маънои калима бошад, маф-ҳумро ташкил медиҳад.
Ба таркиби истилоҳоти дескриптивӣ ифодаҳои зер дохиланд:
- номҳои фардӣ
- номҳои куллӣ;
- аломатҳое, ки хосият ва муносибатҳоро ифода менамоянд (предикаторҳо);
- аломатҳое, ки нишонаҳоро ифода мекунанд;
- аломатҳои функсионалӣ.
Номҳои фардӣ ва куллиро мо пештар шарҳ дода будем.
Ҳамаи он чизе, ки тавассути он ашёву зуҳурот аз якдигар фарқ мегардад, хосият номида мешавад. Масалан, агар мо одамонро муқоиса намоем, маълум мешавад, ки баъзеи онҳо қадбаланд, дигарашон қадпаст ва баъзеашон сиёҳчашм, дигарашон кабудчашм ҳастанд. Дар натиҷаи ба ашёи муайян нисбат додани ягон хосият гуфтори ҳақ ё дурӯғ ҳосил меша-вад.
Муносибатро бояд аз хосият фарқ кард, зеро барои ҳосил намудани гуфтори ҳақ ё дурӯғ аломати ифодакунандаи муносибатро нисбат ба ду, се ва зиёд ашё татбиқ кардан зарур аст. Масалан, агар мо ибораҳои «аз… калонтар аст», «дӯст медорад» ва «чизе дар байни чизҳои дигар ҷойгир шудааст»-ро нисбат ба объектҳои гуногун татбиқ намоем, гуфторҳои зеринро ҳосил кардан мумкин аст:
- «Шаҳри Душанбе аз шаҳри Хуҷанд калонтар аст»;
- «Рустам Таҳминаро дӯст медорад»;
- «Нуқтаи А дар байни нуқтаҳои В ва С ҷойгир шудааст».
Пай бурдан душвор нест, ки ин гуфторҳо муносибатҳои гуно-гунро ифода мекунанд.
Дар мантиқи муосир, баъзан хосиятро аз муносибат фарқ намеку-нанд. Барои он ки хосиятро ба гурӯҳи муносибатҳо нисбат дода, онҳоро муносибати (предикатори) дорои як ҷой ё як қимат низ меноманд. Худи муносибат бошад, бисёрҷоя (ду ҷоя, се ҷоя ва ҳоказо) таъбир мешавад. Аз ин рӯ, хосиятро чун муносибати дорои як ҷой ё як қимат таҳқиқ кар-дан мумкин аст. Масалан, муносибати «аз … калонтар аст» дорои ду ҷой мебошад, зеро барои ҳосил намудани гуфтори ҳақ ё дурӯғ вайро нисбат ба ду чиз татбиқ кардан лозим аст. Муносибати «чизе дар байни чизҳои дигар ҷойгир аст» дорои се ҷой ё қимат мебошад, зеро барои ҳосил на-мудани гуфтори ҳақ ё дурӯғ вайро нисбат ба се чиз татбиқ кардан лозим аст.
Нишона гуфта, вуҷуд доштан ё надоштани ин ё он хосият ё муносибатро нисбат ба ягон ашё меноманд. Масалан, дар гуфтори «Ин қалам сурх аст» нисбат ба қалам хос будани ранги сурх тасдиқ гардидааст. Ибораи «сурх аст» – аломати нишона буда, калимаи «сурх» аломати хо-сият аст. Дар гуфтори «Душанбе аз Хуҷанд калонтар аст» калимаи «ка-лонтар» – аломати нишонаи ҷуфти шаҳрҳо (Душанбе ва Хуҷанд) аст. Мазмуни гуфтори мазкурро дигар хел ҳам ифода кардан мумкин аст: «Душанбе калонтар аст аз Хуҷанд». Дар ин ҷо «калонтар аст аз» (ё «калонтар») – аломати нишона буда, «калонтар аз» – аломати муносибат аст. Баъзан номҳои умумиро аз аломатҳои хосият ва муносибат фарқ кардан ниҳоят душвор аст. Масалан, калимаи «сурх» – ро берун аз ҷум-лаи дахлдор, бо тарзҳои гуногун таъбир намудан мумкин мебошад, зеро вай метавонад хосиятро ифода намояд ё ки метавонад номи умумӣ бо-шад. Одатан, номи умумии чизҳои сурхро бо калимаи «сурх» ифода мекунанд.
