Одоби муносибат дар оила. Хусусиятхои оилаи чавoн

Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки оилаҳои ҷавон дар бисёр ҳолатҳо аз волидон вобастаанд ва аз ин хотир ба таври бояду шояд наметавонанд мустақилияти худашонро нишон диҳанд. Ин вобастагии моддӣ ва маънавии оилаи ҷавон, пеш аз ҳама, ба волидон марбут мебошад. Аз ин хотир волидонро зарур аст, ки барои мустақилияти оилаҳои ҷавон шароит фароҳам оваранд, то ки онҳо дар амал ва қабули қарорҳои мустақилона масъулият ҳис намоянд. Яъне камолоти психологӣ ба даст оранд.
Бояд гуфт, ки ноилшавӣ ба камолоти психологӣ нисбат ба камолоти моддӣ душвортар сурат мегирад. Навхонадорон дар ҳалли якҷояи масъалаҳои оилавӣ таҷрибаи кофӣ надоранд. Ин аст, ки байни онҳо нофаҳмиҳо ба амал меоянд, зеро ҳар яке «Ман»-и худашро дар рафти муоширати оилавӣ баланд мегузорад. Онҳо бо баҳсу мунозираҳои мунтазам кӯшиши азнавтарбиякунии якдигарро мекунанд, то ки ба симои психологии модар, падар ё дӯстонашон монанд шаванд. Ҷавоне, ки бо дигар кардани шахсияти ҳамсараш машғул мешаваду ӯро зери таъсири «сиёсат»-и худ қарор додан мехоҳад ва ё ба образи бофтааш мувофиқ кунониданӣ мешавад, бояд бидонад, ки ин амали бефоида аст ва аз назари психологӣ қобили қабул нест. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як шахс фардияти такрорнашаванда буда, танҳо бо дарназардошти ин ҷиҳат ва ҷиҳатҳои дигар метавон муҳити солими оилавиро таъмин кард.
Ҳар як хонавода тартибу низоми хосси худро дорад, ки арӯс ба аксари онҳо ошно нест. Дар ин хонавода шахси аз ҳама наздик шавҳараш мебошад, ки бояд ба ӯ барои зудтар ва ба осонӣ худро аъзои баробарҳуқуқи оила ҳис карданаш маслиҳатгару ёвар бошад.
Душвории асосӣ дар он аст, ки шавҳар ва зани ҷавон дар оилаҳои худ тарбияи гуногун гирифтаанд ва феълу рафторашон мухталиф мебошад. Тадриҷан бе мушкилӣ ворид шудан ба муҳити нави хонаводагӣ яке аз вазифаҳои муҳимми зану шавҳари ҷавон мебошад. Мувофиқ намудани одату рафтори худ ба шароити оила ва иҷро кардани вазифаҳои нави иловашуда, махсусан дар моҳҳои аввали оиладорӣ мушкил аст. Дар ин моҳҳо зану шавҳари ҷавон ҳамдигарро хубтар мешиносанд, ба вазифаҳои нави оиладорӣ шинос мешаванд. Муносибатҳо бо ҳамдигар ва бо хешу табори нав барқарор мегарданд.
Муносибати байни зану шавҳар бояд дар асоси баробарҳуқуқии пурра ба роҳ монда шавад. Муносибат дар оила дар асоси иззату эҳтиром, ғамхорӣ, рафтори дилсӯзонаи ҳамдигар сохта мешавад. Тамоми корҳои оилавӣ бояд бо маслиҳат ва розигии аъзои оила ҳал карда шаванд.
Оиладорӣ кори мураккаб аст. Дар ҳаёти оилавӣ дар баробари шодию хурсандӣ ғаму ташвиш, носозӣ ва рӯҳафтодагӣ низ ба вуҷуд меояд. Дар оилаи солим, ки аъзои он иззату ҳурмати ҳамдигарро медонанд, ҳар корро бо маслиҳат мекунанд, бартараф намудани душворӣ ҳам осон мешавад. Одобу эҳтиром байни зану шавҳар ва волидони ҳамдигар барои мустаҳкам шудани оила воситаи муҳимму зарурӣ аст.
Дар оилае, ки тифоқ, самимият ва иззату эҳтироми байниҳамдигарӣ вуҷуд надорад, кинаю ситеза, моҷарою рӯҳафтодагӣ ба вуҷуд омада, ба пойдории он ва махсусан ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Агаp дар оила муҳаббат, ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад, худи муҳаббати падару модар, самимият ва ҳамкории онҳо дар ҳаёт омили тарбияи фарзандон мешавад. Бунёд кардани оилаи хушбахт ба муносибати самимонаи зану шавҳар вобаста аст.
