Маълумот дар бораи Бобия ва бахоия.
Дар миёнаи асри XIX тоҷири шерозие дар Эрон бо номи Мирзо Алӣ Муҳаммад худро «Боб»-«дар» ба маъное, ки ӯ дар байни одамон ва худо ҳамчун даре мебошад, эълон намуд. Ва одамон гӯё ба воситаи ин дар метавонистанд ба назди Худо роҳ ёбанд. Мардуми камбағали шаҳр ба ӯ гаравиданд.
Ӯ ба ҳама гуна фаъолияти тиҷоратӣ озодии пурра эълон кард, лекин ин озодӣ барои эрониҳо буд. Боб ҳамаи мардумро баробару бародар медонист. Ӯ худро вориси пайғамбар эълон карда мегуфт, ки вазифаи ӯ ба мардум расонидани таълимоти нав аст. Барои ба ҷониби худ бештар ҷалб намудани мардум, Боб эълон кард, ки панҷ вақт намоз хондан лозим нест.Ҳаракати бобиҳо, ки минтақаи васеъро фаро гирифта буд, бераҳмона пахш карда шуд. Худи Боб дар соли 1847 ба ҳабс гирифта шуда, дар соли 1850 якҷоя бо сардорони дигари шӯриш ба қатл расонида шуд.
Бо қатли Боб шӯриш поён наёфт. Нафаре бо номи мулло Муҳаммад Алӣ худро вориси Боб эълон намуда, ба таври фаъол ба мубориза бархост. Аммо исёни ӯ ва исёнҳои дигар дар соли 1852 ҳама аз ҷониби ҳукумат пахш карда шуданд.
Дар шӯриши Боб баъзе талабҳои прогрессивӣ низ дар хусуси даровардани ислоҳот ба ҳаёти маишии мардум аз қабили нест кардани нобаробарии ҳуқуқии занон, бекор кардани бисёрзанагию баъзе расмҳои дигари динӣ пеш гузошта шуда буданд. Ин иқдомот бо ташаббуси яке аз роҳбарони шӯриши Боб-Заҳро хонум пеш гузошта шуда буданд. Ин ҳаракат як каме баъд идомаи худро пайдо кард. Яке аз пайравони Боб бо номи Мирзо Ҳусайни Алӣ бо лақаби Баҳоулло бо бародараш Яҳё бо лақаби «Субҳи Азал» аз Теҳрон гурехта ба Бағдод рафтанд.
Баҳоулло таълимоти Бобро аз нав такмил дода «Китоби Ақдас»-ро ҳамчун китоби муқаддаси баҳоия ба мардум пешниҳод намуд. Ӯ низ мисли Боб ҳамаро баробар эълон кард ва мегуфт, ки ба самароти замин ҳама баробар ҳақ доранд. Вале ӯ истифодаи зӯрӣ, муборизаи ошкороро эътироф намекард. Ӯ мегуфт, ки бояд якдигарро бахшид, дӯст дошт, ба бадӣ набояд муқобилият кард. Ана ба сабаби ҳамин таҳаммулпазирӣ баҳоия дар Эрон ва кишварҳои дигар паҳн гардид. Баҳоулло дар соли 1892 вафот кард. Аҳкоми ҳуқуқию шаръии исломро Баҳоулло мулоим ё бекор карда буд.
Ӯ ҷиҳодро бекор ва судхӯриро иҷозат дода буд. Таълимоти ӯ аз лақаби худаш «баҳоия» ном гирифт. Он бештар дар байни зиёиёни Эрон тарафдорон пайдо кард. Ин таълимот ба талаботи мардуми одӣ мувофиқ набуд. Баҳоия аз ҳамаи динҳо чизе гирифтааст. Гумон меравад онро гурӯҳҳои манфиатдоре- шояд саҳюниҳо барои аз дохил вайрон кардани ислом бофта бароварда бошанд. Хоссатан, ки маркази баҳоиҳо дар Тел-Авив қарор дорад.