Маълумот дар бораи Суфизм, Сӯфӣ, Тасаввуф

Маълумот дар бораи Суфизм, Суфи, Суфия, Тасаввуф.


Яке аз ҷараёнҳои калони исломӣ – сӯфия ё ба тарзи дигар тасаввуф мебошад. Решаи ҳардуи ин калимаҳо аз сӯф, яъне пашм гирифта шудааст. Зеро сӯфиҳо либосҳои дағали пашмӣ пӯшида, бо тақвою парҳезкорӣ ва рӯзадорию намозгузориҳо рӯз мегузарониданд.

Дар ибтидо ин амалҳои онҳо оҳангҳои иҷтимоӣ низ доштанд, яъне онҳо ба тарзи ба худ хос бар зидди сарвату чизпарастии табақаҳои болоии ҷамъият ба тарзи бешуурона бо роҳи парҳезкорӣ ва даст кашидан аз сарвату худнамоӣ эътироз мекарданд. Яке аз сӯфиҳои аввалин Абуҳошим (ваф. 776) буд, ки дар наздикии Куфа мезист. Иброҳими Адҳам (ваф. 782) писари ҳокими Балх ба зуҳду зоҳидӣ дода шуда, ҳамоно либосҳои аз шоҳию парча будаи худро ба либоси пашминаи чӯпонон иваз кард.

Шайх Шақиқи Балхӣ (ваф. 810) низ аз баҳри 300 деҳаи худ баромада сӯфии машҳур шуд. Яке аз сӯфиёни дар таърих машҳури Хилофати араб-Мансури Ҳаллоҷ (858-922) буд, ки ӯ дар Бағдод мезист. Сӯфиёнро метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард: гурӯҳи муътадилон, ки ба гӯшанишинию тақво машғул буданд; гурӯҳи дуюм гурӯҳест, ки ба эҳсосоту ваҷд дода шуда, этикаю психологияи хосси худро кор карда баромад.

Сӯфӣ мебоист нафсу ҷисми худро азобу машаққат диҳад, кам хӯрад, кам хоб равад, бештар ба зикру муроқиба пардозад, ба лаззоти ҷисмонӣ машғул нагардад, пашмина пӯшад, ба корҳои дунё машғул нагардад, динро ва тариқаи устоди худро омӯзад ва ба он пайравӣ намояд. Оҳиста-оҳиста дар байни сӯфиён шайхҳою муридҳо пайдо шуданд. Шайхҳо амалияю таълимоти хосси худро доштанд ва он сол ба сол такмил меёфт. Шайх таълимоти худро ба тарзи шифоҳӣ ба муридони худ мефаҳмонид.

Дар асрҳои X-XIII сӯфиҳо гурӯҳҳо ташкил карда, дар бораи ақоиди худ китобҳо таълиф намуданд. Таълимоти сӯфиҳо барои ба ҳақиқат расидан, ба худо қаробат пайдо кардан, яъне расидан ба дидори ҳақ ба дараҷаҳои зерин ҷудо карда шудааст: дараҷаи аввал – тайёрӣ – шариат аст. Дар ин дараҷа сӯфӣ мебояд тамоми қонуну қоидаҳои шариатро азхуд намуда, бемайлон онҳоро риоя намояд. Дараҷаи якум шариат бошад, дараҷаи дуюм тариқат аст (аз тариқ – роҳ). Дар ин дараҷа сӯфӣ бояд тариқату шайхи (пири) худро интихоб намояд. Ӯ муриди пир шуда, ихтиёри худро пурра ба дасти ӯ, тибқи амри-«мурид дар дасти шайхи худ бояд чун мурда ба дасти мурдашӯй бошад», месупорад. Ӯ тариқаи шайхи худро пурра азбар намуда, ба ӯ пайравӣ менамояд.

Пас аз тай кардани ин марҳала сӯфӣ ба марҳалаи сеюм – маърифат мегузарад. Дар ин зина сӯфӣ ориф, яъне донанда (олим) мешавад. Ба воситаи гӯшанишинию тақво, азоб додани нафсу бадани худ, машқҳои тарбияи ирода ӯ метавонад аз роҳи расидан ба ваҷд ба Худо наздик гардад. Дар ин марҳила сӯфӣ бояд аз вартаи ҳаёту дунё ва фарқ гузоштан байни некию бадӣ боло биҷаҳад. Марҳалаи чоруми зинаи олии сӯфиҳо расидан ба ҳақиқат мебошад. Дар ин зина сӯфӣ дар худ ҳамагуна ҳавасу шавқу рағбатро ба касе ва чизеро мекушад ба ҷуз аз як орзу – расидан ба висоли худованд, озод шудан аз ҷисми худ, гум кардани «Ман»-и худ ва мунҳалл гардидан дар худо. Мансури Ҳаллоҷ дар ҳолати ваҷд «Ана-л-ҳақ» – ман ҳақ, яъне худо ҳастам, мегуфт, то кушта шуд.

Сӯфиҳоро дарвеш низ меноманд. Онҳо дар ҷамъомадҳояшон ба зикр, доиразанию чархзанӣ машғул шуда, худро ба дараҷаи ваҷд мерасониданд. Гурӯҳҳое буданд, ки намоз намехонданд ва ба ҷои намоз ба зикр машғул мегардиданд. Онҳо калимаи «ҳу» -«вай», яъне худоро зиёд такрор менамуданд. Сӯфизм равияву ҷараёнҳои зиёде дорад (нақшбандия, чиштия, қодирия, кубравия, суҳравардия ва ғайраҳо).


Мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат

ҚаблӣМазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат
БаъдӣМаълумот дар бораи Ваҳҳобия / Вахобия