Рубоиёти Хаким Санои

Дар ин мақола рубоиёти Хаким Санои – Ҳаким Саноии Ғазнавӣ оварда мешаванд.

Чун чеҳраи худ дилам барафрӯз, буто,
Чун зулфи худат макун сияҳрӯз, буто.
Хоҳи, ки накуном шавӣ дар раҳи ишқ,
Пайванд зи нақши фӯта омӯз, буто!

Дар дасти манат ҳамеша доман бодо,
В-он ҷо, ки туро пой, сари ман бодо.
Баргам набувад, ки кас туро дорад дӯст,
Эй дӯст, ҳама ҷаҳон-т душман бодо!

Ишқо, ту дар оташе ниҳодӣ моро,
Дарҳои бало ҳама кушодӣ моро.
Сабро, ба ту даргурехтам, то чӣ кунӣ?!
Ту низ ба дасти ҳаҷр додӣ моро.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Оне, ки қарор бо ту бошад моро,
Маҷлис чу баҳор бо ту бошад моро.
Ҳарчанд басе ба гирди сар баргардам,
Охир сару кор бо ту бошад моро.

Чун дӯст намуд роҳи томот маро,
Аз раҳ набарад ранги иборот маро.
Чун саҷда ҳаме намояд офот маро,
Меҳроб туро боду харобот маро.

Қассоб чунон ки одати ӯст маро
Бифканду бикушту гуфт, к-ин хӯст маро.
Сар боз ба узр мениҳад дар поям
Дам медиҳадам, то биканад пӯст маро.

Бо дил гуфтам: чӣ гунаӣ? Дод ҷавоб:
Ман бар сари оташу ту сар бар сари об.
Нохӯрда зи васли дӯст як ҷоми шароб,
Уфтода чунин ки биниям масту хароб.

Лабҳот май асту май бувад асли тараб
Чандон туршӣ дар он , нагӯӣ чӣ сабаб?
То аз намак ончунон туруш дорӣ лаб,
Гар май зи намак сирка шавад нест аҷаб.

Нилуфару лола ҳар ду бе ҳеҷ сабаб,
Ин пӯшад нилу он ба хун шӯяд лаб.
Мешӯяму мепӯшам, эй нӯшинлаб,
Дар ҳаҷри ту рух ба хуну аз нил салаб.

Дар дӯстӣ, эй санам, чу додам додат,
Бар ман зи чӣ рӯй душманӣ афтодат?
Душман хонӣ марову хонам бозат,
Эй дӯст, чу ман ҳазор душман бодат!

Беруни ҷаҳон ҳама даруни дили мост,
Ин ҳар ду саро ягон-ягон манзили мост.
Заҳмат ҳама дар ниҳоди обу гили мост,
Пеш аз дилу гил чӣ буд, он манзили мост.

Меҳроби ҷаҳон ҷамоли рухсораи туст.
Султони фалак асиру бечораи туст.
Шӯру шару ширку зӯҳду тавҳиду яқин
Дар гӯшаи чашмҳои хунхораи туст.

Дар доми ту ҳар кас, ки гирифтортар аст,
Дар чашми ту, эй ҷони ҷаҳон, хортар аст.
В-он дил, ки туро ба ҷон харидортар аст,
Эй дӯст, ба иттифоқ ғамхортар аст.

Бӯе, ки маро зи васли ёр омад, рафт,
В-он шохи ҷавонӣ, ки ба бор омад, рафт.
Гирам. Ки аз ин пас бувадам умр дароз,
Чӣ суд аз ӯ, к-он чи ба кор омад. Рафт.

Эй олами илм, пешгоҳи ту бирафт,
Эй дини Муҳаммадӣ, паноҳи ту бирафт.
Эй чарх, фурӯ гусил, ки моҳи ту бирафт,
Дар ҳуҷла рав. Эй сухан, ки шоҳи ту бирафт.

Чашмам зи фироқи ту ҷаҳонсӯз мабод,
Бар ман сипаҳи ҳаҷри ту пирӯз мабод!
Рӯзе агар аз ту боз хоҳам мондан,
Шаб бод ҳама умри ман, он рӯз мабод!

Ҳаҷри ту хуш аст, агарчи зорам дорад,
Васли ту батар, ки беқарорам дорад.
Ҳачри ту азизу васл хорам дорад,
Ин низ мизоҷи рӯзгорам дорад.

Айёми фироқи ту чунон мегузарад,
Гӯӣ, ки синон бар устухон мегузарад.
Яздон, ки ба амри ӯ ҷаҳон мегузарад,
Донад, ки шаби ман ба чи сон мегузарад.

Эй тан, ватани балои он дилкаш бош!
Эй ҷон, зи ғамаш ҳамеша дар оташ бош!
Эй дида, ба зери пои ӯ мафраш бош!
Эй дил, на ҳама висол бошад, х(в)аш бош!

Гар бар фалакам куни баробар, бешам,
Олам ҳама як зарра наярзад пешам.
Ҳаргиз намурам зи марг, аз он н-андешам,
К-аз гавҳари худ малоикатро хешам.

Ҳарчанд ба май хилоф дин асту раҳам,
Лекин бихӯрам, к-аз ӯ гушояд гираҳам.
Донӣ, ки ба май чарост чандин шараҳам,
То бӯ, ки зи хештан замоне бираҳам.

Ақле, ки хилофи ту гузидан натавон,
Дине, ки зи шарти ту буридан натавон.
Илме, ки ба зоти ту расидан натавон,
Даҳре, ки зи доми ту раҳидан натавон.


Хаким Санои Рубоиёт рубоиети точики Хаким Санои Газнави

Рубоиёт аз устод Рустами Ваҳҳоб

ҚаблӣҚасидаи “Шикоят аз пирӣ” ва шеъри ҳолия
БаъдӣРубоиёт аз Сайфиддини Бохарзӣ