Мавзӯи 6. Сохтори иҷтимоии ҷомеа

Сохтори ичтимоии чомеа.


Сохтори иҷтимоии ҷомеа ҷузъи низоми иҷтимоӣ буда, худ аз ду ҷузъ таркиб ёфтааст: робитаҳои иҷтимоӣ ва ҳайъати иҷтимоӣ. Дар хусуси робитаҳои иҷтимоӣ дар мавзуъҳои пешин сухан ронда шуда буд. Дар зери мафҳуми ҳайъати иҷтимоӣ маҷмӯи унсурҳое фаҳмида мешавад, ки сохтори иҷтимоиро ташкил менамоянд. Сохтори иҷтимоӣ ин робитаи устувори унсурҳо дар низоми иҷтимоист. Унсурҳои асосии сохтори иҷтимоии ҷомеа фардҳо, ки мақоми муайянро дар ҷомеа ишғол менамоянду вазифа (нақш)-ҳои муайяни иҷтимоиро иҷро мекунанд ва иттиҳоди ин фардҳо дар асоси нишонаҳои мақомашон ба гурӯҳу умумиятҳои иҷтимоӣ-территориявӣ, этникӣ ва ғайра маҳсуб мешаванд. Сохтори иҷтимоии ҷомеа тақсимоти объективонаи ҷомеаро ба умумиятҳо, синфҳо, қишрҳо, гурӯҳҳо ва ғайра ифода намуда, ба мақоми мухталифи одамон нисбат ба ҳамдигар мувофиқи меъёрҳои мухталиф ишора менамояд. Ҳар як унсури сохтори иҷтимоӣ, дар навбати худ, низоми иҷтимоии мураккабе ба ҳисоб меравад, ки аз робитаю зернизомҳои хоси худ иборат мебошад.

Мафҳуми сохтори иҷтимоии ҷомеа ҳам ба маънои васеъ ва ҳам ба маънои маҳдуд истифода бурда мешавад. Ба маънои васеъ сохтори иҷтимоӣ- ин бунёди ҷомеа дар умум, яъне низоми робитаҳо дар байни тамои унсурҳои асосии он ба хисоб меравад. Дар чунин шакли баррасӣ сохтори иҷтимоӣ ҳама гуна анвои бешумори умумиятҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои байни онҳоро тавсиф менамояд. Ба маънои маҳдудаш истилоҳи «сохтори иҷтимоии ҷомеа» бештар нисбати умумиятҳои иҷтимоӣ-гурӯҳӣ ва иҷтимоӣ-синфӣ истифода бурда мешавад. Ба маънои мазкур сохтори иҷтимоӣ- ин маҷмӯи гурӯҳу қишрҳои иҷтимоӣ ва синфҳои ба ҳам алоқаманду ба ҳам таъсиррасонро меноманд.

Дар сотсиология оид ба сохтори иҷтимоии ҷомеа таълимотҳои бисёре вуҷуд доранд ва таърихан яке аз аввалин таълимотҳо таълимоти марксистӣ ба ҳисоб меравад. Дар сотсиологияи марксистӣ мақоми аввалиндараҷа ба сохтори иҷтимоӣ-синфии ҷомеа дода мешавад. Мувофиқи таълимоти мазкур сохтори иҷтимоии ҷомеа аз маҷмӯи аъмоли мутақобилаи се унсури асосӣ: синфҳо, қишрҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ иборат мебошад. Мағзи сохтори иҷтимоиро синфҳо ташкил менамоянд. Мавҷудияти синфҳоро дар ҷомеа мутафаккирон ҳоло то Маркс дар ибтидои асри XIX зикр карда буданд. Ин мафҳумро таърихнигорони фаронсавӣ Ф.Гизо, О.Тери ва иқтисодчиёни англису фаронсавӣ А.Смит ва Д.Рикардо васеъ истифода бурда буданд. Аммо таълимот дар бораи синфҳо аз ҳама бештар дар таълимоти марксизм инкишоф ёфт. Асосгузорони марксизм сабабҳои иқтисодии пайдоиши синфҳоро асоснок намуданд. Онҳо таъкид намуданд, ки тақсимоти ҷомеа ба синфҳо маҳсули тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва ташаккулёбии муносибатҳои марбут ба моликияти хусусист. Раванди пайдоиши синфҳо бо ду роҳ сурат гирифтааст: бо роҳи дар ҷамоаи авлодӣ пайдо гаридани қишри болоии истисморкунанда, ки дар оғоз аз ашхоси боломақоми ҷамоа иборат буданд ва бо роҳи ба ғулом табдил додани асирони ҳарбию ҳамқабилаҳои тавассути қарз фақиргардида.

