Муносибати байни мафҳумҳо

Муносибати байни мафхумхо.


Дар раванди таълим, ҳангоми баён ё мураттаб сохтани маҷмӯи ақи- даҳо доир ба ин ё он масъала, инчунин дар бисёр мавридҳои дигар, на танҳо зарурати таъбири навъи мафҳумҳо ба миён меояд, балки муайян кардани муносибати байни мафҳумҳо, аз масъалаи муҳим ба шумор меравад. Дар чунин мавридҳо фикре, ки мисли гуфтори мо: «ин мафҳум ба фалон мафҳум ниҳоят наздик аст» баён мешавад, фақат корро печ дар печ мекунанду бас. Барои он, ки чунин ҳолатҳо рӯй надиҳанд, навъҳои муносибати як мафҳум бо мафҳуми дигар бояд дуруст ва амиқ нишон дода шавад. Ин корро, танҳо бо ёрии илми мантиқ ҳал кардан мумкин аст.

Ҳангоми муайян намудани муносибати байни мафҳумҳо бояд ду ҷиҳати онҳоро ба назар гирифт: мазмун ва ҳаҷм. Муносибати байни мафҳумҳо аз рӯи мазмун ба муносибати байни гуфторҳо якхела аст. Фарз мекунем, ки мафҳумҳои зерин дода шуда бошанд: (1) xA(x); (2) xB(x)

Мегӯянд, ки мазмуни мафҳуми (1) назар ба мазмуни мафҳуми (2) зиёдтар аст, фақат ва фақат дар чунин ҳолат, ки агар A(x) -¦ B(x)  буда, лекин B(x) -¦ A(x) набошад.

Мегӯянд, ки мафҳумҳои (1) ва (2) аз рӯи мазмун ба якдигар мусовӣ мебошанд, танҳо дар чунин ҳолат, ки агар A(x) -¦ B(x) ва B(x) -¦ A(x) бошад, ҳаҷми ин мафҳумҳо баробаранд. Масалан, «инсоне, ки агар донишҷӯ бошад, пас вай аълохон аст» ва «инсоне, ки донишҷӯ нест ё аълохон мебошад».

Мафҳумҳои (1) ва(2) аз рӯи мазмун дар муносибати зиддият мешаванд, агар формулаи А(х) ва В(х) дар як вақт на ҳақ ва на дурӯғ бошанд, яъне онҳо якҷояшаванда нестанд. Масалан, «донишҷуе, ки ҳамаи имтиҳонҳоро супоридааст» ва «донишҷӯе, ки баъзе имтиҳонҳоро насупоридааст». Муносибати мазкур дар байни мазмуни мантиқии мафҳумҳо муқаррар мешаванд. Муносибати байни мазмуни воқеии мафҳумҳо низ айнан ҳамин тавр собит мешавад. Аз рӯи ҳаҷм мафҳумҳо ба мафҳумҳои якҷошаванда ва якчонашаванда тақсим мешаванд. Мафҳумҳое, ки ҳаҷми онҳо пурра ё қисман ба якдигар мувофиқ аст, мафҳумҳои якҷошаванда номида мешаванд. Масалан, мафҳумҳои «донишҷӯ», «варзишгар», «ҳуқуқшинос», «муфаттиш» ва ғайраҳо мафҳумҳои якҷошаванда мебошанд. Мафҳумҳое, ки ҳаҷми онҳо ягон  унсури умумӣ надоранд, мафҳумҳои якҷонашаванда ном доранд. Масалан, «молик» ва «камбағал», «давлати  капиталистӣ» ва «давлати сотсиалистӣ» ва ҳоказо.

Дар байни мафҳумҳои якҷошаванда  муносибатҳои зерин  мавҷуданд: 1)  айният ё баробарҳаҷм; 2) тобеият); 3)  муносибати чилликӣ.

Муносибати байни мафҳумҳои якҷонашаванда инҳоянд: 1) тобеияти якҷоя; 2) муқобилият; 3) зиддият (таноқиз).

Бо мақсади дар хотир нигоҳ доштани навъҳои муносибати байни мафҳумҳо, муносибатҳои мазкурро тавассути ҷадвал тасвир менамоем.

   Мафҳумҳои якҷошаванда   Мафҳумҳои якҷонашаванда
1      Муносибати айният   Муносибати тобеияти якҷоя
2      Муносибати тобеият   Муносибати муқобилият
3       Муносибати чилликӣ   Муносибати зиддият

Акнун навъҳои муносибати байни мафҳумҳои якҷошавандаро дида  мебароем.

Мафҳумҳое, ки ҳаҷмашон ба ҳамдигар пурра мувофиқанд, мафҳумҳои айниятдор (баробарҳаҷм) ном доранд.  Масалан, мафҳумҳои «мавҷудоти зинда, ки нармаи гӯши он мулоим аст» ва «мавҷудоти зинда, ки дорои сухани сареҳ аст» дар муносибати  айният мебошанд.

Агар ҳаҷми мафҳуми якумро бо ёрии доираи А ва ҳаҷми мафҳуми дуюмро бо доираи В тасвир намоем,онгоҳ муносибати ин мафҳумҳоро  чунин тасвир кардан мумкин аст (расми 1):

Дар ин ҷо доираҳо болои якдигар меафтанд.

Агар ҳаҷми як мафҳум пурра ба ҳаҷми мафҳуми дигар дохил шавад (лекин на баръакс), он гоҳ мегӯянд, ки мафҳумҳои мазкур дар муносибати тобеият аст. Масалан мафҳумҳои «ҳуқуқшинос»  (А) ва «адвокат»  – (В) дар муносибати тобеият мебошанд.

