Мақсад, вазифа хусусиятҳои тарбияи ҷисмонии мактабиён

Максад, вазифа хусусиятхои тарбияи чисмонии мактабиён.


Мақсади бартаридоштаи самти корҳои тарбияи ҷисмонӣ аз ҷараёни аллакай ба мо маълуми вазифаҳои тарбияи беҳдошт ҷорӣ мешавад: 1) мустаҳкам кардани саломатӣ бо таъсири дурусти инкишофи ҷисмонӣ; 2) аз худ кардани дошинҳои варзишӣ – спортӣ; 3) коркарди маҳорат ва малакаҳои ба ҳаракатоварӣ; 4) рушди сифатҳои баҳаракатоварӣ (нерӯ, чолокӣ ва ғ.); 5) тарбияи сифатҳои маъанвӣ (ҷасурӣ, устуворӣ, интизомнокӣ, коллективизм ва ғ.); 6) ташаккули сифатҳои эстетикӣ (қомат, рафтор ва ғ.); 7) коркарди одат ба машғулияти мунтазами варзиш ва спорт; 8) ташаккули маҳорат ва малакаҳои гигиенӣ (ҳифзиссиҳа). Корҳои зиёди гуногуни самти тарбияи ҷисмонӣ имконият медиҳад, ки вазифаҳои ахлоқӣ, ақлӣ, эстетикӣ ва меҳнатӣ дар пайвастагии комплексӣ ҳал карда шавад.

Яке аз намудҳои хеле густаришёфтаи корҳои тарбиявии самти мазкур – гимнастикаи пеш аз машғулиятҳо (варзиши пагоҳирӯзӣ), ки рӯзи кории мактаб аз он оғоз меёбад. Педагогҳо хуб медонанд, ки варзиши пагоҳирӯзӣ дар ҳавои озод коршоямии шахсро афзун, ҷисмро қавӣ мегардонад. Бахусус варзиш давои беҳтарини карахтии ҷисм ва сабзиш аст ва меарзад чунин таъкид кунем:

Давои беҳи карахтии ҷисму сабзиш,
Далерона ҳавсала бинмудан ба варзиш,
Ҳеҷ рӯ матоб зи ин ҷавҳари ҳифзи беҳдошт,
Он ба умру коршоямиат дорад арзиш.

Муаллими тарбияи ҷисмонӣ барои талабагон, синну сол ва имконияташонро ба назар гирифта, пешакӣ комплекси машқҳоро тайёр мекунад. Дар ҳамин қатор албатта имконияти мактаб ва шароити иқлимро ҳам ба назар мегирад. Талабагони синфҳои I – II бо бозиҳои муҳаррикӣ маҳдуд мешаванд. Бо шогирдони синфҳои III – IV гузаронидани мусобиқаҳои гимнастикӣ, варзиши сабук, лижаронӣ ва машқҳо тавсия карда мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамаи шаклҳои ташкили тарбияи ҷисмонии талабагон ба адои иҷрои вазифаҳои дар барномаи мактаб нишондодашуда бояд мусоидат кунанд.

Тарбияи ҷисмониро дар синфҳои ибтидоӣ муаллимон таҳти маслиҳатҳои муаллими тарбияи ҷисмонии мактаб, ташкилотчии корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ мебаранд. Аммо ба муаллимони синфҳои ибтидоии камкомплексӣ чунин шароит имкон надорад, бинобар ин ҳамаи корҳои ташкилӣ – педагогиро онон мустақилона ҳал мекунанд.

Бештари машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳавои озод мегузарад. ҳар мактаби ибтидоӣ бояд майдончаи варзишӣ дошта бошад. Дар он ҷиҳози пайраҳаи пойга (дарозиаш – 60 м, паҳниаш – 4 – 5 м), чуқурии регпӯш барои ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, майдончаи бозӣ ҳатмист. Илова бар ин сохтани шаҳрчаи гимнастикӣ (бо ғӯлачӯб барои нигаҳдории мувозинат, деворчаи гимнастикӣ, бум, таноб ва хода барои баромадан ва ҷаҳидан) лозим аст. Талабагон метавонанд дар майдончаи спортӣ ниҳол, бутта ва гулҳо шинонда парвариш кунанд.

Ба муаллимони мактаби ибтидоии камкомплектии деҳот дар ин кор фаъолон мадад мерасонанд, ки ба ҳайати он талабагони собиқ, падару модарон, мутахассисони ҷавон доҳил шуда метавонанд. Ба мактаби ибтидоӣ бояд яке аз мактабҳои наздики асосӣ ё миёнаи умумӣ сарварӣ кунад.


 Мавзӯи пурра >> Тарбияи ҷисмонии мактабиён

ҚаблӣМавзӯи 20. Тарбияи ҷисмонии мактабиён
БаъдӣШаклҳои асосии ташкили тарбияи ҷисмонӣ