Сохтори низоъи ичтимои.
Сохтори низоъи иҷтимоиро дар шакли зер пешниҳод намудан мумкин аст:
1) зиддият, ки дар мавҷудияти проблема ифода меёбад ва заминаи объективии низоъ (сарчашмаи низоъ) ба ҳисоб меравад;
2) одамон ҳамчун ҳомили ин зиддият, ки манфиатҳои мухталифи иҷтимоӣ доранд (субъекти низоъ);
3) объекти низоъ (ниёзҳои ниҳон) – неъматҳо, захираҳо, ки ба сабаби онҳо низоъ пайдо мегардад;
4) предмети низоъ (ниёзҳои равшан) – мавҷудоти моддии бо низоъ марбут;
5) бархӯрди субъектҳои низоъ (раванд, фазаи фаъол), ки дар он «татбиқи зиддият» сурат мегирад. Аз сабаи он ки низоъ марҳилаи олӣ (фаъол) –и инкишофи зиддият ба ҳисоб меравад, дар ҳолати мавҷуд набудани унсури охирин, яъне бархӯрд, мо бо низоъи ниҳон, ки ошкор сохтани он душвор аст, сарукор хоҳем дошт. Чунин низоъро ба сабаби таваққуфи инкишофи он дар марҳилати зиддият, метавон «низоъи рушднокарда» номид.
Мавзӯи пурра » Мавзӯи 7. Низоъҳои иҷтимоӣ: пайдоиш ва тарзи ҳалли онҳо