Методхои таълим (омузиш).
Зермавзӯҳо:
- Мафҳуми методи таълим ва усулҳои он
- Таснифоти (гурӯҳбандии) методҳои таълим (омӯзиш).
- Методҳои баёни шифоҳии донишдиҳӣ аз тарафи муаллим ва фаъолгардонии талабагон.
- Методҳои мустаҳкамкунии маводҳои омӯхташуда.
- Методҳои кори мустақилонаи талабагон оиди фаҳмидагирӣ ва азхудкунии маводи нав
- Методҳои дар амал истифодабарии донишҳо
- Методҳои санҷиш ва баҳодии дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон
- Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯии таълим
1.Мафҳуми методи таълим ва усулҳои он
Ба саволи анъанавӣ – чӣ тавр бояд омӯхт – ҷустуҷӯи ҷавоб моро ба категорияи методҳои таълим рӯ меоваронад. Зеро бидуни методҳо ба мақсади гузошташуда ноил гаштан, иҷро кардани мазмуни муайян, таъмин кардани омӯзиш бо фаъолияти фаҳмидагирӣ имконнопазир аст. Метод – маркази раванди таълим аст. Нақши он дар системаи «мақсад – мазмун – методҳо – шаклҳо – воситаҳои омӯзиш» муайян мебошад.
Тафсири метод дар чандин маврид такрор меёбад, вале ба мавқеъ: методҳои татқиқоти илмӣ, методҳои тарбия, методҳои таълим ва ғайра. Методи таълим (аз юн. methodos – роҳ, тарз, татқиқ, тариқ), ин ба низомоварии фаъолияти педагог ва талабаҳо, ки ба ноилгардии мақсади гузошташудаи омӯзиш равона карда шудааст.
2.Таснифоти (гурӯҳбандии) методҳои таълим (омӯзиш)
Методҳои таълим хеле зиёданд, муайян кардани миқдори онҳо имкон надорад. Таснифоти методҳо аз нигоҳи мантиқ, хусусият, муносибат ва вазифаҳои таълимиашон бояд ба гурӯҳҳои муайян тақсим шаванд. Аммо ҳоло дар мактаб чунин таснифоти ягонаи методҳо вуҷуд надорад, педагогу методистон ба як қарори қатъӣ наомадаанд. Бовуҷуди он дар назария ва амалияи омӯзиш чандин таснифот арзи вуҷуд дорад, ки онҳо на мухолифи якдигаранд, балки ҳамдигарро пурра мекунанд ва ба муаллимон имконият медиҳанд, ки дар омӯзиши мавод аз ҳар ҷиҳат рафтор кунанд.
3.Методҳои баёни шифоҳии донишдиҳӣ аз тарафи муаллим ва фаъолгардонии талабагон
Дар ин гурӯҳ моҳият ва вазифаҳои методҳои даҳанакии ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ, тасвир ва намоиш мухтасар маънидод карда мешаванд.
Ҳикоя (нақл) – методи хеле маъмули раванди таълими дар синфҳои ибтидоӣ мебошад. Ҳикоя методи баёни нақлу хабардиҳии муаллим нисбати маводи таълимӣ ва барангехтану фаъол гардонидани диққати талабагон ба дарс мебошад. Ин метод барои мактабиёни хурдсол дар маълум кардани маълумотҳои ҳаётӣ хеле писанд меояд. Ҳикоя бештар мавриди омӯзонидани мафҳумоти илмӣ, қонунҳо, кашфиётҳои илмӣ, воқеаҳои аҷоиби таърихӣ, тарҷумаи ҳоли олимон, донишмандон, адибон истифода бурда мешавад. Ҳикоя бояд, мувофиқи хусусияти худ бо образҳои таъсирбахш, пурмазмун ва мантиқан дуруст ба шогирдон баррасӣ гардад.
4.Методҳои мустаҳкамкунии маводҳои омӯхташуда
Донишҳои илмӣ баъди гузаштани зинаҳои муайян дар хотир нақш мебандад, пойдор мегардад, ки барои он хизмати методҳои сӯҳбат, мушоҳида ва кор бо китоби дарсӣ калон аст.
Методи сӯҳбат. Сӯхбат методи шифоҳӣ буда, истифодаи он бештар дар мустаҳкамкунии маводи таълимӣ рост меояд. Ин воситаи хеле маъмули омӯзиш дар мавридҳои дигари дарс ҳам, чунончи, ҳангоми санҷиши вазифаи хонагӣ, корҳои мустақилона, баёни мавзӯи нав ва такрорӣ, ҷамъбасти машғулиятҳои таълимӣ, аснои ба саволҳои ҷавобгирӣ истифода бурда мешавад.
Ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ хусусияти монологӣ (гуфтори муфассали як кас), вале сӯҳбат ба методи диалогӣ (гуфтугӯи ду ва ё зиёдаи одамон) мансубият дорад. Сӯҳбат воситаи хуби алоқаи бозгашт дошта, муаллим зимни он чиро донистан ва надонистани талабаро фаҳмида мегирад ва дар рафти сӯҳбат камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ мекунад.
