Назарияи пайдоиши мафҳумҳои логистика

Назарияи пайдоиши мафҳумҳои логистика ва моҳияти онҳо дар замони муосир. Назарияи пайдоиши мафхумхои логистика ва мохияти онхо дар замони муосир.


Объекти омӯзиши фани таълимии логистика он анбӯҳҳои материалӣ ва равандҳои ба он вобастаи иттлоотию молиявӣ мебошад. Зарурати дар таҷрибаи истеҳсоли истифода шудани  ин фан аз ониборат аст, ки фосилаи байни хариди ашёи хом ва дастрас шудани мол ба истеъмолгари охирон муддати хело зиёдро дар бар мегирад ва зарурати ҳарчи камтарин намудани фосила ба миён меояд. Логистика имконият медиҳад ки захираҳои молӣ камтар карда шавад, ва ҳатто дар баъзе мавридҳ корхона бе захираи ашёи хом фаъолият кунад. Ин имконият медиҳад ки мӯҳлати интиқоли мол ба тариқи назаррас кам карда шавад ва мӯҳлати дастрасшавии мол ва расидани иттлоотҳо оиди мол тезонида, сатҳи сервиси логистики баланд бардошта шавад.

Нуқтаи назари логистикӣ яке аз қисматҳои таркиби стратегияи корхона буда, он имконият медиҳад, ки обрӯ ва эътибори корхона баланд шавад, нисбати харидорони молаш ғамхори бештар зоҳир гардад.

Логистика соҳаи фаъолияте мебошад, ки ҳарчи бештар зарурати амалӣ пайдо мекунад. Аз ин рӯ ба он ҳам сектори давлатӣ ва ҳам сектори хусусии иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардонад. Дар қабули қарордоҳои логистикӣ истеҳсолгарон мол иштирок мекунад.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи логистика дар он аст, ки вай на фақат ба ҳамҷоякунии (интегратсияи) шаклҳои фаъолият, ки одатан ба функсияҳои гуногуни соҳибкорӣ тааллуқ доштаанд диққати махсус медиҳад, балки ҳамаи онҳоро ба иттиҳод меоварад.  Масалан, дар бисёр корхонаҳо масъулиятро оиди захираҳо ва интиқоли онҳо функсияи истеҳсоли ва тақсимоти ба дӯш доранд. Агар ин функсияҳо аз ҳамдигар ҷудо бошанд, он гоҳ қабули қарордод дар зерсистемаи захираҳо бе назардошти имкониятҳои нақлиётӣ ба амал меоянд, ки он ба зиёдшавии харҷҳои умумии интиқоли анбӯҳи маводӣ оварда мерасонад. Дар логистика бошад, ҳамаи онҳо ба ҳам алоқаманду ҳаллу фасл карда мешаванд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ҷадвали 1.1. Масъалаҳои асосии логистика ва ҳалли онҳо дар секторҳои хусусӣ ва давлатии иқтисодиёти мамлакат

Субъектҳои  логистикӣ Сектори хусусӣ Сектори давлатӣ
Таҳвилгар, муассисаҳои хизматрасон Идораи захираҳо, нархгузорӣ, интиқол ба воситаи нақлиёти худӣ ё кироя, тарзбандии истеҳсолот ҷоқгиркунии корхонаҳо Таъмин намудани штат бо кадрҳо; интиқол ба воситаи нақлиёти худӣ ва кироя, ҳадамоти пешниҳодшуда ҷойгиркунии корхонаҳо
Муассисаи нақлиётӣ Тартиб додани хатҳои сафари нақлиёт, сатҳи хизматрасонӣ, нархҳо, шакли паркҳои нақлиётӣ Ҳамаи онҳо
Ҳукумат Нархгузорӣ (андозгузорӣ), инфраструктура ва хизматрасонии он Сатҳи ёрдамҳои молиявӣ хизматрасонӣ, инфраструктура,

 

Ҷадвали 1.2.  Таркиби системаҳои логистикӣ ва омилҳои муайянкунандаи он

Баъзе аз элементҳои системаҳои логистикӣ Омилҳои муайянкунандаи системаҳои логистикӣ
1.Миқдор ва ҷойгиркунии воҳидҳои истеҳсолӣ Ҷойгиркунӣ ва миқдори воҳидҳои истеҳсолӣ бояд бо назардошти таҳвилгари мол, харҷҳои нақлиётӣ ва миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба ҷо оварда шаванд.
2.Миқдор ва ҷойгиркунии анборҳо Анборҳо бевосита дар корхона ва ё дар марказҳои ғуншавии молҳо, коркарди молҳо ва мавзеъҳои мобайни ҷойгир карда мешаванд.
3.     Шабакаи нақлиётӣ Шабакаи нақлиётӣ бояд модели ҳаракати муносиби воситаҳои нақлиётро барои ҳар як варианти интиқоли мол таъмин созад.
4.     Алоқа Барои фаъолияти фоиданокии ҳамаи қисматҳои системаи логистикӣ бояд дар байни ҳамаи онҳо алоқаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои назоратию нақлиётӣ барқарор бошанд.
5.     Шабакаи иттилоотӣ Бояд алоқат иттилоотии мустаҳкам барқарор бошад, ки бо ин мақсад аз компютерҳо истифода

