Қатори гаҳвораҷунбонҳо. Катори гахворачунбонхо

Қатори гаҳвораҷунбонҳо. Катори гахворачунбонхо.


Ин ҳашарот (ба расми 99 г нигаред), одатан, дар навдаи дарахту буттаҳо тавассути пойҳои қафояшон қапида беҳаракат меистанд. Пойҳои пешаш чун аслиҳаи қапанда хизмат мекунанд. Гаҳвораҷунбонак ҳашароти калон буда (андозаи баданаш то 21 см), асосан, дар мамлакатҳои гарм паҳн шудааст. Намудҳои калонаш парандаҳои хурдро шикор мекунанд.

Дар дунё 2 ҳазор намуди гаҳвораҷунбонҳо маълуманд, ки аз ин дар Тоҷикистон 70 намудаш вомехӯрад. Гаҳвораҷунбонак ҳашароти даранда буда, ҷонварҳои майдаро шикор мекунад. Маслан, гаҳвораҷунбонаки дарахтӣ дар 70 рӯз 147 ширинча, 41 пашаи дрозофил ва 266 пашаи хонагиро мехӯрад.

Аз ин рӯ гаҳвораҷунбонак фоидарасон аст, чунки ҳашароти зараррасонро нест мекунад. Ақидаи он ки гӯё гаҳвораҷунбонак барои инсон хавфнок аст, беасос мебошад. Фақат баъзе намудҳои калонашон барои муҳофизати худ бо хорҳои дар пояшон буда ба дасти одам мехаланд, ки «хавфашон» ҳамин аст.

Расми 101. Модинаи термит дар иҳотаи фардҳои коргарӣ ва хонаи сохтаи онҳо
Расми 101. Модинаи термит дар иҳотаи фардҳои коргарӣ ва хонаи сохтаи онҳо

Муфассал >> Қаторҳои маъмулии синфи ҳашарот

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣҚатори сӯзанакҳо. Катори сузанакхо
БаъдӣҚатори термитҳо. Катори термитхо