5.Методҳои кори мустақилонаи талабагон оиди фаҳмидагирӣ ва азхудкунии маводи нав
Бидуни корҳои мустақилонаи таълимӣ дониш пойдор нахоҳад шуд. Барои ин аз методи кор бо китоби дарсӣ, корҳои лабораторӣ истифода бурда мешавад.
Кор бо китоби дарсӣ. Дар мустақилона донишандӯзии толибилмон ҳам китоби дарсӣ ва дигар адабиётҳои мададрасон нақши муҳим мебозанд. Афроде, ки дил ба худомӯзӣ мебандад, кӯллаҳои баланди муроди хеш фатҳ менамояд. Низомии Ганҷавии бузург фармудаанд:
Ҳар ки зи – омӯхтан надорад нанг,
Дур барорад зи обу лаъл аз санг.
Методи кор бо китоби дарсӣ намудҳои гуногун дорад ва он аз толибилмон барои азхудкунии донишҳои нав ба нав бо диққат омӯхтани маводро тақозо мекунад. Чунки аз он хулосаҳои назариявии қоидаҳо, хулосаҳо, қонунҳо ва ғайраҳо бармеоянд.
6.Методҳои дар амал истифодабарии донишҳо
Мақсад аз омӯзиш дар талабагон ҳосил кунонидани дониш, маҳорату малакаҳо, бахухсус дар амал истифода бурдани донишҳо мебошад, ки ин вазифаҳоро методи машқ ва корҳои лабораторӣ иҷро мекунанд.
Методи машқ. Маҳорату малакаҳо дар натиҷаи такрор ба такрор машқкунӣ ҳосил мегардад. Ҳамаи фанҳои таълимӣ машқҳои ба худ хос доранд. Дар синфҳои ибтидоӣ барои ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳои аввалин дар дарсҳои забони модарӣ, риёзӣ, табиатшиносӣ, санъати миллӣ ва меҳнат, мусиқӣ машқҳои тайёрӣ ва эҷодӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Муаллим пешопешакӣ матн ва вазифаро муайян мекунад ва тайёрии кӯдаконро месанҷад.
7.Методҳои санҷиш ва баҳодии дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон
Ба ин гурӯҳ методҳои мушоҳидаи ҳамарӯза аз болои корҳои хонандагон, пурсиши шифоҳӣ, корҳои контролӣ, санҷӣши корҳои хонагӣ, назорати барномавӣ дохил мешаванд. Ба ин гурӯҳ методҳои мушоҳидаи ҳамарӯза аз болои корҳои хонандагон, пурсиши шифоҳӣ, баҳогузорӣ дар дарс, корҳои контролӣ, санҷиши корҳои хонагӣ, назорати барномавӣ дохил мешавад. Санҷиш ва баҳодиҳии дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон ҷиҳати басо муҳими ҷараёни омӯзиш ба шумор меравад. Ин методҳо мутобиқи принсипи системанокӣ, пайдарҳамӣ ва устувории омӯзиш дар тамоми ҷараёни соли таҳсил истифода бурда мешаванд.
8.Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯии таълим
Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯӣ дар таълими проблемавӣ истифода бурда мешаванд. Проблема истилоҳи юнонӣ (pқoӣlӯmа – вазифа) буда, ба маънои васеаш масъалаҳои мураккаби назариявӣ ё амалӣ, ки таҳқиқу ҳалли онҳоро тақозо мекунад, фаҳмида мешавад. Проблема ин савол ё масъалаест, ки барои мукаммал гардонидани донишҳои хонандагон ба миён гузошта шуда, онҳоро ба фикркунӣ, ҷустуҷӯӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят менамояд.
Дар мактаби муосир ба мақсади инкишоф додани фаъолияти эҷодии толибилмон аз таълими проблемавӣ истифода мебаранд. Фикркунӣ ҳар вақт аз вазъияти проблемавӣ сар мезанад. Вазъияти проблемавӣ инъикоси мухолифатҳои мавҷудаи ҷараёни таълимӣ мебошад.
Санҷиши контролӣ
- Методи таълим чист?
- Кадом таснифоти методҳои таълим ба шумо маъкӯл шуд?
- Вазифаи умумии методҳо аз чӣ иборат аст?
- Мазмуни методи ҳикояро ифшо диҳед.
- Моҳимяти методи сӯҳбат дар чист?
- Аз хусусиятҳои методи лексияи мактабӣ ном баред.
- Моҳияти методи кор бо китоб дар чист?
- Аҳамияти методи намоишдиҳиро шарҳ диҳед.
- Методи машқ кай ва барои чӣ истифода бурда мешавад?
- Методи лаборатория чӣ аҳамият дорад?
- Аҳамияти методҳои проблемавӣ дар чист?
Адабиёт барои худомӯзӣ
- Выбор методов обучения в средней школе (Под ред. Ю. К. Бабанского). – М., 1981.
- Есипов Б. П. Самостоятельная работа учащихся на уроке. – М., 1961.
- Лутфуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995.
- Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
- Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.
- Раҳмиов Х. Педагогика – Душанбе, 1997.
- Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
- Сангинов Н. Дидактика. – Душанбе, 1992.
- Харламов И. Ф. Педагогика. – М., 1990.
- Юнусов Й. Педагогика: Душанбе, 2005.