Таҳлил дар логистика

Вазифаҳои таҳлили систесаҳои логистикӣ аз он иборат мебошад, ки маълумотҳои мавҷударо таҳқиқ намуда, ба системаи муайян дароварда , дар асоси он хулосаҳои объективӣ барорад. Дар асоси таҳлили гузаронидашуда назария ё принсипҳои фаъолияти системаи логистикӣ муайян карда мешавад. Чӣ тавре ки мегӯянд: назария бе далелҳо чизи холӣ буда, дар навбати худ фактҳо бе назария мазмун надоранд. Амалия асоси тафтиши назарияҳои вуҷуддошта мебошад, зеро далелҳо тамоили ҳақиқии ҳаётро инъикос мекунанд ва онҳо бо мурури замон тағйир меёбанд. Аз ин лиҳоз зарурати ҳар доим тафтиши назария  вобаста ба тағйирёбии далелҳои нави фаъолияти системаи логистикӣ ба миён меояд.

Принсип гуфта, хулосабандиеро мефаҳманд, ки андозаи носаҳеҳии муайянеро ба худ дорад. Одатан принсипҳо дар асоси таҳлили маълумотҳои миёна ва ё эҳтисолӣ ба миён меояд.

Дар баъзе мавридҳо хулосабандӣ дар асоси эҳтимолият ба амал меояд. Масалан, тадқиқотчӣ бо эҳтимолияти 0,95 тасдиқ мекунад, ки камсозии харҷҳои интиқоли бор ба андозаи як сомонӣ фоидаи корхонаро ба 0,92 сомонӣ зиёд мекунад.

Баъзан тадқиқотчиён дар хулосабандиҳояшон аз ифодаи “дар мавриди домӣ будани дигар омилҳо” истифода мебаранд. Яъне, фарз мекунанд, ки ба ғайр аз омилҳои таҳқиқшаванда, ҳамаи дигар омилҳои таъсиркунанда тайғир намеёбанд. Ин усул таҳқиқи раванди таҳлилро содда мекунад ва раванди омӯхташавандаро аз тариқи алоқаҳои муҳим дида мебарояд. Масалан, барои таҳқиқи алоқаи байни ҳаҷми боркашонӣ ва имконияти борбардории таркиби ҳаракаткунанда дар назар мегиранд, ки ба ғайр аз имконияти борбардорӣ дигар ҳамаи омилҳои ба ҳаҷми боркашонӣ таъсиркунанда бетайғир мемонад. Дар ин маврид диққати тадқиқотчӣ фақат ба вобастагии ҳаҷми боркашонӣ ва имконияти борбардории  таркиби ҳаракаткунанда равон карда мешаванд.

 Ҳамин тавр, мо гуфта метавонем, ки ҳамаи назарияҳо ва принсипҳое, ки ошкор сохта шудаанд абстрактӣ мебошанд. Онҳо ҳамаи паҳлӯҳои воқеаҳои ҳақиқиро инъикос карда наметавонад.

Мутаассифона, тавсифи абстрактии назарияи системаҳои логистикӣ водор месозад, ки онро як чизи ғайриреалӣ, ғайриамалӣ баҳо диҳем. Вале дар асл назарияи системаҳои логистикӣ тавсифи амалӣ дошта , онҳо аз амалияи фаъолияти системаи логистикии иқтисодиёти мамлакат ба амал меояд. Олами равандҳои амалии системаҳои логистикӣ хеле мураккаб ва печида буда, ба ягон тартиби муайян даровардан хеле душвор аст. Менеҷери системаи логистикӣ назарияи худашро бо он мақсад тартиб медиҳад, ки дар байни фактҳои хаотикӣ ягон мақсад ё мазмуни вуҷуддоштаро ошкор созад, вагарна ин маълумотҳо барои идоракунии равандҳои логистикӣ ягон фоида намедиҳанд.

Ҳамин тавр, мо гуфта метавонем, ки хулосабандӣ кардан ин маънои содда кардан ё абстраксия карданро дорад. Медонем, ки хулосабандӣ дар системаи логистикӣ зарурати амалӣ дорад, абстраксиякунӣ ҳам чунин зарурат пайдо мекунад.

Назарияи системаи логистикӣ як навъ модел сурат ё схемаи ихтисоршудаи яке аз элементҳои логистика мебошад. Ин гуна моделҳо ба менеҷер имконият медиҳад, ки ба ҳақиқати фаъолияти системаҳои логистикӣ беҳтар сарфаҳм равад.

Бояд қайд кунем, ки назарияи хуб ба фактҳо асос меёбад, аз ин лиҳоз онҳо амалӣ ҳастанд. Назарияе, ки ба амалия мувофиқат намекунад а ҳақиқат дур мебошад.

