Менюи «Оғоз» (Пуск)

Менюи «Огоз», ки онро менюи асосии системаи амалиётӣ низ меноманд, ба истифодабаранда дастрасиро ба тамоми барномаҳои дар компютер насбгардида таъмин менамояд. Бо ёрии ин меню ҳар гуна санади компютериеро, ки дар дилхоҳ ҷузвдони диски «винчестер» нигоҳ дошта шуда бошад, кушодан мумкин аст. Ҳамчунин, бо истифода аз имкониятҳои барномавии менюи мазкур худи системаи амалиётиро ба танзим овардан, доир ба система маълумот ё ёрӣ гирифтан ва дар компютер парвандаҳои заруриро ҷустуҷӯ кардан имконпазир мебошад.

Дастрасӣ ба Менюи асосии системаи амалиётии Microsoft Windows тавассути Лавҳаи масъалаҳои мизи кории он амалӣ гардонида мешавад. Барои ин кифоя аст, ки дар қисми чапи лавҳаи масъалаҳо тугмаи системавии «Оғози кори Windows» пахш карда шавад. Чунин тарзи кушодани менюи асосӣ дар дигар гунаҳои СА Windows низ айнан ҳамин тавр иҷро карда мешавад.

Ҳамин тариқ, бо пахши тугмаи системавии «Оғози кори Windows» менюи асосии СА дар шакли ду лавҳа (қисм)-и мустақил кушода мешавад. Дар лавҳаи чапи Менюи асосӣ рӯйхати барномаҳое инъикос меёбанд, ки истифодабаранда вақтҳои охир бо онҳо кор кардааст. Барои аз нав омодаи кор кардани ин барномаҳо кифоя аст, ки мушнаморо ба болои номашон гузошта, тугмаи чапи мушро пахш намоем. Дар лавҳаи рости менюи асосӣ бошад, номгӯи муҳимтарин абзор ва имкониятҳои танзимкунандаи кори компютер ҷой дода шудаанд, ки онҳо дастрасии фавриро ба баъзе функсияҳои системаи амалиётӣ таъмин мекунанд (нигар ба расми баъдӣ).

Банди ҳамаи барномаҳо (Все программы)-и менюи асосӣ барои пешдиди кулли барномаҳои дар дискҳои компютер насбгардида хизмат мерасонад. Бо пахши банди мазкур дар лавҳаи чапи меню, бар ивази барномаҳои охирини истифодагардида, дар шакли пайдарпайии нишонаҳои барномаҳо ва ҷузвдонҳо, номгӯи тамоми барномаҳои дар хотираи компютери мазкур насбгардида руйи кор меояд. Барои бакордарории барномаи мушаххас номи онро пахш кардан лозим аст. Агар маҷмӯи барномаҳо дар ҷузвдонҳо муттаҳид гардонида шуда бошанд, пас, барои бакордарории ягон барномае аз ин маҷмӯъ, аввал нишонаи ҷузвдон ва баъд нишонаи худи барномаро пахш кардан лозим меояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қайд кардан бамаврид аст, ки қариб аксар барномаҳои таркибии менюи асосии СА дар ҷузвдонҳо муттаҳид гардонида шудаанд. Ба ин гуна маҷмӯи барномаҳо барномаҳои офисӣ, хидматӣ, замимавӣ, бойгонисозӣ, барномаҳои махсус, зиддивирусӣ, стандартии системаи амалиётӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Майдончаи ҷустуҷӯи системавӣ (Найти программы и файлы) дар қисми аз ҳама поёнии лавҳаи чапи менюи асосӣ ҷойгир шудааст. Барои ҷустуҷӯи барнома ё парвандаи зарурӣ, ки дар хотираи компютер махфуз аст, номашро бо ёрии сафҳакалид ворид намуда, нишонаи пурбин (лупа)-ро пахш кардан лозим аст. Номи объекти ёфташуда дар лавҳаи чапи меню инъикос мешавад. Барои кушодани равзанаи он кифоя аст, ки номаш пахш карда шавад.

Дар қисми поёнии лавҳаи рости менюи асосии системаи амалиётӣ яке аз фармонҳои асоситарини компютер — Интиҳои кор (Завершение работы) ҷойгир шудааст. Ҳангоми пахши фармони мазкур тамоми равзанаҳои замимаҳои фаъол баста шуда, кори компютер умуман қать мешавад. Аммо ҳангоми мушнаморо ба болои аломати > гузоштан дар экран зерфармонҳои фармони Интиҳои кор намудор мешаванд. Тавре аз равзанаи робитавии дар расми тарафи рост овардашуда дида мешавад, фармони мазкур аз панҷ зерфармон иборат будааст, ки онҳо барои иҷрои амалҳои зерин вобаста карда шудаанд:

  • Ивазкунии истифодабаранда (Сменить пользователя) — бе пушидани замимаҳои фаъол истифодабарандаи навбатии компютер ба кор оғоз карда метавонад.
  • Беруноӣ (Выход) — тамоми замимаҳои фаъол баста шуда, система умуман аз кор мемонад.
  • Бастан (Блокировка) тамоми додаҳои баҳисобгирӣ (реквизитхо)-и дар компютери мазкур бақайдгирифташудаи истифодабаранда ғайрифаъол (қулф) мегарданд.
  • Бозоғози кори компютер (Перезагрузка) тамоми замимаҳои фаъол баста шуда, система аз кор мемонад ва ба таври худкор аз нав корро оғоз мекунад.
  • Реҷаи хоб (Спящий режим) — компютер дар ҳолати корӣ боқӣ монда, ба реҷаи истеъмоли ками қувваи барқ мегузарад. Ҳангоми «бедоркунии» компютер (пахш кардани дилхоҳ тугмаи он), ҳамаи замимаҳои фаъол аз нав ба ҳолати корӣ бармегарданд.

Менюи Огоз Пуск

Кисмхои асосии компютер

ҚаблӣКисмхои асосии компютер
БаъдӣНишона (Тамга, Ярлик)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед