Қатори каждум (катори каждум, зоология)

Баръакси дигар тортанакҳо, каждум шиками дароз дорад ва он аз буғумҳо иборат аст (ба расми 89 нигаред). Каждум дар байни тортанакҳо аз ҳама қадимтар ва калонтар буда, дар минтақаҳои гарм вомехӯрад. Ба воситаи чор ҷуфт халтаҳои шуш, ки дар шикам ҷойгиранд, нафас мегирад.

Расми 89. Фаланга ва каждум
Расми 89. Фаланга ва каждум

Дар дунё 500 намуди каждум маълум буда, 10 намуди он дар ватани мо вомехӯрад. Андозаи онҳо 5-10 см аст. Як намуди муқаррарии каждумҳои Тоҷикистон каждуми зарди рахрах аст. Каждумҳо фақат баҳор ва аввали тобистон фаъол буда, баробари саршавии гармӣ ба лонаи дар зери хок кофтаи худ даромада, то баҳори соли оянда хоб мераванд. Каждум, асосан, шабона фаъол аст. Хӯроки каждум ҳашарот ва дигар буғумпойҳоянд. Туъмаи калонро бо пойи анбӯрмонандаш медорад. Дар буғуми охирини шиками каждум неш ҷойгир буда, аз ғадуди заҳрбарор ба он найча равон аст.

Каждум тавассути неш туъмаро захмдор карда, ба он заҳр мечаконад ва баъдтар онро мехӯрад. Одамро газидани каждум аз беэҳтиётии худи инсон ба амал меояд. Каждум зиндазой ва баъзан тухмзиндазой аст. Намудҳои тухмзиндазояш ҳам маълуманд, яъне аз тухми гузошта фавран каждумча мебарояд. Каждумчаҳо дар ибтидо нотавонанд. Онҳо тавассути пойҳои анбӯрмонанди худ ба пушти модина баромада, бо якдигар зич часпида меистанд. Онҳо дар ин давра хӯрок намехӯранд ва беҳаракат дар пушти модина меистанд.

Баъд аз 6-7 рӯз рӯйпӯши кӯҳнаи бадани каждумҳои ҷавон мекафад, яъне онҳо пӯст мепартоянд. Рӯйпуши нав як вақти муайян мулоим буда, онҳо дар ҳамин фосила калон мешаванд. Каждумҳои ҷавон пас аз якчанд сол ба балоғат мерасанд.


Мавзӯи пурра >> Гуногуншаклии тортанакҳо

ҚаблӣБартарӣ ва камбудии Барномасоз будан
БаъдӣҚатори тортанакҳо (катори тортанакхо, зоология)