Навъҳои низоъҳо (низоъхои ичтимои)

Навъхои низоъхо (низоъҳои иҷтимоӣ)


Чор навъи асосии низоъҳо мавҷуд мебошад: дохилишахсӣ, байнишахсӣ, байни шахс ва гурӯҳ, байнигурӯҳӣ.

1. Дар навъи дохилишахсии низоъ иштирокчиёни он одамон набуда, балки омилҳои гуногуни равонии олами ботинии шахсият, ки бо ҳам носозгоранд, чун талаботҳо, арзишҳо, эҳсосот ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Низоъҳои дохилишахсие, ки бо кор дар ташкилот алоқаманданд, метавонанд шаклҳои гуногун дошта бошанд. Яке аз шаклҳои маъмули он – ин низоъи нақшӣ аст, ки тибқи он нақшҳои гуногун ба инсон талаботҳои ба ҳам зидро пешниҳод менамояд. Масалан, шахс ба сифати оиладори хуб (нақши падар, модар, шавҳар, зан ва ғайра) бояд бегоҳ дар хона бошад, аммо вазъияти роҳбар ӯро вазифадор месозад, ки дар ҷойи кор бештар боздошта шавад. Сабаби чунин низоъ ба ҳам мувофиқ наомадани талаботҳои шахсӣ ва талаботҳои истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Низоъҳои дохилӣ дар истеҳсолот метавонанд ба сабаби мавҷудияти ҳаҷми зиёди кор ё баръакс ба сабаби набудани кор набудани зарурати ҳузур дар ҷойи кор пайдо шаванд.

2. Яке аз навъҳои васеъ паҳнгардидаи низоъ низоъи байнишахсӣ ба ҳисоб меравад. Ин навъи низоъ дар ташкилотҳо дар шаклҳои гуногун ба зоҳир мерасад. Тибқи аломати субъективӣ дар ҳаёти дохилии ҳар як ташкилот навъҳои зерини низоъҳои байнишахсиро фарқ намудан мумкин аст:

а) низоъҳо дар байни идоракунандагон ва идорашавандагон дар доираи ташкилоти мазкур. Қобили зикр аст, ки низоъ байни роҳбар ва иштирокчии қаторӣ аз низоъи байни роҳбари зинаи аввал ва менеҷери дараҷаҳои поёнӣ моҳиятан фарқ менамояд;

б) низоъҳо байни ҳамкорони қаторӣ;

в) низоъҳо дар сатҳи идоракунандагон, яъне низоъҳо байни роҳбарони як сатҳ. Ин низоъҳо, чун қоида бо низоъҳои шахсӣ ва кадрӣ, бо раванди пешрафти шахсият дар доираи ташкилоти мазкур, бо мубориза барои тақсими мавқеъҳои нисбатан муҳим дар сохтори мазкур ба таври зич омехта аст.

3. Низоъ байни шахс ва гурӯҳ. Вақте гурӯҳҳои ғайрирасмӣ меъёрҳои рафтору муоширати худро муқаррар месозанду онҳо аз тарафи ин ё он шахс ба инобат гирифта намешаванд, рафтори мазкури шахс ҳодисаи манфӣ аз тарафи ин гурӯҳ арзёбӣ мегардад. Дар натиҷа байни гурӯҳ ва шахс низоъ пайдо мешавад.

Яке аз шаклҳои васеъ паҳнгардидаи навъи мазкур низоъ байни гурӯҳ ва роҳбар ба ҳисоб меравад. Ба ин шакли низоъ низоъҳоро байни роҳбар ва сохтори зердасти ӯ, сохтор ва роҳбари дигар гурӯҳ, байни роҳбарони сохторҳои гуногун, агар ба низоъҳо аъзоёни сохторҳо низ ҷалб гарданд, дохил намудан мумкин аст.

4. Одатан ташкилотҳо аз гурӯҳҳои зиёди расмию ғайрирасмӣ таркиб меёбанд. Дар байни ин гурӯҳҳо метавонад, ки низоъҳо пайдо гарданд. Низоъҳо байни роҳбарият ва иҷрокунандагон, байни кормандони сохторҳои гуногун, байни гурӯҳҳои ғайрирасмӣ дар дохили сохтор, байни роҳбарият ва иттифоқҳои касаба ба чунин навъ дохил мешаванд.

Дар раванди низоъ муҳаққиқон чунин усулҳои таъсиррасонӣ ба рақибро қайд месозанд:

1) дурушт:

а) усули соҳиб шудану нигоҳ доштани объекти низоъ (дар низоъҳое, ки объект моддист), истифода бурда мешавад;

б) усули зӯровари ҷисмонӣ (нобуд сохтани арзишҳои моддӣ);

в) расонидани зарарҳои ҷисмонӣ, монеа эҷод сохтан ба фаъолияти ғайр;

г) усули зӯроварии равонӣ (таҳқир, дағалӣ, баҳогузории шахсии манфӣ, тӯҳмат, фиреб, ахбори носаҳеҳ, пастзанӣ ва ғ.);

д) усули фишор (дархости иҷрои талаботҳо, фармонҳо, таҳдидҳо, пешниҳоди шартҳои маҷбуркунанда, беобрӯсозӣ);

2) муътадил:

а) усули истифодаи амалҳои намоишкорона (ҷалб сохтани таваҷҷуҳ ба ҳолати хеш тавассути пешниҳоди расмии шикоят аз ҳолати саломатӣ, набаромадан ба кор, намоиши амалҳои худкӯшӣ ва ғ.);

б) муҷозотӣ (таъсиррасонӣ ба рақиб тавассути ҷазо, зиёд намудани ҳаҷми сарбории корӣ, дасткашӣ аз иҷрои талаботҳо ва ғ.);