Дар яке аз ҳикояҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш дар боби одоби оиладорӣ оид ба муносибати зану шавҳар чунин гуфта шудааст: «Мард бояд ки бо аҳли хеш чун кӯдаке бувад дар лаъаб[1] ва ба кадхудоӣ чун мардон бошад. Ва бояд ки хандон ба хона дарояд… Ва бояд ки мард чун табибе устод бувад, ки ҳар як илоҷе дар вақт нигоҳ медорад. Ва сабру эҳтимол (тоқат) бояд, ки ғолиб бувад бо қаҳру истило…».
Ин воқеият аст, ки агар мард бо чеҳраи кушод ба хона дарояд, бо аҳли оилаи худ хушҳолу самимӣ вохӯрӣ кунад ва агар онҳо ӯро бо чеҳраи кушод пешвоз гиранд, ин рафтори вай ба ҳамаи онҳо таъсири мусбат мерасонад ва шароити психологии оила муътадил мегардад. Албатта, ҳаёти оилавӣ бе камбудӣ намешавад ва мард бояд дар ҳар ҳолат норозигӣ, қаҳру ғазаби худро фурӯ нишонда тавонад. Агаp дар байни зану шавҳар ягон норизогӣ пайдо шавад, онҳо бояд ботамкин фикри худро ба якдигар баён кунанд, бо маслиҳат ба як қарори дуруст биоянд. Саъдии бузург дар ин бора чунин фармудааст:
Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр,
Тарки ризои хеш кунад дар ризои ёр.
Зану шавҳари ҷавон барои осоишу саодати оила бояд ба ҳамдигар гузашт карданро омӯзанд. Бо якравӣ гапи худрогузаронидан сабабинизои оилавӣ мешавад. Дар оилае, ки байни зану шавҳар ҷанҷол бошад, аҳли хонавода низ худро ноорому ноосуда ҳис мекунанд.
Зану шавҳар бояд маслиҳатгар ва дӯсти наздики ҳамдигар бошанд ва камбудии якдигарро хайрхоҳона ба ҳамдигар фаҳмонда ба ислоҳи он кӯшанд.
Баъзан, махсусан занҳо, агар аз ягон рафтори ҳамсарашон хафа шаванд, ба падару модар, дӯст ё хешу таборашон шикоят мекунанд. Ин рафтори нодуруст аст, зеро пайдо шудани гапу овозаи зиёдатӣ сабаби дилхунукӣ байни зану шавҳари ҷавон ва бад шудани муносибати тарафайн мешавад.
Воқеаеро, ки ба шумо мисол меорем, дар яке аз деҳаҳои назди шаҳри Душанбе рух додааст: Мард аз кор ба хона бармегардад, ки занаш дар хона нест. Аз модараш мепурсад. Модараш мегӯяд, ки аз пагоҳӣ баромада рафтааст ва куҷо рафтанашро ҳам нагуфтааст. Зан дар ин бора ба шавҳараш ҳам чизе нагуфта буд. Мард дар қаҳр шуда, интизори бозгашти ҳамсараш мешавад. Баъд аз муддате зан бармегардад. Мард худро идора карда натавониста, гапҳои бад мегӯяд ва занашро як шаппотӣ ҳам мезанад. Зан ҳам дар сари қаҳру ғазаб доду фарёд мекунад ва ба хонаи падараш меравад ва шикоят мекунад, ки шавҳараш ӯро задааст. Cе бародари зан бо хашму ғазаб ба хонаи домод омада, бе пурсиши сабаби моҷаро домодро чунон мекӯбанд, ки ӯ ба беморхона меафтад. Мавзӯи ин ҷанҷол ҳатто ба идораи маъмурӣ мерасад. Бародарон бо гуноҳи авбошӣ ба муҳлати гуногун ба ҳабс гирифта мешаванд. Дар натиҷаи ин моҷаро мард занашро талоқ медиҳад. Ҳамин тариқ, оилае, ки аз ташкилшавии он ҳамагӣ се моҳ гузашта буд, вайрон мегардад.
Дар ин моҷаро зану шавҳар ҳар ду ҳам айбдоранд, аммо зан бештар. Аввал ин ки аз рӯйи одоб зан пеш аз рафтанаш ба ҷое бояд ба хушдоман ва шавҳараш хабар медод. Дар ҳар сурат барои осоишу оромии оила ҳама кор бояд бо маслиҳату машварат иҷро карда шавад.