Дар раванди пажӯиш ва маънидод намудани натиҷаҳои он як қатор масъалаҳо ба амал меоянд, ки таҳқиқи ратсионалии системаҳои логистикиро душвор месозанд. Ба қабил тасвирҳои хато истилоҳоти носаҳеҳ, тасвирҳои мантиқан нодуруст хатоҳои мантиқӣ дохил мешаванд.

Тасвирҳои хато афкори моро хира намуда бо гузаронидани таҳлили объективӣ халал мерасонад. Масалан, қабул шудааст, ки дар масофаи кӯтоҳ кашонидани бор бо автомобилҳо фоиданок аст. Дар асоси чунин тасвири хато сиёсати аз нақлиёти роҳи оҳан борҳои интиқолашон ба масофаи кӯтоҳро гирифта ба нақлиёти автомобилӣ вогузор кардани онҳо пеш бурда мешавад.

Тадқиқотчӣ бояд тавонад, ки ҳама гуна таъсирҳои хато ва боғаразу  беасосро аз худ дур кунад. Масалан, қабул шудааст, ки ҳудуди истифодаи ратсионалии автомобилҳои худборфарор (самосвал) 15 -20 км аст. Вале мо дар амал мебинем, ки ба воситаи онҳо ба масофаи 200 300 км ва ҳатто то 500 км (Душанбе  Хоруғ) борҳои хоҷагии халқ кашонида мешаванд.

Назария ва тадбирҷӯи дар логистика

Дар мавриди пажӯиши рафтори системаҳои логистикӣ  тадқиқотчӣ метавонад аз назария ба фактҳои амалӣ ё аз фактҳои амалӣ ба назария гузарад. Яъне, дар пажӯиш тадқиқотчӣ аз усулҳои дедуктивӣ ва индуктивии омӯзиш истифода мебарад.

Агар назария дар асоси фактҳо тартиб дода шуда бошад, онгоҳ онро усули индуктивӣ меноманд. Дар ин маврид тадқиқотчӣ оиди объекти пажӯиш фактҳоро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ба тартиб меорад, таҳлил мекунад ва дар асоси он принсипҳои фаъолияти равандҳои логистикиро муайян мекунад. Яъне, дар мавриди истифодаи усули индуктивӣ аз фактҳо ба назария бар мегарданд. Агар тадқиқотчӣ масъаларо аз сатҳи назария сар карда, онро дар фактҳо тафтиш карда, тасдиқ созад, он гоҳ мегӯянд, ки вай усули дедуктивиро ба кор бурдааст. Яъне, тадқиқотчӣ ба воситаи мушоҳидаи фавқулода, муҳокимаҳои фикрию мантиқӣ ё ҳисси пешакиаш такя намуда принсипи ҳоло тафтиш накардаашро мухтасар ифода мекунад. Ба тарзи дигар гӯем вай гипотеза пешниҳод меккунад ва дурустии онро ба воситаи омӯзиши ментазам ва чандинкаратаи фактҳо тафтиш мекунад.

Усули дедуктивӣ пажӯиш тафтишро аз назария ба фактҳо тақозо мекунад.

Дедуксия ва индуксия усулҳои ба ҳам муқобил набуда, онҳо якдигарро пурра мегардонанд.

Гипотезае, ки ба воситаи усули дедуктивӣ ба амал омадааст ба менеҷер имконият медиҳад ки аз мавқеи муайян маълумотҳои амалиро ҷамъоварӣ ва ба шакли муайян дарорад. Дар навбати худ тасаввурот муайян оиди фактҳо ҷойдошта замимаи ба вуҷуд омадани гипотезаҳои боэътимод мегардад.

Ҳамин тавр, тасаввуроти умумӣ оиди рафтори системаҳои логистикӣ  ки дар асоси принсипҳо ва назарияҳои кашфшуда ба амал омадаанд барои муайян сохтани сиёсати логистикии инкишофи истеҳсолот, яъне пешниҳоди чорабиниву қарордодҳо оиди барҳам додан ё ислоҳ намудани камбудиҳо истифода бурда мешавад. Ана ҳамин гуна амалиётро сиёсати логистикӣ  меноманд.

Тадбирҷӯи дар логистика
Рафтори системаи логистикиро назорат мекунад, ба он таъсир мерасонад ё натиҷаҳои таъсири онро муайян месозад.

Принсипҳо ва назарияҳо
Назарияи системаҳои логистикӣ принсипҳои умумии рафтори умумии системаҳои логистикиро ошкор месозад.

Фактҳо
Тасвирӣ ва эмприкӣ
Логистика ҳамчун илм ба ҷамоварии фактҳое, ки ба масъалаҳои муайяни паҳлӯҳои алоҳидаи системаҳои логистикӣ дахл доранд, омӯхта онҳоро бо гипотенузаҳо муқоиса намуда назарияҳоро месанҷад.