в) усули гурӯҳбозӣ (ташкили иттифоқчиёни нав, зиёд намудани гурӯҳ бо мақсади афзунсозии нуфузи худ дар низоъ);

3) мулоим:

а) усули таъкиди мавқеи хеш (истифодаи мантиқ, фактҳо барои дастгирии мавқеи хеш дар шакли муҳокимаҳо, таклифҳо, танқидҳо ва ғ.);

б) усули муносибати дӯстона (зикри ҷанбаҳои умумӣ, изҳори омодагии ҳалли мушкилот, пешниҳоди ахбори зарурӣ, пешниҳоди кӯмак ва ғ.);

в) усули созиш (мубодилаи тарафайни неъматҳо, ваъдаҳо, гузаштҳо, бахшишҳо).

 Бояд ёдовар шуд, ки К.Томас ва Р. Килменн панҷ усули асосии рафторро дар вазъияти муноқишавӣ зикр сохтаанд:

1) ҳамкорӣ – кӯшиши коркарди якҷояи қарордод, ки манфиатҳои ҳар ду ҷонибро ба ҳисоб мегирад. Ҳамкорӣ дар ҳолатҳои зерин самарабахш хоҳад буд:

а) мавҷудияти имконият (вақт, хоҳиш)-и таҳлили сабабҳое, ки ҷонибҳоро барои нигоҳ доштани мавқеи хеш водор месозанд;

б) ҷустуҷӯи унсурҳои ҷубронкунанда дар ихтилофҳо;

в) зарурати коркарди вариантҳои мухталифи ҳалли ушкилот;

г) ба таври созандагӣ ҳал намудани зиддиятҳо;

д) омодагии ҷонибҳо барои муҳокимаи варианти баромад аз низоъ;

2) рақобат – муборизаи бесозиш барои ғолибият бо истифода аз тамоми воситаҳо, ба таври қатъи ҳимоя намудани мавқеи хеш. Ин ҳолат шакли нисбатан тезутунди ҳалли вазъияти муноқишавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳолатҳои зерин истифодаи он дуруст ҳисобида мешавад:

а) мавҷудияти боварӣ дар дурустии мавқеи хеш, мавҷудияти воситаи ҳимояи он;

б) вақте низоъ соҳаи принсипҳою эътиқодҳоро фаро мегирад;

в) вақте рақиб шахси тобеъе аст, ки усули авторитариро афзал мешуморад;

г) даст кашидан аз мавқеъ маънои талафотҳои ҷиддии ҷуброннашавандаро дар назар дорад;

д) дар ҳолати бохт аз даст рафтани дӯстону обрӯю нуфуз рух медиҳад;

3) саркашӣ, ба инобат нагирифтан – кӯшиши аз низоъ хориҷ шудан. Ин усул хатарнок аст. Онро дар ҳолатҳои зерин метавон истифода бурд:

а) сарчашмаи низоъ беҳад беобуранг, бемаънӣ асту оқибатҳои он то ба ҳадде назарногиранд, ки метавон нисбати он батафовут буд;

б) ҷонибҳои низоъкунанда метавонанд бе дахолати шумо мушкилотро ҳал созанд;

в) мавҷудияти боварӣ бар он ки бо мурури вақт шиддати вазъият паст мегардаду ҳама масоил худ ба худ ҳал мегарданд;

г) низоъ ба мушкилоти истеҳсолӣ ягон хел таъсир намерасоад;

д) ҷалб шудан ба низоъ барои ҳал намудани масоили нисбатан муҳим имкон намедиҳад.

Ба инобат нагирифтани низоъ ба рушди назоратнашавандаи он метавонад оварда расонад.

4) Мутобиқшавӣ – кӯшиши мавқеъҳоро аксаран аз ҳисоби тағйир додани мавқеи хеш муътадил сохтан. Ин усул дар ҳолатҳои зерин маҳсулнок аст:

а) хоҳиши ҳал намудани низоъ новобаста ба он ки арзиши он чӣ қадар хоҳад буд;

б) низоъ ва натиҷаҳои он манфиатҳои шахсиро кам фаро мегиранд;

в) омодагии ошкоро ба гузаштҳои яктарафа;

г) ҳимояи манфиатҳои хеш вақт ва нерӯи зиёдро тақозо менамояд;

5) созиш – ҳалли низоъ тавассути гузаштҳои дутарафа. Созиш дар ҳолатҳои зерин маҳсулнок аст:

а) далелҳои ҷонибҳои низоъ ба таври кофӣ боваринок, объективона ва дурустанд;

б) зарурати ҳалли низоъ дар шароити нокифоягии вақт тавассути қабул намудани ҳалли барои ҷонибҳо қобили қабул;

в) омодагии ҷонибҳо барои ҳалли низоъ дар асоси ҳалли ҷузъии мушкилот;

г) тавассути гузаштҳои на он қадар калон робитаҳои муҳими корию шахсиро нигоҳ доштан мумкин аст.

Ҳама гуна амали муноқишавӣ метавонад, ки чор натиҷаи асосӣ дошта бошад:

1) тобеъсозии пурра ё ҷузъии ғайр;

2) созиш;

3) қатъ ёфтани амалҳои муноқишавӣ;

4) ба ҳам пайвастшавӣ.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 7. Низоъҳои иҷтимоӣ: пайдоиш ва тарзи ҳалли онҳо

ҚаблӣСохтори низоъи иҷтимоӣ
БаъдӣМавзӯи 8. Усулҳои тадқиқотҳои эмпирикии сотсиологӣ