Сохтори сотсиология / социология

Ҳама гуна илм вобаста ба сатҳи рушду мукаммалшавии хеш дар навбат худ боз ба қисмату зерсохторҳое тақсим мегардад, ки ин қисмату зерсохторҳо масоили тадқиқотии илми мазкурро амиқтару васеътар матраҳ намуда, барои ноил шудан ба дастовардҳои нав дар соҳаи мазкур кӯмак менамоянд.Имрӯз дар сохтори ташкилии илм се зинаи нисбатан мустақилро қайд месозанд:

1) зинаи тадқиқотҳои бунёдӣ, ки вазифаи он аз афзун сохтани донишҳои илмӣ тавассути бунёди назарияҳое мебошад, ки ин назарияҳо принсипу қонуниятҳои соҳаи мазкурро кашф месозанд;

2)зинаи тадқиқотҳои татбиқӣ, ки мақсад аз он дар асоси донишҳои мавҷудбуда омӯзиши масоили мубрамест, ки арзиши бевоситаи амалӣ доранд;

3)ҳандасаи иҷтимоӣ-зинаи татбиқи амалии донишҳои илмӣ бо мақсади сохтмони воситаҳои техникии гуногун ва такмили технологияи мавҷуда.Дар асоси таснифоти мазкур имрӯз дар сотсиология низ се зинаро фарқ месозанд: сотсиологияи назариявӣ, сотсиологияи татбиқӣ, ҳандасаи иҷтимоӣ.

Ҳамин тариқ, сотсиологияи назариявӣ ба омӯзишу бунёди назарияҳое таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки ба кашфи қонунияту принсипҳои илми сотсиология равона шудаанд. Сотсиологияи амалӣ бошад, дар асоси донишҳои мавҷудбуда масоили мубраму аҳамияти баланди иҷтимоӣ доштаи ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ ва тадқиқ қарор медиҳад.Ҳандасаи иҷтимоӣ дар амалия истифода бурдани донишҳои назариявии мавҷудбударо дар пайвастагӣ бо раванди мукаммал сохтани роҳу усулҳои омӯзиши ҳалли масоили иҷтимоӣ дар назар дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз дар сотсиология микро- ва макросотсиологияро низ дар қатори се зинаи фавқуззикр қайд менамоянд. Макросотсиология низомҳои иҷтимоии бузургу равандҳои таърихан дурру дарозро мавридти омӯзиш қарор медиҳад. Микросотсиология бошад, рафтори ҳарӯзаи одамонро дар таъсири бевоситаи мутақобилаи онҳо меомӯзад. Бояд таъкид намуд, ки ин ду зина бо ҳам сахт алақаманд мебошанд, зеро ҳама гуна рафтори иҷтимоӣ дар доираи низоми муайян сурат мегирад.

 Ба сифати шакли махсуси ифодаи ҳамбастагии зинаю дараҷаҳои фавқуззикр чунин бахшҳои таркибии сотсиологияи соҳавӣ, мисли сотсиологияи меҳнат, сотсиологияи иқтисодӣ, сотсиологияи ташкилотҳо, сотсиологияи фароғат, сотсиологияи ниаҳдории тандурустӣ, сотсиологияи шаҳр, сотсиологияи деҳот, сотсиологияи маориф, сотсиологияи оила ва ғайра баромад менамоянд. Қобили зикр аст, ки сотсиологи америкоӣ Р.Мертон консепсияи ҷолиби рушди сотсиологияро пешниҳод намудааст. Вай бо Т.Парсонс, ки барои дар сотсиология ба вуҷуд овардани «назарияи ҳамарофарогиранда» талош мекард, муҷодала намуда, ба вуҷуд овардани назарияҳои дараҷаи миёнаро зарур шуморидааст.

Назарияҳои дараҷаи миёна, тибқи андешаи вай, дар байни тахминҳои хурди кории дар тадқиқотҳои муқаррарӣ васеъ истифода шаванда ва нақшаҳои назариявии доманфарох нақши мобайниро иҷро менамоянд, ва вазифаи онҳо аз ҷамъовари маълумотҳои эмпирикӣ иборат мебошад. Академик А.В. Решетников афзалиятҳои назарияи давраи миёнаро ба таври зер баён сохтааст[1]:

-имконияти ба вуҷуд овардани асосҳои назариявии устувор ва қавӣ барои тадқиқи соҳаҳои мушаххаси фаъолияти инсонӣ ва сохторҳои иҷтимоии алоҳида бе истифода аз дастгоҳи мафҳумии абстрактии бузург ва зиёдатии назариҳои бунёдӣ (фундаменталӣ);

-барқарорсозии ҳамкории зич бо ҳаёти воқеӣ, ки ҳамеша дар маърази назарияи дараҷаи миёна қарор дошта, проблемаҳои амалии ҳаёти ҷомеаро инъикос менамояд;

-ба маърази намоиш гузоштани имкониятҳо ва боварибахшии тадқиқотҳои сотсиологӣ дар назди идоракунандаҳо,олимон ва мутахассисони соҳаи донишҳои ғайрисотсиологӣ.


[1] Решетников А.В. Сотсиология.М.; 2007.саҳ.26-27.

ҚаблӣРобитаи сотсиология бо дигар илмҳои ҷомеашиносӣ
БаъдӣВазифаҳои сотсиология / Вазифахои социология