Ҳангоми тартиб додани мантиқи предикатҳо хосиятҳо мисли ном-ҳои умумӣ таъбир мешаванд. Муносибатҳои n-ҷоя бошанд, мисли ном-ҳои умумии n-то ашё маънидод мешаванд. Номҳои умумиро дар маънои мазкур, предикаторҳо меноманд.
Аломатҳои функсионалӣ – калима ё аломатҳои махсусанд, ки функсияи ашёиро ифода мекунанд.
Функсия гуфта, чунин вобастагии байни ашёро меноманд, ки тавас- сути он барои объект (як ё якчанд ашё) объекти дигари муайян мувофиқ гузошта мешавад. Ашёи гурӯҳи якумро соҳаи муайяни функсия мено-манд.
Ашёи гурӯҳи дуюм, соҳаи қимати функсия номида мешавад.
Одатан дар мантиқ ду навъи функсия истифода мешавад: ашёӣ ва мантиқӣ. Функсияҳое, ки қиматҳояшонро ашё ташкил медиҳанд, функсияҳои ашёӣ меноманд. Масалан sin, cos, log, +,., масса, ҳаҷм ва ғай-раҳоро функсияҳои ашёӣ мебошанд. Ҳангоми татбиқ намудани аломати функсионалии «масса» ба номи фардӣ «За-мин», ифодаи нави «массаи Замин» ҳосил мешавад, ки ин ифода бузур-гии физикӣ, яъне ашёро ифода мекунад. Айнан ҳамин тавр, агар аломати функсионалии sin ба кунҷӣ 300 татбиқ шавад, адади ½ ҳосил мешавад, ки ин ҳам ашё мебошад. Лекин аломати функсионалии «+» якбора нисбат ба ду чиз (адад), масалан, ададҳои 3 ва 5 татбиқ мешаванд: 3+5=8. Аз ин рӯ, аломати мазкурро аломати бинарӣ (яъне дорои ду ҷой) мено-манд. Ҳамин тариқ, функ-сияҳои ашёӣ аз ашё ашёро ҳосил мекунанд. Ҳамаи функсияҳои риёзӣ функсияҳои ашёӣ мебошанд.
Соҳаи муайянии функсияҳои мантиқиро ашё ташкил дода, соҳаи қимати онҳо ҳукмҳо, гуфторҳое мебошанд, ки дорои қиматҳои «ҳақ» ё «дурӯғ»ҳастанд. Масалан, ҳангоми нисбат ба ашёи муайян татбиқ наму-дани аломатҳои функсионалии «металл», «донишҷӯ», «асари бадеӣ», «ҳиссаи нутқ» ва ғайра гуфторҳое ҳосил мешаванд, ки ҳақ ё дурӯғанд («Мис металл аст», «Карим донишҷӯ мебошад», «Одамкушӣ ҷиноят аст», «Ғуломон» – асари бадеист», «Исм – ҳиссаи нутқ аст»).
Акнун истилоҳоти мантиқиро аз назар мегузаронем. Муҳимтарин истилоҳоти мантиқии забони тоҷикӣ, калима ё гурӯҳи калимаҳои зерин мебошанд: «аст», «мебошад», «ва», «ё», «агар…, он гоҳ…», «не», «на», «ғайри», «нодуруст аст», «ҳар кадом» («ҳеҷ як»), «ҳамаи» («куллӣ»), «баъзе», «ҳамон…» ва ғайраҳо.
Баъзе аз истилоҳоти зикршуда, масалан, «ва», «ё», «агар…, он гоҳ…» муносибатҳои воқеиро ифода менамоянд. Аз ин рӯ, муносибатҳои мазкурро муносибатҳои мантиқӣ меноманд. Онҳоро аз муносибатҳои ғайри мантиқие, ки тавассути истилоҳоти дескриптивӣ ифода карда мешаванд, бояд фарқ кард.
