Маънои асли ва мачозии калима

Маънои аслӣ ва маҷозии калима

Ба маънои воқеӣ истифода шудани калима маънои аслӣ ном дорад: хонаи калон, китоби хуб, чормағзи пуч.

 Ба маънои ғайриаслӣ истеъмол шудани калима маънои маҷозӣ ном дорад: одами пуч, дили гарм.

Дар ибораи анори ширин ширин маънои аслии калимаи анор аст. Вале дар ибораи сухани ширин калимаи ширин ба маънои ғайриаслӣ, яъне маҷозиаш кор фармуда шудааст. Дар ин ибора калимаи ширин ба маънии фораму гуворо омадааст.

Маҷоз барои пурра ва ҷозибаноктар тасвир намудани предмет ва ҳодисаҳои гуногун воситаи муҳимест.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣКалима. Маънои лугави ва грамматикии калима
БаъдӣКалимаҳои якмаъно ва сермаъно