Қаторҳои маъмулии синфи ҳашарот

Каторхои маъмулии синфи хашарот. Каторхои хашароти шаклдигаркуниашон нопурра. Катори нонхуракхо. Катори якрузахо. Катори сузанакхо. Катори гахворачунбонхо. Катори термитхо. Катори шабушкхо.


Қаторҳои ҳашароти шаклдигаркуниашон нопурра. Дар Тоҷикистон намояндаҳои қариб 30 қатори синфи ҳашарот вомехӯранд.

Қатори нонхӯракҳо

Шакли бадани нонхӯрак пачақ ё ҳамвор буда, мӯйлаби борики дароз дорад (расми 99 а).

Нонхӯракҳо, асосан, ҳайвони шабгард буда, рӯзона дар зери ашёи гуногун, рафҳои девори хона пинҳон мешаванд. Намӣ ва гармиро дӯст медоранд. Чӣ қадар иқлим хунук ва хушк бошад, ҳамон қадар теъдодашон кам мешавад. Дар олам 3,2 ҳазор намуди нонхӯрак маълум аст. Аз ин дар хонаҳои истиқоматӣ нонхӯраки сурхчатоби андозааш 10-13 мм ва сиёҳи андозааш 18-30 мм вомехӯрад. Ҳарду намуди нонхӯрак ҳамахӯр буда, маҳсулоти хӯрокиро ифлос ва вайрон мекунанд ва паҳнкунандаи касалиҳои шикамравӣ, домана, сил, вабо шуда метавонанд. То 1,5 сол умр мебинанд. Узви доҳониашон хоянда аст.

Қатори якрӯзаҳо

Дар ҳолати болиғӣ як ё якчанд рӯз зиндагонӣ мекунанд, номашон ҳам аз ҳамин хусусият гирифта шудааст. Якрӯзаҳо дар тамоми дунё паҳн шудаанд. Ҳашароти болиғ болҳои шаффофи тунук ва дар охири шикам 2-3 нахи думӣ доранд (расми 99 б). Дар ҳолати болиғӣ хӯрок намехӯранд, зеро умри хеле кӯтоҳ дида, ҳатто узви даҳонӣ надоранд. Вазифаи фардҳои болиғ аз бордор шудан ва мондани насл иборат аст. Тухмашонро дар об мемонанд. Аз тухм кирмина мебарояд ва он дар об инкишоф меёбад. Давраи кирминагиашон 2-3 сол давом меёбад. Кирминаҳо хӯроки муҳимми моҳиҳо мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 99. Ҳашароти шаклдигаркуниашон нопурра
Расми 99. Ҳашароти шаклдигаркуниашон нопурра

Қатори сӯзанакҳо

Бадани сӯзанакҳо дароз ва рангин аст. Сӯзанакҳо ҳашароти тезпарвоз буда, ду ҷуфт боли шаффофи пур аз рагҳо доранд (расми 99 в). Ҳамаи сӯзанакҳо рӯзона фаъол буда, дарандаанд. Узви даҳониашон хоянда буда, туъмаро (магас ва дигар ҳашароти майда) дар вақти парвоз медоранд ва онро фурӯ мебаранд.

Расми 100. Модинаи сӯзанак дар вақти тухммонӣ ва ниқоби онҳо
Расми 100. Модинаи сӯзанак дар вақти тухммонӣ ва ниқоби онҳо

Сӯзанаки модина тухмашро дар об ё дар рустаниҳои обӣ мемонад (расми 100). Кирминаашон 1-3 сол дар об инкишоф меёбад ва он даранда аст. Хӯроки кирмина кирминаи якрӯзаҳо, магасҳо ва ҳатто моҳиҳои хурд мебошанд. Сӯзанакҳо ҳашароти хунмак, зараррасони хоҷагии қишлоқ ва ҷангалро нест мекунанд. Барои доштани хӯрок дар кирмина узви махсус – ниқоб (маска) дида мешавад (расми 100).

Дар дунё 3600 намуди сӯзанакҳо маълум буда, аз ин дар ватани мо 60 намудаш ёфт шудааст. Осори (изи) сӯзанакҳоро аз ҷинсҳои давраи ангиштсанг (300 млн сол пеш) ёфта истодаанд, ки онҳо бо боли кушодаашон то 90 см дарозӣ доштанд.

Қатори гаҳвораҷунбонҳо

Ин ҳашарот (ба расми 99 г нигаред), одатан, дар навдаи дарахту буттаҳо тавассути пойҳои қафояшон қапида беҳаракат меистанд. Пойҳои пешаш чун аслиҳаи қапанда хизмат мекунанд. Гаҳвораҷунбонак ҳашароти калон буда (андозаи баданаш то 21 см), асосан, дар мамлакатҳои гарм паҳн шудааст. Намудҳои калонаш парандаҳои хурдро шикор мекунанд.