Ҳамин асосу моҳияти иқтисодии синфҳо дар таърифи машҳури В.И.Ленин дар асараш «Ташаббуси бузург» ба таври зер баён ёфтааст: «Синфҳо гуфта гурӯҳи калони одамонеро меноманд, ки (1) бо мақоми худ дар системаи таърихан муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, (2) аз рӯи муносибати худ (аксаран дар қонунҳо ба расмият даровардаю мустаҳкам гардидаанд) ба воситаҳои истеҳсолот, (3) аз рӯи нақши худ дар тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, ва аз ин ҷо (4) аз рӯи тарзҳои гирифтану ҳаҷми он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ, ки онҳо дар ихтиёри худ доранд, фарқ менамоянд. Синфҳо-чунин гурӯҳи одамоне мебошанд, ки аз онҳо яке ба шарофати фарқияти мақомашон дар сохтори муайяни хоҷагии ҷамъиятӣ меҳнати дигариро аз худ менамояд»[1]. Тибқи назари В.И.Ленин аломати асосии синфҳо муносибат ба воситаҳои истеҳсолот мебошад. Муносибати моликият, муносибат ба воситаҳои истеҳсолот (соҳибмулк будан ё набудан) нақши синфҳоро дар ташкилоти ҷамъиятии меҳнат (идоракунанда ва идорашаванда), дар низоми ҳокимият (ҳукмрону тобеъ), инчунин накӯаҳвлии онҳоро (бою камбағал) муайян менамояд. Муборизаи байниҳамдигарии синфҳо нерӯи ҳаракатдиҳандаи инкишофи ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Марксизм синфҳоро ба синфҳои асосӣ ва ғайриасосӣ таксим менамояд. Синфҳои асосӣ чунин синфҳоеанд, ки мавҷудияташон бевосита аз муносибатҳои иқтисодии дар форматсияи ҷамъиятӣиқтисодии мазкур ҳукмрон, пеш аз ҳама муносибатҳои ҳокимият (ғулому ғуломдорон, деҳқону феодалҳо, пролетарҳо ва буржуазия) бармеояд. Синфҳои ғайриасосӣ –инҳо ё боқимондаҳои синфҳои пешина дар форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодии нав ҳастанд ё синфҳои тавлидшавандаанд, ки ба ҷои синфҳои асосӣ омада, асоси тақсимоти синфиро дар форматсияи нав ташкил менамоянд. Ғайр аз синфҳои асосӣ ва ғайриасосӣ инчунин қишрҳои ҷамъиятӣ унсурҳои таркибии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Қишрҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ҷамъиятии мобайнӣ ё гузарандае мебошанд, ки муносибати равшану дақиқ ба воситаҳои истеҳсолот надоранд ва бинобар ин шомили тамоми аломатҳои синф намебошанд. Қишрҳои иҷтимоӣ метавонанд дохилисинфӣ ва байнисинфӣ бошанд.Ба қишрҳои иҷтимоии дохилисинфӣ (қисми синф) дохил мешаванд:буржуазияи калон, миёна, хурд, буржуазияи монополистӣ ва ғайримонополистии шаҳру деҳот, пролетариати шаҳру деҳот, аристкратия коргарӣ ва ғ.Намунаи таърихии қишрҳои байнисинфӣ дар давраи пухтарасии аввалин инқилобҳои буржуаазӣ дар Аврупо «табақаи сеюм» – мешанигарии шаҳри, косибӣ ба ҳисоб меравад.Дар ҷомеаи имрӯза бошад ба сифати қишри байнисинфӣ метавонад табақаи зиёиён ба ҳисоб раванд. Унсурҳои байнисинфии сохтори имрӯза дар навбати худ метавонад ба қисмҳои таркибӣ тақсим шавад, яъне зиёӣ метавонад ба зиёии буржуазӣ, зиёии буржуазияи хурд ва зиёии пролетарӣ тақсим шавад. Ҳамин тавр, сохтори иҷтимоӣ-қишрӣ бо сохтори синфӣ пурра мувофиқат намекунад. Хулоса, қишрҳои иҷтимоӣ умумиятҳои иҷтимоие мебошанд, ки одамонро дар асоси ягон манфиатҳои ҷузъӣ муттаҳид месозанд.


