Таснифоти (гурухбандии) методхои таълим (омузиш).
Методҳои таълим хеле зиёданд, муайян кардани миқдори онҳо имкон надорад. Таснифоти методҳо аз нигоҳи мантиқ, хусусият, муносибат ва вазифаҳои таълимиашон бояд ба гурӯҳҳои муайян тақсим шаванд. Аммо ҳоло дар мактаб чунин таснифоти ягонаи методҳо вуҷуд надорад, педагогу методистон ба як қарори қатъӣ наомадаанд. Бовуҷуди он дар назария ва амалияи омӯзиш чандин таснифот арзи вуҷуд дорад, ки онҳо на мухолифи якдигаранд, балки ҳамдигарро пурра мекунанд ва ба муаллимон имконият медиҳанд, ки дар омӯзиши мавод аз ҳар ҷиҳат рафтор кунанд.
Таснифоти методҳо омӯзишро ба танзим ва система меорад. Воситаҳои омӯзишро ба гурӯҳбандии муайян ҷудо мекунад. Таснифоти методҳо ба муаллим ииконият медиҳад, ки дар омӯзиши маводи таълимӣ роҳи беҳтаринро интихоб кунанд.
Олимони илми педагогика методҳои омӯзишро мувофиқи фаҳмиши худ ҳар хел таснифот додаанд. Аз он ҷумла Ю. К. Бабанский методҳои таълимро ба се гурӯҳи асосии зайл тақсим кардааст:
а) методҳои ташкилкунӣ ва бавуҷудоварии фаъолияти таълимӣ – маърифатӣ;
б) методҳои ҳавасмандгардонӣ ва ба вуҷуд овардани фаъолияти таълимӣ – маърифатӣ;
в) методҳои назорат ва худназоратии самарабахши фаъолияти таълимӣ – маърифатӣ.
Дар муносибати амалиёти дидактикӣ таснифоти М. А. Данилов ва Б. П. Есипов бештар мувофиқат мекунад. Онҳо ба он такя кардаанд, ки агар методҳои таълим ҳамчун тарзи ташкилу танзими фаъолияти таълимии талабаҳо оид ба ҳалли мақсад ва вазифаҳои дидактикӣ баромад кунанд, пас, онҳоро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан равост: 1. методҳои ҳосилкунии донишҳои нав, 2. методҳои ташаккули маҳорат, 3. малака ва истифодабарии онҳо дар амал, методҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаҳо.
Ин таснифот бо вазифаҳои асосии омӯзиш бештар мувофиқат мекунад ва барои беҳтар фаҳмидани вазифаҳои онҳо мадад мерасонад. И. Ф. Харламов ин таснифотро эътироф намуда, навиштааст, агар дар таснифоти нишондодашуда ин иловаҳо дохил карда шаванд, он гоҳ ҳамаи методҳои гуногуни таълимро ба панҷ гурӯҳи зайл тақсим кардан мукин аст:
а) методҳои баёни шифоҳии донишдиҳӣ аз тарафи муаллим ва фаъолгардонии талабагон: ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ, тасвир ва намоиш;
б) методҳои мустаҳкамкунии маводи омӯхташуда: сӯҳбат, кор бо китоби дарсӣ (пешниҳоди И. Ф. Харламов);
в) методҳои кори мустақилонаи талабагон оиди фаҳмидагирӣ ва азхудкунии маводи нав: кор бо китоби дарсӣ, корҳои лабораторӣ (пешниҳоди И. Ф. Харламов);
г) методҳои корҳои таълимӣ нисбати дар амал татбиқ кардани дониш, ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳо: машқҳои хаттӣ ва амалӣ, машғулиятҳои лабораторӣ;
д) методҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон: мушоҳидаи ҳамарӯза аз болои корҳои талабагон, пурсиши шифоҳӣ, баҳои ҳаррӯза, корҳои контролӣ, санҷиши корҳои хонагӣ, назорати барномавӣ[1].
Ин таснифоти муштараки олимон қобили дастгирист, зеро он бо пайдарҳамӣ, мукаммалӣ ва возеҳии худ аз таснифоти дигарон фарқ мекунад ва мо ҳам дар ҳамин мавқеъ истода, ба он бо баъзе изофаҳои маҳаллӣ риоя мекунем.
Ҳоло мувофиқи таснифоти фавқулзикр ба тавсифи методҳои алоҳидаи омӯзиш таваққуф мекунем.
[1] Харламов И. Ф. Педагогика. – М., 1990, с. 197 – 98.