Дар дунё 2 ҳазор намуди гаҳвораҷунбонҳо маълуманд, ки аз ин дар Тоҷикистон 70 намудаш вомехӯрад. Гаҳвораҷунбонак ҳашароти даранда буда, ҷонварҳои майдаро шикор мекунад. Маслан, гаҳвораҷунбонаки дарахтӣ дар 70 рӯз 147 ширинча, 41 пашаи дрозофил ва 266 пашаи хонагиро мехӯрад. Аз ин рӯ гаҳвораҷунбонак фоидарасон аст, чунки ҳашароти зараррасонро нест мекунад. Ақидаи он ки гӯё гаҳвораҷунбонак барои инсон хавфнок аст, беасос мебошад. Фақат баъзе намудҳои калонашон барои муҳофизати худ бо хорҳои дар пояшон буда ба дасти одам мехаланд, ки «хавфашон» ҳамин аст.

Расми 101. Модинаи термит дар иҳотаи фардҳои коргарӣ ва хонаи сохтаи онҳо
Расми 101. Модинаи термит дар иҳотаи фардҳои коргарӣ ва хонаи сохтаи онҳо

Қатори термитҳо

Термитҳо ё мӯрчаҳои сафед гурӯҳгурӯҳ (то 3 млн фард дар гурӯҳ) зиндагӣ карда, ватани онҳо мамлакатҳои гарм мебошанд. Термитҳоро дар вилоятҳои Суғд ва Хатлони Тоҷикистон ҳанӯз соли 1904 ба қайд гирифта буданд. Онҳо иншоотҳои чӯбин, маводи пластмассагӣ, резин ва ҳатто металлро хойида, вайрон мекунанд. Дар оилаи онҳо ба монанди оилаи мӯрчаҳо ва занбӯри асал ҳодисаи бисёршаклии фардҳои оила (полиморфизм) мушоҳида мешавад, аз ҷумла термити модина (малика), термити коргар ва термити сарбоз доранд (расми 101). Дар термити сарбоз сар ва ҷоғи нағз тараққикарда мавҷуд аст. Вай вазифаи ҳифзи оила аз мӯрчаҳоро иҷро мекунад. Термитҳои коргар вазифаи сохтани хона (расми 101), бо хӯрок таъмин кардани нарина ва малика, ғамхории наслҳои ҷавон ва ғайраро иҷро мекунанд. Дар Тоҷикистон 2 намуди термит дида мешавад. Хӯроки термитҳо чӯб мебошад. Аз ин ҷиҳат ба чӯбҳои хонаҳои истиқоматӣ зарари калон мерасонад. Масалан, солҳои 1990 – 1993 аз 500 хонаи дар вилояти Суғд тадқиқшуда 200-тояш аз термитҳо осеб дида буданд.

Қатори шабушкҳо

Шабушк муфтхӯри беруни бадани ҳайвонҳои ширхӯр ва инсон мебошад (расми 102).

Расми 102. Шабушки одам
Расми 102. Шабушки одам

Узви даҳониаш халандаю маканда аст. Онҳо вобаста ба шакли зиндагии муфтхӯриашон болро гум кардаанд. Дар пойҳои бақувваташон барои доштани мӯй ва нахи либос нохун доранд. Дар дунё 150 намуди шабушк маълум аст. Андозаи баданашон аз 0,4 то 6 мм аст. Тухми шабушкро ришк меноманд. Дар давоми умраш шабушк то 300 тухм мемонад. Касалии тифро паҳн мекунад. Дар одам шабушки сар ва либос маълум аст. Роҳи мубориза бо шабушк, пеш аз ҳама, риояи тозагӣ мебошад.


Тестҳо:

  1. Узви даҳонии сӯзанакҳо чӣ гуна аст?

А) маканда; Б) лесанда; В) хоянда; Г) халандаю маканда.

  1. Сӯзанакҳо дар куҷо тухм мемонанд?

А) дар барги дарахт; Б) дар рустаниҳои обӣ; В) дар хок; Г) дар тарқишҳои девор.

  1. Пойҳои гаҳвораҷунбонак ба кадом гурӯҳи пойҳо дохил мешавад?

А) ба шинокунанда; Б) ба кобанда; В) ба доранда; Г) ба ҷаҳанда.

  1. Намояндаи кадом қатори ҳашарот дар давраи болиғӣ ғизо намегиранд?

А) якрӯзаҳо; Б) сӯзанакҳо; В) гаҳвораҷунбонҳо; Г) шабушкҳо.

  1. Намоягдаи кадом қатори ҳашарот чӯбро ҳамчун ғизо истеъмол менамоянд?

А) якрӯзаҳо; Б) сӯзанакҳо; В) гаҳвораҷунбонҳо; Г) термитҳо.