Маълумот дар бораи Ваҳҳобия / Вахобия

Вахоби кист? Ваҳҳобия чист? Маълумот дар бораи Ваҳҳобия (дин, диншиносӣ). Вахобия.


Дар асри XVIII дар байни ҳанбалиҳои Арабистони Саудӣ дар минтақаҳои Наҷду Ҳиҷоз ҷараёни ваҳҳобия бо сардории Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1791) пайдо гардид. Ӯ талаб мекард, ки мусулмонони ҳақиқӣ бояд ба исломи тозаю аввалаи замони зиндагии пайғамбар бозгарданд.

Зиёрати мазорҳо ва ҳатто зиёрати қабри пайғамбар аз ҷониби Абдулваҳҳоб ширк, яъне он мазорро ба худо шарик кардан эълон гардид. Касоне, ки мазорҳоро зиёрат мекарданд, кофир ҳукм карда шуда маҳкум ба қатл мегардиданд. Намози ваҳҳобиҳо низ аз мазҳабҳои дигарон фарқ мекунад: онҳо фақат намозҳои фарзиро мехонанд, суннатро не. Таҳораташон низ дигар аст. Онҳо рӯю дасту даҳону бинию пойро якборӣ мешӯянд. Ҳангоми намоз дар охири сураи фотиҳа бо овози баланд «омин» мегӯянд.

Ваҳҳобиҳо аввал дар Наҷд, баъд дар Ҳичоз ғалаба ба даст оварданд. Ҳозир дар Арабистони Саудӣ аз мардуми одӣ то шоҳон мазҳаби ваҳҳобӣ доранд. Он мазҳабе, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон бо номи «салафиҳо» пайдо шудааст, дар асл ҳамон мазҳаби ваҳҳобӣ аст.


Мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМаълумот дар бораи Суфизм, Сӯфӣ, Тасаввуф
БаъдӣМаълумот дар бораи Бобия ва баҳоия