Робитаи сотсиология бо дигар илмҳои ҷомеашиносӣ

Робитаи сотсиология / социология бо дигар илмхои чомеашиноси. Робитаи сотсиология бо дигар илмҳои ҷомеашиносӣ.


 Сотсиология бо ҳамаи илмҳое, ки ин ё он самти ҳаёти ҷомеаро меомӯзанд, робита дорад. Ин робита ба он асос меёбад, ки агарчанде илмҳои дигари ҷамъиятӣ самтҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятиро меомӯзанд, бо вуҷуди ин ин самтҳои гуногун бе раванду ҳаводиси иҷтимоӣ арзӣ ҳастӣ карда наметавонанд.

Дар хусуси робитаи сотсиология ва илми таърих сухан ронда, бояд қайд намуд, ки ҳама гуна ҳодиса ва ё раванди иҷтимоӣ танҳо дар ҳудуди муҳити мушаххаси таърихӣ сурат мегирад ва хоҳ-нохоҳ дар он ҳаводису равандҳо вижагиҳои таърихӣ инъикоси худро хоҳанд ёфт. Аз ин нуқтаи назар, дар робитаи илми сотсиология бо илми таъриз ҳамчун усули махсуси омӯзишу равандҳо ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ бояд ҷои шубҳае набошад.

 Дар хусуси робитаи сотсиология бо этнография ва демография ҳаминро бояд гуфт, ки ҳама гуна раванд ва ё ҳодисаи иҷтимоӣ то ҳадде аз таъсири унсурҳои этнографию демографӣ бархӯрдор аст. Яъне, имкон дорад, ки ин ё он мушкилоти демографӣ омили фаъоли рух додани ҳодисаи иҷтимоӣ бошад. Ҳамзамон имкон дорад, ки дар сурат гирифтани ҳодисаи иҷтимоӣ ва ё пешгирӣ намудани он нақши унсурҳои этнографӣ, мисли ҳидояту тавсияи кӯҳансолон ва ғ. бориз бошад.

 Бояд таъкид намуд, ки сотсиология бо илми тиб низ дар робитаи зич қарор дорад. Дар асоси ҳамбастагии ин ду илм илми сотсиологияи тиб пайдо шудааст. Чуноне ки мутахассиси бевоситаи ин илм доктори илми сотсиология, доктори илмҳои тиб, профессор, академики РАМН А.В.Решетников қайд сохтааст, дар адабиётҳо ин тахассус бо чанд ном зикр мегардад: сотсиологияи саломатӣ ва беморӣ, сотсиологияи саломатӣ ва тиб, сотсиологияи тиббӣ, сотсиология дар тиб, сотсиологияи нигаҳдории тандурустӣ, тибби иҷтимоӣ, эпидемиологияи иҷтимоӣ. Баъд аз муҳокимаҳои зиёд ин илм номи «сотсиологияи тиб»-ро касб намудааст.[1]

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Воқеан ҳам моҳият, мақом ва нақши саломатӣ дар ҷомеа, вобастагии пешрафти ҷомеа аз саломати (қобилияти кории аҳолӣ) –и аҳолӣ , нақши омилҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ дар пайдоиш ва зиёдшавии бемориҳо, ба роҳ мондани роҳу усулҳои беҳтарини ҳифзи саломатии аҳолӣ, нақши коледҷу донишгоҳҳо дар омода намудани мутахассисони соҳаи тиб, ки бе онҳо дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ номумкин аст, аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки ҳам дар сотсиология ва ҳам дар тиб мавриди баррасию омӯзиш қарор мегиранд.

 Бояд таъкид намуд, ки сотсиология аз ҳама бештар бо фалсафаи иҷтимоӣ робитаи зич дорад, зеро ба таври маъмулӣ ҳар дуи онҳо дар умум илм дар бораи ҷомеа ба шумор мераванд. Агар мушаххастар баён намоем, фалсафаи иҷтимоӣ қисмате аз фалсафа ба шумор меравад, ки вай ҷомеаро чун низоми моддие, ки дар муқобили табиат қарор дорад, мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Вай масоили маънӣ ва ҳадаф аз мавҷудияти ҷомеа, пайдоишу ояндаи он, тамоюли рушду нерӯҳои ҳаракатдиҳандаи онро таҳлилу барасӣ менамояд.

Яъне, дар маркази таваҷҷуҳи фалсафаи иҷтимоӣ масоили характери ҷаҳонбинӣ дошта, ки асоси онро масъалаи маънии ҳаёт ташкил менамояд, қарор мегирад. Сотсиология бошад, чунон ки дар таърифи он зикр гардид, раванду ҳаводиси иҷтимоиро дар асоси фаъолияти ниҳодҳои асосии он, чун фардҳо, умумиятҳои иҷтимоию ниҳодҳои он баррасӣ менамояд. Фарқият дар байни фалсафаи иҷтимоӣ ва сотсиология аз ҳама бештар дар методҳои тадқиқи ҳаводиси иҷтимоӣ равшан ба назар мерасад. Фалсафа масоили ҷамъиятиро ақлгароёна дар асоси истифодаи тафаккури мантиқӣ ҳаллу фасл менмояд. Аммо сотсиолгия бошад, масоили иҷтимоиро аслан бо такя ба методҳои эмпирикӣ мавриди омӯзиш қарор дода, чунин меҳисобад, ки дар омӯзиши масоили иҷтимоӣ маҳз методҳои ӯ методҳои илмӣ ба ҳисоб рафта, дар бораи ҷомеа маълумоти саҳеҳу воқеӣ пешниҳод менамояд.


[1] Решетников А.В. Социология медицины. М.: 2007,саҳ.65.

ҚаблӣПредмет, объект ва вазифаҳои сотсиология
БаъдӣСохтори сотсиология / социология