Маълумот дар бораи Клавиатура (сафҳакалид)

Гарчанде дастгоҳҳои иттилоотворидкунандаи (input devices) компютер хеле зиёд бошанд ҳам, сафҳакалид дар байни онҳо мавқеи хоссаро ишғол мекунад. Сафҳакалид (keyboard — клавиатура) асосан афзори воридкунии иттилооти намуди ҳарфӣ-рақамӣ мебошад. Ҳар як тугмаи сафҳакалид сарпушеро мемонад, ки зери он калиди бениҳоят хурди мембранавӣ ҷойгир шудааст. Микропротсессори махсус, ки дар дохили сафҳакалид васл гардидааст, вазъи ин калидҳоро ба ҳисоб гирифта, пас аз ҳар як пахшкунию раҳокунии онҳо ба компютер маълумоти заруриро интиқол медиҳад. Ин гуна маълумот тавассути системаи амалиётӣ коркард мегардад ва натиҷаи он дар экрани монитор инъикос меёбад.

Миқдори тугмаҳои саҳфакалидҳои стандартӣ 101-104-то шуда метавонад. Дар расми зерин яке аз намудҳои сафҳакалиди компютери фардӣ тасвир ёфтааст.

Тавре аз навиштаҷоти болотугмаҳои дар расм овардашуда аён аст, ҳар як тугмаи сафҳакалид ё барои дохил кардани ягон аломат (ҳарф, рақам, аломати китобат) ва ё идоракунии ягон раванди бо воридоти аломатҳо алоқамандбуда пешбинӣ шудааст. Аслан навиштаҷоти болотугмаҳо чандон аҳамият надорад, чунки вазифаи ҳар як тугмаи сафҳакалидро дар дилхоҳ маврид аз нав муайян кардан имконпазир аст. Дар чунин ҳолатҳо кифоя аст, ки аввал вазифаи тугмаҳоро мушаххас гардонем ва баъд навиштаҷоти болои онҳоро иваз кунем. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар сафҳакалидро афзори ҳамакор (универсал)-и ҳарфчинӣ мегӯянд. Сафҳакалид метавонад дар як лахза афзори ҳарфчинии тоҷикӣ, дар дигар лаҳза — русӣ, англисӣ, хитоӣ, арабӣ ва ғайра бошад.

Насби клавиатураи тоҷикӣ дар компютер

Барои тоҷикигардонии сафҳакалид зарур аст, ки пай дар пай силсилафармонҳои зеринро амалӣ гардонем: Пуск – Оғоз > Панель управления — Лавҳаи идоракунӣ > Часы, язык и регион — Соат, забон ва минтақа > Язык (Добавление языка) Забон (Иловакунии забон) > Добавить язык — Забон илова карда шавад > Тоҷикӣ (Раскладка клавиатуры: Таджикская) Тоҷикӣ (Тарҳбандии сафҳакалид: Тоҷикӣ).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар натиҷа афзори   ҳарфчинӣ ба сафҳакалиди тоҷикӣ мубаддал гашта, дар рӯйхати алифбоҳои ҷории Лавҳаи масъалаҳои мизи кории компютер алифбои забони тоҷикӣ (ТОҶ) низ илова мегардад.

Акнун, барои аз як забон ба забони дигар гузаштан кифоя аст, ки аз рӯйхати алифбоҳои ҷорӣ номи алифбои забони зарурӣ (РУС, ENG, ТОҶ ва ғайра) интихоб карда шавад.

Азбаски алифбои забони тоҷикӣ ба гурӯҳи алифбоҳои кириллиасос дохил мешавад, бинобар ин тарзи ҷойгиршавии ҳарфҳои он, ба ғайр аз шаш ҳарфи махсуси алифбои забони тоҷикӣ, бо тарзи ҷойгиршавии ҳарфҳои алифбои русӣ якхела мебошад.

Шаш ҳарфи хоссаи алифбои забони тоҷикӣ дар тугмаҳои сафҳакалид нисбат ба ҳарфҳои англисӣ (русӣ) чунин ҷойгир карда шудаанд: ҳарфи ҷ дар тугмаи s (ы), ҳарфи қ дар тугмаи w (ц), ҳарфи ҳ дар тугмаи о (щ), ҳарфи ӣ дар тугмаи m (ь), ҳарфи ғ дар тугмаи _ (-), ҳарфи ӯ дар тугмаи + (=). Барои ҳосил намудани сарҳарфҳо (ҳарфҳои калон — Ӣ, Ҷ, Қ, Ҳ, Ғ, Ӯ), кифоя аст, ки тугмаҳои зикршуда якҷоя бо тугмаи Shift пахш карда шаванд.


Саволҳо

  1. Сафхакалид чи гуна афзор аст? Оё тарзи кори онро медонед? Барои чӣ онро афзори ҳамакор мегӯянд?
  2. Чӣ тавр сафхакалидро точики гардонидан мумкин аст?
  3. Шаш ҳарфи хоссаи алифбои забони тоҷикӣ дар тугмаҳои сафҳакалид нисбат ба ҳарфҳои англисӣ (русй) чӣ гуна ҷойгир карда шудаанд?

Менюи «Оғоз» (Пуск)

ҚаблӣРавзана
БаъдӣКисмхои клавиатура

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед