Дар рӯшноӣ гази карбонатро фурӯ бурда, оксигенро хориҷ кардани баргҳо

Дар рушнои гази карбонатро фуру бурда, оксигенро хорич кардани баргхо. Чӣ тавре ки қаблан қайд кардем, фотосинтез равандест, ки дар рӯшноӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ – об ва гази карбонат дар барги сабзи рустаниҳо моддаҳои органикӣ (қанд, оҳар) ҳосил мегардад ва оксиген (53) хориҷ мешавад. Рустаниҳо гази карбонатро аз ҳаво қабул мекунанд (фурӯ мебаранд). Дар таркиби ҳаво 0,03 фоиз гази карбонат мавҷуд аст.

Барои аниқ кардани он ки гази карбонати ҳаво ҳақиқатан дар раванди фотосинтез иштирок мекунад, таҷрибаи зерин ёрӣ мерасонад. Ду тубаки на он қадар калонро, ки дар онҳо рустании хонагии анҷибар ё гули тӯтиё нашъунамо мекунад гирифта, дар ҷойи торик мегузорем, то ки моддаҳои органикии дар барг мавҷудбуда пурра истифода шаванд. Баъди 2-3 рӯз тубакҳои рустанидорро ба рӯйи як порча шиша гузошта, онҳоро бо сарпӯши шишагин мепӯшонем.  Ба зери сарпӯши тубаки якум дар паҳлуи гули тӯтиё як стакан маҳлули ишқори тез мегузорем. Ба зери сарпӯши дуюм бошад, стакани маҳлули содадоштаро, ки ба он маҳлули сусти кислотаи гидрогенхлорид илова карда шудааст, мегузорем. Ҳар ду сарпӯшҳоро пӯшонида, ба гирдаш рӯғанак (вазелин) молида, ба рӯшноӣ мемонем.

Дере нагузашта, дар зери сарпӯши тубаки якум гази  карбонат намемонад, чунки онро ишқор тез фурӯ мебарад. Дар зери тубаки дуюм баръакс, миқдори гази карбонат зиёд мешавад. Чунки бо таъсири содаю кислота ба миқдори зарурӣ гази карбонат хориҷ мешавад.

Пас аз як рӯз сарпӯшро аз болои рустаниҳо гирифта, аз ҳар кадоми онҳо яктогӣ барг гирифта, чун дар таҷрибаҳои гузашта гузаронидаамон (саҳ.80), ҳосил шудан ё нашудани оҳарро месанҷем. Мебинем, ки барги аз рустании тубаки якум гирифтаамон (дар шароити ниҳоят ночиз будани миқдори гази карбонат ё набудани он) бо таъсири йод кабуд намешавад, яъне оҳар ҳосил нашудааст. Баръакс, барги аз рустании тубаки дуюм гирифтаамон (дар шароити гази карбонати барзиёд) бо таъсири йод кабуд мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки дар чунин шароит ба миқдори зиёд оҳар ҳосил шудааст. Ҳамин тавр, дар ҳосил шудани оҳар (ё қанд) мавҷудияти иштироки гази карбонат ҳатмӣ мебошад. Рустаниҳои рӯйизаминӣ гази карбонатро аз ҳаво мегиранд. Рустаниҳои обӣ бошанд, гази карбонати дар об ҳалшударо фурӯ мебаранд. Масалан, чунин таҷриба мегузаронем. Шохчаи рустании обӣ – элодеяро ба банкаи обдор андохта, болояшро бо қиф мепӯшонем. Баъд банкаро ба ҷойи равшан мегузорем. Дар рӯшноӣ дере нагузашта, аз шохчаҳои элодея ҳубобчаҳои гази номаълум хориҷ шуда, аз пробирка обро фишурда (54) берун мекунад.  Баъди якчанд соат газ тамоми пробиркаро пур мекунад. Он гоҳ пробиркаро берун бароварда, ба он дарҳол чӯбчаи нимсӯзро дохил мекунем. Чӯбча шуълавар мешавад. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки дар пробирка гази оксиген, ки баргҳои сабзи элодея дар равшанӣ (дар раванди фотосинтез) хориҷ кардааст, (54) ҷамъ шудааст.

Расми 53. Дар рӯшноӣ оксиген хориҷ кардани барги рустанӣ Расми 54. Дар рӯшноӣ оксиген хориҷ кардани ҷилбанди обӣ

Давоми матн пас аз блоки реклама

Агар банкаи элодеядор ё тубаки рустанидорро (53) дар ҷойи торик гузорем, оксиген хориҷ намешавад, зеро рустанӣ фақат дар рӯшноӣ  гази карбонатро фурӯ бурда, (53) оксигенро хориҷ мекунад.


  1. Дар растанихои сабз охар аз кадом моддахо хосил мешавад?
  2. Кадом тачриба нишон медихад, ки рустанихои сабз дар рушнои гази карбонатро фуру мебаранд?
  3. Растанихои оби оё оксигенро хорич мекунанд?