Метод ва принсипҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

Метод ва принсипхои хукуки сохибкори


Методи ҳуқуқи соҳибкорӣ гуфта маҷмӯи тарзу воситаҳоеро меноманд, бо ёрии онҳо предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Методҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ инҳо ба шумор мераванд:

  • Методи мустақилона ҳал намудани масъалаҳо. Истифода бурдани методи мустақилона ҳал намудани масъалаҳо дар танзими ҳуқуқии фаъолити соҳибкорӣ ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ имконият медиҳад, ки онҳо масъалаҳоро мувофиқи салоҳдиди худ ҳал намояд
  • Методи навиштаҷоти ҳатмӣ. Истифода бурдани ин метод талаб мекунад, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ чунин ба танзим дароварда шаванд, ки дар он супоришҳои ҳатмие, ки аз ҷониби иштирокчии муносибатҳои соҳибкорӣ дода мешавад, новобоста аз хоҳиши иштирокчиёни тарафи дигари муносибаҳои соҳибкорӣ, иҷро карда шаванд.
  • Методи тавсия. Ҳангоми истифодаи методи тавсия як тарафи муносибатҳои соҳибкорӣ ба тарафи дигар барои самаранок ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ маслиҳат медиҳад.

Принсипҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ гуфта идеяҳо ва қоидаҳои роҳбарикунандаи ҳуқуқи соҳибкориро меноманд. Ин қоидаҳо ҳамчун зерпояи асосии муносибатҳои соҳибкорӣ ба шумор мераванд.

Принсипҳои асосии ҳуқуқи соҳибкорӣ инҳоянд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • Принсипи озодии фаъолияти соҳибкорӣ. Ин принсип таҷассуми худро дар м. 12 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтааст ва инкишофи минбаъдаи он дар моддаҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шудааст. Озодии фаъолияти соҳибкорӣ гуфта аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ озодона шуруъ кардан ва ба амал баровардани фаъолияти соҳибкориро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиётро меноманд
  • Принсипи эътироф,баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамагуна шаклҳои моликият, ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ. Таҷассуми бевоситаи худро принсипи мазкур дар м. 12 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтааст, Ин принсип маънои онро дорад, ки ҳамагуна шаклҳои моликият ҳам давлатӣ, коллективӣ ва ҳам хусусӣ дар зери ҳимояи давлат қарор доранд ва барои ягон намуди моликитият имтиёз ё маҳдудият муқаррар карда намешавад.
  • Принсипи қонуният. Принсипи қонуният принсипи умумисоҳавӣ ба шумор рафта, ӯ ҳамчун шарти асосӣ барои сохтани давлати ҳуқуқбунёд баромад менамояд. Моҳияти принсипи қонуният дар танзими муносибатҳои соҳибкорӣ дар он аст, ки ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ субъектҳои хоҷагадорӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ бояд бечунучаро талаботҳои қонунгузориро иҷро намоянд. Аз принсипи мазкур ду принсипи дигар бар меояд. Якум, «Ҳар он чизе, ки аз ҷониби қонун манъ карда нашудааст, иҷозат дода мешавад» ва ин қоида дахл дорад ба соҳибкорон. Дуюм, «Иҷозат дода мешавад, фақат он чизе, ки дар қонун муқаррар карда шудааст» барои шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ.
  • Принсипи танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ. Принсипи мазкур ҳангоми батанзимдарории муносибатҳои соҳибкории аз тарафи аксарияти давлатҳои ҷаҳон ҳамчун қоидаи роҳбарикунанда истифода бурда мешавад. Давлат баҳри инкишофи дурусти муносибатҳои соҳибкорӣ шаклҳои гуногуни танзими фаъолияти соҳибкориро истифода менамояд. Мисол, ҳатмӣ будани гузаштан аз қайди давлатӣ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани иҷозатнома, сертификат, муқаррар кардани андоз, муқаррар кардани имтиёз барои инкишофи соҳаҳои алоҳидаи соҳибкорӣ дар давлат, танзими давлатии асъори хориҷӣ ва ғайраҳо.
  • Принсипи озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ. Мустаҳкам намудан ва такмил додани принсипи мазкур дар қонунгузорӣ боиси инкишофи иқтисодиёти кишвар мебошад. Агар дар давлат рақобат солим бошад соҳибкор кушиш ба харҷ медиҳад, ки сифати молҳо, хизамтрасониро беҳтар ва арзонтар намояд, то ки дар рақобати шадиди соҳибкорӣ ғолиб барояд. Инкишофи бевоситаи худро принсипи номбурда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» аз 28 июли соли 2006 ёфтааст.

Принсипҳои зикргардида принсипҳои умумиэтирофгаштае мебошанд, ки аз ҷониби олимони илмӣ ҳуқуқи соҳибкорӣ баррасӣ карда мешаванд. Дар баробари ин муаллифон принсипҳои дигари ҳуқуқи соҳибкориро низ пешниҳод менамоянд. Мисол, принсипи мувофиқати манфиатҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ[1], ё принсипи озодии шартномаи соҳибкорӣ[2].


[1] Ниг.: Раҳимов М.З. Ҳуқуқи соҳибкорӣ (маълумотномаи мухтасар) –Душанбе. «Деваштич», 2007. С. 13.

[2] Предпринимательское (хозяйственное) право. Т. 1. Отв. ред. Олейник О.М. С. 41.


Калидвожаҳо: хукуки сохибкори, ҳуқуқи соҳибкорӣ, соҳибкор, соҳибкорӣ дар тоҷикистон, сохибкори, сохибкори дар точикистон, хукук, ҳуқуқ, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ

ҚаблӣМафҳум ва предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ
БаъдӣМафҳум ва намудҳои субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