Аpӯc ба оилаи шавҳар ҳамчун фарзанд дохил мешавад, волидони арӯс ҳам домодро чун фарзанди худ қабул мекунанд. Аз ин pӯ яке аз сабабҳои мустаҳкам шудани оила ба ҷо овардани иззату эҳтироми волидони якдигар мебошад. Дар зарбулмасали халқӣ омадааст, ки «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд». Аз ин хотир дар хонадоне, ки корҳои оилавию рӯзгор бо маслиҳату ризоияти тарафҳо анҷом ёфта, эҳтироми аъзои оила ба ҷо оварда мешавад, доимо хушбахтию оромӣ ҳукмфармост. Зану шавҳари ҷавон камбудию хатоҳои рафтори хешро бояд ҳамроҳ, дӯстона ва хушбинона ҳал кунанд. Аҳмади Дониш дар ин бора дар маслиҳат ба зан чунин гуфтааст: «Аммо ҳаққи шавҳари хеш ҷуз накуӣ нагӯяд ва айби шавҳари худро бипӯшад ва густохие миёни ишон бувад, дар муошират ва мубошарат ҳикоят накунад. Ва дар ҳама корҳо бо муроду шодии шавҳар ҳарис бошад… ва шафқат нигоҳ дорад».
Падару модар дар оила ашхоси муътабаранд. Дар тӯли зиндагӣ ва оиладорӣ таҷрибаи бузурги рӯзгорро андӯхтаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба фарзандони худ бадӣ намехоҳанд ва мудом дар фикри хушбахтии онҳо мебошанд. Фарзандон ҳам бояд падару модарро маслиҳатгари аввалини худ донанд ва барои осон шудани ҳар мушкиле, ки рӯзгор пеши онҳо мегузорад, барои маслиҳат ба онҳо муроҷиат кунанд.
Навхонадорон баъди бунёди оила соҳиби фарзанд мешаванд. Ба дунё омадани фарзанд дар оила мавқеъ ва нақши ҳамсаронро як андоза тағйир медиҳад. Онҳо бояд ба тарзи ҳаёти нав, ба илова шудани мушкилиҳои психологӣ ва ҷисмонӣ, маҳдудшавии вақтиумумиифароғат ва ғайра мутобиқ шаванд. Ҳамсарон то таваллуди кӯдак имкониятҳои баробари кор кардан, хондан ва муоширатро бо наздикон ва дӯстон доштанд ва ин шароит акнун тағйир меёбад. Илова бар ин, тавлиди кӯдак гӯё ба ҳамсарон пешниҳод мекунад, ки имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва муоширатро ҷустуҷӯ кунанд. Ҳамаи ин метавонад дар рушди оила шароити мусоид ё номусоидро ба вуҷуд оварад. Агар ҳамсарон то таваллуди кӯдак ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои якдигар, фаҳмидани ҳолатҳои равонии ҳамдигар ва якҷоя ҳал кардани масъалаҳои пайдошудаи оилавиро ёд гирифта бошанд, он гоҳ таваллуди кӯдак бешубҳа муносибатҳояшонро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад. Дар ин ҳолат тақсимоти нақшҳои ҳамсарон дучори дигаргунии сахт нашуда, балки он ба ташаккули умумияти оила мусоидат мекунад. Пас таваллуди кӯдак омили устувории оила мешавад ва ба ин маънӣ чунин ҳикмати халқиро овардан бамаврид аст: «Навзод бо ҳастиаш атрофиёнро тарбия мекунад».
Мушоҳидаҳои психологӣ ба он далолат мекунанд, ки навхонадорони дар вазъияти буҳрони муносибатҳои оилавӣ қарордошта ба хотири кӯдаки дар батни модараш буда ба созиш меоянд ва ба ин васила муҳити солими муошират дар хонавода аз нав барқарор мешавад.
Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» чунин овардааст: «Эй писар, чун зан хостӣ, ҳурмати худро наку дор. Агаpчанд чиз азиз аст, аз зану фарзанд азизтар нест ва чизи худ аз зану фарзанд дареғ мадор, аммо аз зани босалоҳ ва фарзанди фармонбардору меҳрубон. Ва ин корест, ки ба дасти туст, чунон ки ман дар байте гӯям:
Фарзанд чу парварию зан чу дорӣ,
Бояд ки ба гуфти оқилон гӯш дорӣ.
[1] лаъаб (лаъб, лаиб) – бозӣ, хушӣ
Саволҳо
|



