Муносибати мазкур тавассути доираҳо дар расми 2 тасвир шудааст.

Мафҳуме, ки ҳаҷмаш калон аст (дар мисоли мо ҳуқуқшинос),  мафҳумҳои тобеъкунанда ва мафҳуме,ки ҳаҷмаш хурд аст (адвокат) маф-ҳуми тобеъшаванда ном дорад.

Агар мафҳумҳои тобеъкунанда ва тобеъшаванда, мафҳумҳои  куллӣ бошанд, он гоҳ мафҳуми тобеъкунандаро ҷинс ва мафҳуми тобеъшавандаро фасл ё навъ меноманд. Агар мафҳуми тобеъкунанда куллӣ ва мафҳуми тобеъшаванда фардӣ бошад, он гоҳ мафҳуми куллиро фасл ё навъ ва мафҳуми фардиро фард мегӯянд.

Расми 3

Ду мафҳуме, ки ҳаҷмашон қисман бо якдигар  мувофиқанд, мафҳумҳои чилликӣ меноманд. Масалан, мафҳумҳои «донишҷӯ» (А) ва «варзишгар» -В дар муносибати чилликианд. Муносибати мазкур дар расми 3 тасвир шудааст:

Акнун навъҳои муносибати байни мафҳумҳои якҷонашавандаро дида мебароем. Агар ду ва ё зиёда мафҳумҳои якҷонашаванда нисбат ба як мафҳуми ҷинсӣ дар муносибати тобеият бошанд, он гоҳ мегӯянд, ки ин мафҳумҳо муносибати тобеияти якҷоя доранд.

Бо ибораи дигар гӯем, ду ва ё зиёд мафҳумҳое, ки ҳаҷми онҳо унсурҳои умуми надошта нисбат ба мафҳуми дигар дар муносибати тобеиятанд мафҳумҳои тобеияти якҷоя мебошанд.

Дар ин маврид, мафҳуми ҷинсии барои онҳо умумӣ нисбат ба ҳар як мафҳуми тобеияти якҷоя, мафҳуми тобеъкунанда мебошад.                                                                       В

Масалан, мафҳумҳои «ришвахӯрӣ»-(В) ва «бо роҳи  ғайриқонунӣ паҳн шудани маводи муқадир – (С)  нисбат ба мафҳуми  «ҷиноят» -(А) дар муносибати тобеияти якҷоя мебошанд. Муносибати тобеияти якҷоя дар расми 4 тасвир шудааст.

Агар унсурҳои ҳаҷми як мафҳум дорои нишонаҳо бошанд, ки ба  нишонаҳои унсурҳои ҳаҷми мафҳуми дигар мухолиф бошанд, он гоҳ мегӯянд, ки мафҳумҳои мазкур нисбат ба якдигар дар муносибати муқобил мебошанд. Масалан, «сиёҳӣ» ва «сафедӣ», «гармӣ» ва «хунукӣ», « калон» ва «хурд». Нишонаҳои мухолиф дар як вақт ва дар як нисбат ба як чиз тааллуқ дошта наметавонанд, зеро ашёе ҳаст, ки ба он ҳеҷ кадом аз нишонаҳои мухолиф мутаалиқ нестанд ва онҳо ба ҳаҷми мафҳуме дохил мешаванд, ки унсурҳои ҳаҷми онро ашёи дорои нишонаҳои мухолиф ташкил менамояд.

Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ҳаҷми мафҳуми ҷинсиро танҳо бо ҳаҷ-ми мафҳумҳои муқобил тавсиф кардан мумкин нест, зеро дар он унсурҳое ҳастанд, ки ба ҳаҷми мафҳумҳои муқобил дохил  намешаванд.

Масалан, мафҳумҳои «чизи сафед» -(В) ва «чизи сиёҳ» – (С) мафҳумҳои муқобил мебошанд. Агар мафҳуми «чизе, ки дорои ягон хел ранг мебошад» – ро бо (А) ишора намоем, пас муносибати  байни мафҳумҳои (А), (В) ва (С) – ро ин тавр тасвир  кардан мумкин аст.

Агар дар яке аз мафҳумҳо ашё дар асоси як зумра нишонаҳои ба онҳо мансуб ҷудо карда шуда, дар мафҳуми дигар ин нишонаҳо истисно шаванд, он гоҳ мегӯянд, ки  мафҳумҳои мазкур байни ҳамдигар дар муносибати зиддиятанд.

Дар мафҳумҳои зид як чиз дар як вақт унсури ҳаҷми ҳар дуи маф-ҳум шуда  наметавонад. Ҳаҷми мафҳумҳои зид ҳаҷми мафҳуми барои онҳо ҷинси наздик бударо пурра инъикос менамояд.

Масалан, «мафҳумҳои кирдори сазовори ҷазо буда»-(А) ва «кирдори сазовори ҷазо набуда»  ℸА зид мебошанд.

Агар мафҳуме, ки барои мафҳумҳои А ва ℸА В мафҳуми ҷинсӣ аст, бо В ишора кунем, он гоҳ муносибати мафҳумҳои зид чунин тасвир мешвад:  нигаред ба расми 6.

Чунинанд, муносибатҳои асосии байни мафҳумҳо.

ҚаблӣАхлоқ – Хазинаи маърифат
БаъдӣАмалҳо бо мафҳумҳо (Амалхо бо мафхумхо)