Мавзӯъ. Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он

Асосхои чахонбинии илми ва мохияти он


Нақша

  1. Мактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ
  2. Моҳияти ҷаҳонбинӣ ва қисматҳои муҳими он
  3. Мазмун ва методҳои ҷаҳонбинии илмӣ
  4. Шартҳои ба ақида, эътиқод ва идеалҳо гузаронидани донишҳо

1.Мактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ

Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком,
Надорад бӯю лаззат меваи хом.
Носири Хисрав

Барои он ки насли имрӯза аз ақлу заковат ва тамаддуни ҷаҳон бенасиб намонанд ва дар зиндагӣ ҳамеша оқилона рафтор намуда, ноили комёбиҳои беназир гарданд, аз синфҳои ибтидоӣ сар карда ҷаҳонбинии илмии онҳоро пай дар пай ташаккул бояд дод.

Ҷаҳонбинӣ хусусияти басо муҳими шахсият буда, сохти лексикии он аз ду калима: «ҷаҳон» ва «бин ё фаҳм» иборат аст, ки оқилона фаҳмидани ҷаҳонро ифода мекунад. Умуман, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмӣ шакли ба худ хоси шахсро ифода намуда, нисбати муҳити атроф нуқтаи назар ва дар ин муҳит чӣ гуна мавқеъ доштани ӯро муайян мекунад.

Муфассал хонед >>


2.Моҳияти ҷаҳонбинӣ ва қисматҳои муҳими он

Ҷаҳонбинӣ як шакли шуурнокии инсон, ки ба муҳити зисти атроф нуқтаи назар ва мавқеи ӯро нишон медиҳад, дар замони мо гуногун аст. Табиист, ки ҳар як фард нисбати ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият тасаввурот ва нуқтаи назари худро дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сатҳи тасаввурот, ақида ва муносибатҳо, мувофиқи таҷрибаи зиндагӣ ва тайёрии илмии фард гуногун мешавад. Ба ин маъно ҷаҳонбиниро ба қисмҳои зерин тақсим кардан мумкин аст: муқаррарӣ (оддӣ), ҳаётӣ, асосӣ. Зимни ҷаҳонбинии асосӣ фикрҳои илмии солим – алоқамандии ҳодисаҳо, хусусиятҳои инкишофёбии онҳо мехобадро дар бар мегирад.

Муфассал хонед >>


3.Мазмун ва методҳои ҷаҳонбинии илмӣ

Барои ҷаҳонбинии илмии хонандагон азхудкунии тамоми ҳаҷми донишҳои табиатшиносӣ, гуманитарӣ ва фанҳои хусусияти тарбияи эстетикидошта аҳамияти муҳим доранд. Бо вуҷуди ин, дар ҳалли ташаккули ақида ва эътиқод аҳамияти хулосабарорӣ дар мазмуни маълумоти мактабӣ ғояҳои масъалаи ҷаҳонбинӣ нисбати инкишофи табиат, ҷамъяит ва шуури инсонӣ нақши муҳим мебозад.

Ин аз ҳар як муаллим чуқур фаҳмида гирифтани ғоя ва барои ташаккул додани ҷаҳонбинии хонандагон дуруст истифода бурда тавонистани онҳоро тақозо мекунад.

Ба ғояҳои муҳим инҳоро дохил кардан мумкин аст: моддӣ будани олам ва қонунияти объекивии инкишофи он; ҳаракат ҳамчун шакли олам ва қонунияти объективии инкишофи он; ҳаракат ҳамчун шакли мавҷудияти материя; аввалин будани материя ва дуюмин будани шуур; муборизаи зидҳо ва инкишоф; фаҳмидашавандагии олам ва қонуниятҳои он; амалия асоси маърифат ва меъёри ҳақиқат; нақши меҳнат дар ташаккули одам; истеҳсолоти модди – асоси инкишофи ҷамъият; роли ҳалкунандаи оммаи халқ дар таърих, шакл ва роли шуури иҷтимоӣ дар инкишофи ҷамъият; нақш ва мавқеи шахсият дар пешрафти ҷомеа ва ғайра.

Муфассал хонед >>


4.Шартҳои ба ақида, эътиқод ва идеалҳо гузаронидани донишҳо

Ташаккули ҷаҳонбинии шахсият як қатор шартҳои мусоидаткунандаи дидактикӣ ва тарбиявии ба эътиқод гузаронии донишҳо ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагонро тақозо мекунад. Ин шартҳоро ба тариқи зайл меорем:

1. Яке аз шартҳои дидактикӣ ва тарбиявии ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон таъмини исботи чуқури илмӣ, итминони мантиқӣ ва беихтилофотии тамоми хулосаҳои назариявӣ ва хусусияти воқеӣ доштани ҷаҳонбинӣ иборат аст. Татбиқоти ин қодида бо роҳҳои зерин зуҳур меёбад:

Муфассал хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Моҳияти ҷаҳонбинӣ дар чист?
  2. Ҷаҳонбинии илмӣ дар инкишоф ва ташаккули шахсият чӣ аҳамият дорад?
  3. Дар ташаккули ҷаҳонбинӣ мактаб кадом вазифаҳоро адо мекунад? 4. Дар синфҳои ибтидои тавассути кадом фанҳо унсурҳо ҷаҳонбинии илмӣ ташаккул дода мешавад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
  • Раҳимов Х. Нуров А. Педагогика. Душанбе, 2000. Юнусов Й. Педагогика.- Душанбе 2005.
ҚаблӣИсмҳои кул ва ҷузъ
БаъдӣМактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