Мисол ва масъалаҳо оиди зарби адаҳои натуралӣ

Салом дӯстон ва корбарони сомонаи Donishju.Net. Имрӯз якчанд мисолу масъалаҳоро оиди Зарби ададҳои натуралӣ меоварем. Ашхосе, ки ба фанни математика ва ҳалли масъалаҳо шавқ доранд, метавонанд ҷавоби мисол ва ё масъаларо дар шарҳ бо нишон додани рақами мисол нависанд. Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро меёбанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем. (Масалан, 1. д))

Мисол ва масъалаҳо оиди зарби адаҳои натуралӣ

1. Суммаро дар шакли ҳосили зарб нависед:

а) 42+42+42;

б) 735+735+735+735;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

в) 449+449+449+449+449;

г) α+α+α+α+α;

д) 50+50+75+75+75; (Ҷавоб: 2*50+75*3)

в) x+x+x+x+x+y+y+y.


2. Ҳамагӣ n халтача гузошта шудааст. Дар ҳар як халтача m кг апелсин ҷойгир карда шудааст. Ҳамагӣ чанд кг апелсин мешавад?

n=25; m=3 гирифта, масъаларо ҳал кунед.


3. Амалҳоро иҷро намоед:

а) (123+237)•46;

б) (356+244)•82.


4. Амали зарбро иҷро кунед:

а) 123•305

б) 2800•37

в) 7050•180

г) 7010•2800

д) 254•206

е) 28•5500

ё) 5400•160

ж) 5060•1450


5. Масоҳати обанбори Баҳри тоҷик аз масоҳати обанбори Норак 5 маротиба калон аст. Агар масоҳати Обанбори Норак 106 км2 бошад, масоҳати Обанбори Баҳри тоҷик чӣ қадар аст?


6. Адади 12345679-ро ба кадом адади дурақама зарб занем, ки дар натиҷа, адади ҳамаи рақамҳояш 9 ҳосил шавад?


7. Муодиларо ҳал кунед:

а) 12665+x=12665+2560;

б) (y+254)+961=324+(961+254);

в) 372+y=782+(372–750);

г) x+275+726=295+(726+275).


8. Дар сабад себҳо буданд. Баъди он ки аз он ҷо 15 дона себ гирифта, 26 дона себ илова карданд, дар сабад 59 себ боқӣ монд.

Сабад чанд дона себ дошт?


9. Ададеро нависед, ки аз адади 445: а) 100 маротиба калон; б) 100 карат зиёд; в) 100 маротиба хурд; г) 100 карат хурд бошад.


10. Ба мағоза 375 халта орд оварданд. Агар массаи ҳар халта ба ҳисоби миёна 48 кг бошад, ҳамагӣ чанд кг орд овардаанд?


11. Дар ҳар дақиқа ба ҳавз 36 л об ворид мегардад. Дар 1 соат, 2 соат, 24 соат ба ҳавз чанд л об ворид мегардад?


12. Муодиларо ҳал кунед: а) 725+75+x=1000; б) y+467+233=2300


13. Тарафи квадрат ба а см баробар аст. Барои ёфтани периметри он ифода тартиб дода, қимати онро ҳангоми а=2, а=5 будан ёбед.


14. Қимати ифодаро ёбед:

а) 10•x•28•2, агар x=1, 2, 3, 10 бошад;

б) 2•50•12•y, агар y=3, 5, 7 бошад.


15. Дар ҳавлӣ мурғ, мурғобӣ ва ғоз парвариш меёбанд. Шумораи мурғҳо x буда, шумораи мурғобиҳо аз шумораи мурғҳо 6 адад камтар аст. Ғозҳо ҳамагӣ 12-тоанд. Дар ҳавлӣ чанд адад мурғ, мурғобӣ ва ғоз ҳаст? Ифода тартиб дода, қимати онро ҳангоми x=14; 22 будан ёбед.

Мисолҳо оиди Ҷамъу тарҳи ададҳои натуралӣ


Мисолхои математики барои зарб аз фанни математика бо забони точики, тести математика, саволу чавоби математика, халли масъалахои математики, мисолу масъала аз математика.

ҚаблӣТартиби навишти зарбшавандаи ҳарфӣ
БаъдӣТақсими ададҳои натуралӣ