Маълумот дар бораи Микроскоп

Микроскоп асбоби пурбиншакле аст, ки акси ашёро садҳо ва ҳатто ҳазорҳо маротиба калон нишон медиҳад.

Кашфу такмили аввалини микроскоп дар асри XVII ба вуқӯъ омадааст. Кашшофи микроскопе, ки ашёро тақрибан 270 маротиба калон нишон медод, олими ҳолландӣ Антони ван Левенгук буд. Дар соли 1665 олими англис Р. Гук дар зери микроскопи ихтироъкардааш буридаи ниҳоят тунуки пӯкро гузошта, мушоҳида кард, ки он аз катакчаҳои (пуфакчаҳои) ниҳоят хурд-хурди ба орухона монанд иборат аст. Ӯ онҳоро ҳуҷайра номид. Агар пурбин вобаста ба имконияташ ашёро 2-25 маротиба калон кунад, микроскопи мактабӣ онро то 200 маротиба, микроскопи биологӣ (равшанӣ) бошад то 3600 маротиба калон мекунад. Микроскопҳои электроние, ки дар солҳои 30-юми асри XX ихтироъ шудаанд, акси ашёро даҳҳо ва садҳо ҳазор маротиба калон нишон медиҳанд.

Қисми асосии микроскопи равшанӣ, ки шумо бо он дар мактаб машғулият мегузаронед, аз шишаи пурбин иборат буда, он ба найчаи биниш ё тубус (тубус калимаи лотинӣ буда, маънояш «найча» аст) гузошта (13) шудааст. Дар қисми болои найча окуляр, ки аз чанбарак ва ду шишаи пурбин иборат аст, ҷой гирифтааст. Номи «окуляр» аз калимаи лотинии «окулус» гирифта шуда, маънояш чашм мебошад. Ҳангоми тавассути микроскоп дидани ашё, чашмро то ҳадди даркорӣ ба окуляр наздик мебаранд.

Дар қисми поёни тубус объектив ҷойгир шудааст, ки аз чанбарак ва якчанд шишаи пурбин иборат аст. «Объектив» аз калимаи лотинии «объектум» гирифта шуда, маънояш ашё аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо ёрии микроскоп ҳуҷайраи тамоми узвҳои рустаниро дидан мумкин аст. Барои тайёр кардани препарат (буридаи тунуки ягон узви рустанӣ) аз ягон узви рустанӣ бо теғи тез порчаи тунукеро бурида мегиранд. Ба лавҳачаи шишагини тоза як қатра об чаконида, порчаи буридаро ба он гузошта болояшро бо шишаи рӯйпӯши нафис мепӯшанд. Агар аз канораи шишаи рӯйпӯш об дамида барояд, онро бо обчинак меҷаббанд. Ҳамин тавр, препарат тайёр мешавад ва онро дар зери микроскоп (14) дидан мумкин аст. Дар вақти бо микроскоп кор кардан риояи чунин қоидаҳо ҳатмист: пояи микроскопро ба тарафи худ нигаронида, аз канори миз 5-10 см дур гузоред. Тавассути оинача рӯшноиро ҷониби сӯрохии мизчаи ашёгузор равон кунед.

Препарати тайёршударо дар болои мизчаи ашёгузор гузошта, онро бо ду сиққонак маҳкам кунед. Тубусро бо ёрии винт ба поён оҳиста ҳаракат дода, ба препарат то 1-2 мм наздик баред. Ба окуляр нигоҳкунон тубусро то равшан намудор шудани акси ашё оҳиста боло бардоред. Пас аз мушоҳида кардани препарати тайёркардашуда хулосаҳоятонро дар дафтаратон қайд карда, сипас микрос- копро нағзакак тоза карда дар ғилофаш гузоред.

Пурбин чист?


Саволҳо

  1. Кадом асбобҳои калоннишондиҳандаро медонед?
  2. Пурбин чӣ гуна сохт дорад ва он ашёро чанд маротиба калон нишон медиҳад?
  3. Аввалин микроскопро кӣ ихтироъ кард?
  4. Сохти микроскоп чӣ гуна аст?

Маълумот дар бораи Микроскоп бо забони точики, Микроскоп чист?

ҚаблӣПурбин чист?
БаъдӣСохти ҳуҷайраи рустанӣ (растанӣ)