Мавзӯӣ 17. Тарбияи ахлоқӣ ва интизоми бошуурона

Тарбияи ахлоки ва интизоми бошуурона


Нақша:

  1. Маълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он
  2. Мазмуни тарбияи ахлоқии мактабиён
  3. Шакл ва методҳои тарбияи ахлоқӣ


1. Маълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он.

Тарбияи ахлоқӣ яке аз майлҳои муҳими технологии муносибати комплексии тарбияи мактабиён мебошад. Истилоҳи «ахлоқ» аз арабӣ гирифта шуда, маънои ҷамъи хулқ, хӯ, рафтору кирдор, сиратро ифода мекунад. Ахлоқ – яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамон аст.

Ахлоқ ва қонунҳои инкишофи онро этика (юн. еthicа, аз etos – хулқшиносӣ), фанни фалсафиро гӯянд, ки масъалаҳои ахлоқиро меомӯзад.

Муфассал >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2. Мазмуни тарбияи ахлоқии мактабиён

Мазмуни ахлоқро муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва базиси иқтисодӣ муайян мекунад. Баробари тағйир ёфтани базис тасаввуроти одамон дар бораи адолат, некӣ ва бадӣ ҳам тағйир меёбад.

Агар норма ва принсипҳои ахлоқ ба ҷиҳатҳои асосии рафтори ботинии шахсият гузориш ёбад ва шаклҳои одати ӯро муайян кунад, онгоҳ онҳо ба сифати шахсият табдил мегарданд.

Аз ин рӯ дар назди мактаб мақсад гузошта шудааст, ки ба дастпарварони худ мувофиқи мазмуни тарбияи ахлоқ чунин сифатҳои мақбули ахлоқиро ташаккул диҳад: ғояҳои эътиқоди ахлоқӣ, ватандӯстӣ, байналмилалӣ, виҷдонан муносибаткунӣ ба меҳнат, муносибати эҳтиёткунӣ ва сарфакорӣ ба дастовардҳои шахсӣ ва умуминсонӣ, ҳифзи табат, тарбия дар рӯҳияи коллективизм, интизоми бошуурона, рафтори маданӣ адлу инсоф, тарбияи ҷинсӣ ва ғ. ҳамаи ин сифатҳои ахлоқӣ бояд дар заминаи демократӣ комплексона пардохта шавад.

Муфассал >>


3. Шакл ва методҳои тарбияи ахлоқӣ

Таҷриба собит мекунад, ки шуурнокии мактаббачагон ҳамон вақт бомуваффақият ташаккул меёбад, ки агар он ба ягонагии дониш ва таҷрибаи рафтор такя карда шавад. Аз ҳамдигар ҷудоии онҳо донишҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи фардӣ ба инкишофи яктарафаи тарбияи ахлоқии шахсият меорад. Натиҷаи меъёри тарбияи ахлоқ ягонагии омехтаи донишҳо, итминон ва фаъолияти амалӣ мебошад. Маълумот ва фаҳмиши ташаккули ахлоқӣ дар бораи некӣ ва бадӣ бе эътиқод ва ақидаи шахсӣ табдил ёфтани онҳо шаклҳои дарс, лексия, ҳикоя, сӯҳбат мубоҳисаи этикӣ, маҳфилҳо, хониши берун аз синф ва ғайраҳо мадад мерасонанд.

Муфассал >>


Санҷиши конторлӣ

  1. Дар зери мафҳуми тарбияи ахлоқӣ чӣ фаҳмида мешавад?
  2. Сифатҳои ахлоқиро шарҳ диҳед?
  3. Шакл ва методҳои тарбияи ахлоқӣ кадомҳоянд?
  4. Интизоми бошуронаро чӣ тавр мефаҳмед?

 Адабиёт барои худомӯзӣ

  1. Подласый И.П. Педагогика. Книга-2 – М.2000.
  2. Рахимов Х., Нуров А., Педагогика. Душанбе 2000.
  3. Қосимов М. Хамидов Р. Корҳои тарбиявӣ дар мактаб 1997.
  4. Нуров А. Рахимов Х., Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ. Душанбе, 2005.
  5. Лутфуллоев М. Шарафномаи миллат. Душанбе, 2003.
  6. Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
  7. Юнусов И. Педагогика: Душанбе, 2005.
ҚаблӣКорҳои тарбиявӣ (Технологияи тарбия)
БаъдӣМаълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он