Мисоли зеринро аз назар мегузаронем: «Агар ягон аъзои оилаи Қодировҳо одами дилсоф набошад ва Саид аъзои оилаи Қодировҳо бошад, пас, Саид одами дилсоф намебошад». Муайян мекунем, ки ис-тилоҳоти муҳокимаи мазкур ба кадом категорияҳои семантикӣ тааллуқ доранд. Истилоҳи «агар…, пас…» – истилоҳи мантиқӣ; «аъзоёни оилаи Қодировҳо» – предикатор; «на» – истилоҳи мантиқӣ; «мебошад («аст») – истилоҳои мантиқӣ; «одами дилсоф» – предикатор; «ва» – истилоҳи ман-тиқӣ; «Саид» номи фард.
Пештар таъкид карда будем, ки ҳангоми ошкор намудани шакли мантиқии фикр як қисми мазмуни истилоҳи дескриптивӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои тасдиқи ин фикр ду муҳокимаи зеринро аз назар мегузаронем.
- Ҳамаи иштирокчиёни ин ҷиноят аз тарафи ҷабрдида шинохта шуд. Ягон аъзои оилаи Аҳмадовҳо аз тарафи ҷабрдида шинохта нашуд. Аз шахсоне, ки дар содир кардани ин ҷиноят иштирок надоштанд, ягон кас барои содир кардани ҷинояти мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. Пас, ягон аъзои оилаи Аҳмадовҳо барои содир кардани ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.
- Ҳар шахсе, ки соҳиби ақли солим аст, мантиқро фаҳмида метаво-над. Ҳеҷ як фарзанди Шокир мантиқро намефаҳмад. Одамони девонаро ба овоздиҳӣ роҳ намедиҳанд. Пас, ягон фарзанди Шокирро ба овоздиҳӣ роҳ намедиҳанд.
Истилоҳоти дескриптивӣ ё ки предикаторҳои муҳокимаҳои болои-ро бо ҳамин тартибе, ки онҳо ба муҳокимаҳо дохиланд, тавассути тағйирёбандаҳои P,Q,R,S ишора мекунем.
Муҳокимаи якум дорои 4 истилоҳи дескриптивист, ки тартиби дохилшавии он чунин аст:
- – «иштирокчии ин ҷиноят будан»,
- – «аз тарафи ҷабрдида шинохта шудан»;
- – «аъзои оилаи Аҳмадовҳо» ;
- – «шахсоне, ки барои содир кардани ин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».
Бояд таъкид кард, ки истилоҳи «иштирокчии ин ҷиноят набудан»-ро ҳамчун натиҷаи татбиқи амали мантиқии инкор «на», нисбат ба истилоҳи «иштирокчии ин ҷиноят будан» таъбир намудан мумкин аст.
Натиҷаи амали мазкур дар шакли «не – Р» ё, ки «ғайри- Р» ифода меёбад.
Муҳокимаи дуюм низ дорои 4 истилоҳи дескриптивӣ аст: P – «соҳиби ақли солим будан»;
- – «мантиқро фаҳмида тавонистан»;
- – «фарзанди Шокир»;
- – «ба овоздиҳӣ роҳ додан»
Ба истилоҳи «девона» истилоҳи «соҳиби ақли солим набудан муво-фиқ буда», тавассути «не – Р» ё, ки «ғайри – Р» ифода меёбад.
Агар ифода ва ишораҳои болоиро ба назар гирем, муҳокимаҳои зикршуда мувофиқан, шаклҳои зеринро мегиранд:
- Ҳамаи Р – Q аст.
Ҳеҷ як R – Q нест
Ҳеҷ ғайри – Q – S нест.
Ҳеҷ як R – S нест.
- Ҳамаи Р – Q аст.
Ҳеҷ як R – S нест
Ҳеҷ ғайри– Р – S нест.
Ҳеҷ як R- S нест.
Дар схемаи мазкур ба ҷои калимаи «пас» хатти горизонталӣ омада-аст.
Пас, муҳокимаҳои зикршуда, бо вуҷуди он, ки мазмунан гуногунанд, умумияте доранд. Ингуна умумиятро шакли мантиқӣ меноманд.
Ҳангоми муайян намудани шакли мантиқӣ чунин маълумот ба назар гирифта мешавад, ки истилоҳи дескриптивии бо ҳарф ивазшуда ба кадом категорияи семантикӣ дохил аст. Аз ҳамин сабаб, ҳангоми тартиб додани забони мантиқи предикатҳо барои ифода намудани категориияҳои гуно-гун аз аломатҳои гуногун истифода мебаранд.