Зермавзӯъҳо:


[1] Ленин В.И. Соч.Т.39. саҳ.15.


Саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ

  1. Мафҳуми «Сохтори иҷтимоии ҷомеа»-ро шарҳ диҳед.
  2. Сохтори иҷтимоии ҷомеа аз кадом унсурҳо иборат аст?
  3. Ҷанини сохтори иҷтимоии ҷомеаро тибқи таълимоти марксистӣ чӣ ташкил менамояд?
  4. Мазмуни таърифи ленинии синфҳоро пеши назар оред.
  5. Дар таърифи ленинии синфҳо чанд аломат аст ва кадоме аз онҳо асосӣ мебошад?
  6. Синфҳои асосӣ ва ғайриасосӣ аз ҳам чӣ тавр фарқ менамоянд?
  7. Дар бораи қишрҳо ё табақаҳо чӣ маълумот доред?
  8. Имрӯз ба таълимоти марксистии синфҳо дар сотсиологияи Ғарб кадом таълимот муқобил гузошта мешавад ва бо кадом далел таълимоти мазкур мавқеи худро асоснок меҳисобад?
  9. Дар асоси кадом нишондодҳо табақабандии иҷтимоӣ гузаронида мешавад?
  10. Дар бораи зудҳаракатии иҷтимоӣ маълумот диҳед.
  11. Истилоҳи «Зудҳаракатии иҷтимоӣ» кай ва аз тарафи кӣ ба сотсиология ворид карда шудааст?
  12. Дар бораи зудҳаракатии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик маълумот диҳед.

Мавзӯъҳо барои рефератҳо

1.Гуногунии идеяҳо дар бораи сохтори иҷтимоии ҷомеа.

2.Сохтори иҷтимоӣ-демографии ҷомеаи муосири тоҷик.

3.Мушкилоти муосири сохтори иҷтимоӣ-касбӣ.

4.Гурӯҳи иҷтимоӣ ҳамчун унсури сохтори иҷтимоӣ.

5.Табақаи иҷтимоӣ ва хусусиятҳои тадқиқи он.

6.Тағйироти асосӣ дар сохтори иҷтимоӣ дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ.


Адабиётҳои асосӣ

  1. Идиев Х.И. Сотсиология. Душанбе, 2006.
  2. Идиев Х.У.,Маслова О.М., Самиев Б.Ҷ., Гиёев Қ.Ҳ. Сотсиологияи амалӣ.-Душанбе.,2008.
  3. Мирошниченко И.В. Сотсиология (иҷтимоиёт).Конспекти лексияҳо.Таҳия ва тарҷумаи Одинаев Ё. аз забони русӣ. –Душанбе,2008.
  4. Решетников А.В. Социология медицины.М.,2007.
  5. Фролов С.С.Общая социология:Учебник.-Москва:Проспект,2011.
  6. Социология.Основы общей теории:Учебник для
  7. вузов/Отв.ред.академик РАН Г.В.Осипов, действительный член РАЕН Л.Н.Москвичев.-Москва:Норма, 2005.

Адабиётҳои иловагӣ

  1. Идиев Х.И. Фалсафаи иҷтимоӣ. Душанбе,2013.
  2. Общая социология: Учебное пособие / Под общ.ред.проф. А.Г. Эфендиева.-М.: Инфра, 2000.
  3. Волков Ю.Г., Мостовая И.В. Социология: Учебник для вузов /Под ред. проф. В. И. Добренкова.-М.: Гардерика,
  4. Тощенко Ж.Т. Социология: Обий курс. -2-е изд.доп. и перераб.-М.: Юнайт-Издат,20003.
  5. Гидденс Э. Социология.-М.,1999.
ҚаблӣТаълимоти марксистӣ дар бораи давлат ҳамчун ташкилоти иҷтимоии ҷомеаи синфии антагонистӣ. Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ
БаъдӣНазарияи табақабандии иҷтимоӣ ва зудҳаракатии иҷтимоӣ (социальная мобильность)