Моҳияти ҷаҳонбинӣ ва қисматҳои муҳими он

Мохияти чахонбини ва кисматхои мухими он


Ҷаҳонбинӣ як шакли шуурнокии инсон, ки ба муҳити зисти атроф нуқтаи назар ва мавқеи ӯро нишон медиҳад, дар замони мо гуногун аст.

Табиист, ки ҳар як фард нисбати ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият тасаввурот ва нуқтаи назари худро дорад. Сатҳи тасаввурот, ақида ва муносибатҳо, мувофиқи таҷрибаи зиндагӣ ва тайёрии илмии фард гуногун мешавад. Ба ин маъно ҷаҳонбиниро ба қисмҳои зерин тақсим кардан мумкин аст: муқаррарӣ (оддӣ), ҳаётӣ, асосӣ. Зимни ҷаҳонбинии асосӣ фикрҳои илмии солим – алоқамандии ҳодисаҳо, хусусиятҳои инкишофёбии онҳо мехобадро дар бар мегирад.

Дар мактаб ҷаҳонбинии илмии хонандагон тибқи таълим ва чорабиниҳои тарбиявӣ пурра ва васеъ мегардад. Ин пуррагии ҷаҳонбинӣ ба кадом маънист? Ҷаҳонбинӣ ин ба маънои ҷамъи донишҳо, ҷамъбасти системаи ақидаҳо, эътиқодҳо ва идеалҳо, ки одам муносибати худро ба муҳити фарогирифтаи табиӣ, иҷтимоӣ ва одамон зоҳир менамояд, фаҳмида мешавад.

Ин нишондиҳандаҳо нафақат моҳияти ҷаҳонбинии фард, инчунин таркиби онро ҳам муайян мекунад. Таркиби ҷаҳонбинии илмӣ ин қисматҳоро фаро мегирад: а) системаи донишҳои илмӣ, б) ақидаҳо, в) эътиқодҳо, г) идеалҳо. Дар навбати худ ин қисматҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: объективӣ (донишҳои илмӣ), субъективӣ (ақида, эътиқод ва идеалҳо).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дониш ҳамчун қисмати объективии ҷаҳонбинӣ дар худ системаи илмҳои ҳақиқӣ, ки шакли мулоҳизаронии тасвирию муқаррарии шахсиятро мефаҳмонад, фаро мегирад. Он бо сарфаҳмравӣ ва дарки тарафҳои объективии ҳодисаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ вобаста буда, дар ҳамин қатор аз тарафи ҳар як шахс мумкин, ки як хел фикр карда шавад, чун қонуни ирсият, тавсифҳои тазоди ҳодисаҳои таърихӣ ва ғайра. Албатта, азхудкунии донишҳои илмӣ асоси ҷаҳонбиниро ташкил мекунанд. Аммо иддаи одамон бо донишмандии худ аз ҳамдигар фарқ доранд, ҳодисаҳоро на ҳамеша аз нигоҳи ҷаҳонбини дуруст муайян менамоянд. Барои он ки донишҳо ба ташаккули ҷаҳонбинӣ мувофиқат кунанд, онҳо бояд ақида, эътиқод ва асоси идеали ӯ гарданд.

Ақида мулоҳиза ва хулосабарории фард, ки бо шарҳдиҳии ин ё он ҳодисаи табиӣ ва иҷтимоӣ вобастагӣ дораду муносибати ӯро бо он ҳодисаҳо муайян мекунад, фаҳмида мешавад. Ақидаҳо мусбат ва манфӣ мешаванд. Масалан, таҳаввулоти олами наботот ва ҳайвонотро олимон ва диндорон ҳар хел шарҳ медиҳанд. Олимон аз нигоҳи илмӣ шарҳ диҳанд, диндорон онҳоро ба хости илоҳӣ мансуб медиҳанд. Ақида дар ҷаҳонфаҳмии инсон аҳамияти калон дорад ва ба рафтори ӯ низ таъсир мерасонад. Аммо якбора аз ақида ба рафтор гузаштан на ҳамеша рух медиҳад. Баъзан одам дар ин ё он масъала, ақида ва баҳодиҳии дуруст дошта бошад ҳам, дар рафтор ва муносибат хато мекунад, яъне рафтор бо амалиёт мустаҳкам карда нашудааст. Яке аз қисматҳои таъсирбахши ҷаҳонбинии одам эътиқод ба шумор меравад.

Эътиқод – ин хусусияти боварибахш ва фаъолияту рафтори шахсияти инкишофёфта, ки мавқеи ҳақиқатан ҳаёти устувор дорад фаҳмида мешавад. Ҳар гуна мафкура ҳамчун асоси эътиқоди одам дар худ ифодаи дарки чуқури ҳақиқат ва дар зиндагӣ ба он пайравӣ намуданро дорад.

Эътиқод натиҷаи раванди мураккаби зеҳнӣ ва таҷрибаи ҳаётии шахсият буда, он тавассути азхудкунии донишҳо, мотивҳои ботин ва рағбати рафторро ҳосил мекунад ва барои мустаҳкамшавии қувваи ирода хизмат менамояд. Эътиқод ин он чизе, ки одам чуқур фаҳмида ва пуртаъсир аз сар гузаронида аст ва вай тайёр аст дар ҳар гуна шароит ба он истодагарӣ намояд.

Идеал (франс. Idӯаl, аз юн. Idӯа – меъёр, норма, мукаммал) – мурод, мақсади олии шахс аст. Фард ва ҷамъият бе идеал буда наметавонад, зеро идеал инъикоси талаботи моддӣ ва маънавии инсоният аст. Идеали ҷомеаи демократии мо одамро ба такомули ҳаёти фарогирифта, мубориза баҳри ахлоқи ҳамида, ҳис кардану афзун гардонидани сатҳи зиндагии мардум, зебоии ҷомеа ва шахсиятро ба инкишофи ҳамаҷониба рӯҳбаланд кардан аст.

Бояд гуфт, ки моҳият ва таркиби ҷаҳонбинӣ мафҳуми илмӣ диалектикӣ мебошад.

Алалхусус ҷаҳонбинии илмӣ барои инкишофи шуурнокии шахсияти хонандагон ҳамчун асбоби заррабини лабораторӣ лозим аст, то ки минбаъд имкониятҳои фаъолияташонро дақиқ бинанд, сарфаҳм раванд, ба ҳар гуна ривоятҳои муғлақу мубҳам пайравӣ нанамуда, аз ҳодиса ва воқеаҳо огоҳ бошанд.


Мавзӯи пурра: Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он >>

ҚаблӣМактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ
БаъдӣМазмун ва методҳои ҷаҳонбинии илмӣ