Санчиши дарозихо ва масофахо (физика).
Шумо акнун медонед, ки санҷиши дарозиҳо (ва) ё масофаҳо назар ба ҳама санҷишҳои дигар бештар зарур меояд.
Барои тавсиф кардани бузургиҳои физикии алоқаманд бо дарозиҳо пеш аз ҳама лозим аст, ки дарозиро, чунонки мегӯянд, ҳисобпазир гардонем, то ки имкони ба воситаи ададҳо ифода кардани бузургиҳои физикӣ фароҳам ояд. Аз ин рӯ аввал дар бораи воҳиди дарозӣ ва намун (модел)-и он сухан меронем.
Донишмандони фаронсавӣ ҳанӯз 1-уми августи соли 1793, чунонки дар §1.8 (Бузургиҳои физикӣ) гуфтем, Манзумаи метрии паймонаҳо ном манзумаи воҳидҳоеро эҷод карда буданд, ки аз ду воҳиди асосӣ (дурусттараш: воҳиди бунёнӣ) иборат буд: яке воҳиди дарозӣ – метр ва дигаре воҳиди масса – килограм. Ин ду воҳид дар Манзумаи байналмилалии воҳидҳо (SI) низ ба ҷумлаи воҳидҳои бунёнӣ дохиланд. Дар бораи килограм сухан дар пеш аст. Ҳоло бинем, ки метр (м) чӣ гуна воҳид аст.
Вохиди дарози – метр
Воҳиди дарозӣ – метр. Номи ин воҳид аз калимаи юнонии metron (паймона, меъёр, чен) пайдо шудааст.
Ба сифати эталони метр (санҷаи метр) с.1799 фосилаи байни ду нишонае пазируфта шудааст, ки дар милаи платинӣ-иридийии чортарка (рас. 1.7) гузошта шудаанд.
Мебоист, ки ин фосила бо ягон чизи табиӣ алоқаманд мебуд. Фаронсавиҳо дар ин маврид дарозии баробар ба даҳмиллионяки чоряки нисфуннаҳор (меридиан)-и ш. Парижро, ки 40 000 000 м аст, гирифта буданд. Ин намуна соли 1960 тағйир ёфт: ба сифати 1м 1650763,73 дарозии мавҷи нури афкандаи атомҳои криптон-86 пазируфта шуд.
Баъдтар, с.1983, вақте ки тарзҳои оптикии дарозисанҷӣ ба миён омад, қарор дода шуд, ки метр ба воситаи суръати нур таъйин шавад.
Дар замони мо ба сифати 1м фосилае пазируфта шудааст, ки онро нур дар муддати 1/299 792 458 ҳиссаи сония дар фазои беҳаво мепаймояд.
Ин таъриф дар он замина ба миён омад, ки нур дар муддати 1 с масофаи 299 792 458 м 300 000 000 м-ро мепаймояд.
Таърифи нави метр воҳиди дарозиро тағйир надод, балки онро дар заминаи корбурди усули нав дақиқтар сохт. Мо дар расмҳои 1.8-1.10 чанд асбобу олати дигари дарозисанҷиро тасвир кардаем.


Воҳидҳои каратии метр ва ҳиссавоҳидҳои он – километр (км), десиметр (дм), сантиметр (см), миллиметр (мм), микрометр (мкм ё μм)… низ корбаст мешаванд ва чунин бастагӣ доранд (нигаред Сабти натиҷаҳои санҷиш. Воҳидҳои каратӣ ва ҳиссавоҳидҳо):
1 км = 103 м,
1 дм = 0,1м =10 см,
1 см = 10–2 м,
1 мм = 10–3 м,
1 мкм = 10–6 м,
1 нм = 10–9 м,…
Тарики андозагири
Тариқи андозагирӣ. Заминсанҷҳо (онҳое, ки дарозиву паҳнойии заминҳои киштро месанҷанд) барои чен кардани қитъаҳои замин баъзан ченчӯб ном олатеро ба кор мебаранд, ки ба шакли ҳарфи “А” сохта шудааст (рас. 1.8) ва як қадамаш маъмулан 2 м аст. Фаҳмост, ки қадами ченчӯб дарозиҳоро назар ба қадами одам дурусттар ифода мекунад. Бо рулет ном олати дарозисанҷӣ (аз фаронсавии roulette – чархак) ва навори дарозисанҷӣ дарозиҳову андозаҳоро боз ҳам дақиқтар чен кардан мумкин аст. Бо ин асбобҳо дарозиҳо ва масофаҳои то даҳҳо метрро ба дурустии то 0,5 см санҷидан имкон дорад.
Барои чен кардани дарозиҳои камтар аз 1 м маъмулан хаткашак ба кор меравад. Шумо аз банди пешина тарзи бо хаткашак санҷидани дарозиҳо ё андозаи ҷисмҳоро медонед. Дурустии санҷиш ба воситаи хаткашак, чунонки гуфтем, то 0,5 мм аст. Ин гуна саҳеҳият дар санҷиши дарозии миз ё дар хиштрезиву хонасозӣ кофӣ бошад ҳам, дар эҷоди ҷузъиёти хурди миллиметриандоза коромад нест. Дар ин гуна мавридҳо милапаргор ва резсанҷ (микрометр) ба кор бурда мешаванд.
Санчиши гафсии чизхои борик ва тунук
Санҷиши ғафсии чизҳои борик ва тунук. Ин ҷо ду маврид – санҷиши ғафсии симҳои борик ва ғафсии варақи ягон китобро муойина мекунем.
1.Бигзор симе дошта бошем бо ғафсии камтар аз 1 мм. Оё ғафсии онро ба воситаи чадвал ё худ хаткашаки мактабӣ ба қадри кофӣ дақиқ чен кардан илоҷ дорад? Ин пурсиш ду посух дорад: “Не” ва “Ҳа”.
Агар мо ғафсии сими, масалан, ниммиллиметриро бо ҷадвал чен карданӣ шавем, натиҷаи санҷиш хеле носаҳеҳ меояд:
тақрибан 0,54 мм ё 0,53 мм ё ин ки 0,55 мм.
Вале навмед нашавед – илоҷ ҳаст, аз ҷумла илоҷе, ки дар рас. 1.11 омадааст. Онро фаҳмидан осон аст.
Ин масъала – санҷиши ғафсии сими борикро ба воситаи милапаргор ва резсанҷ низ ҳал кардан мумкин аст. Тарзи истифодаи ин асбобҳо дар корҳои амалии поёни ин банд баён шудааст.
2.Ғафсии коғаз ё ин ки мӯйро низ бо милапаргор чен кардан душвор нест. Вале дар ин гуна мавридҳо хатои санҷиш зиёд буда метавонад.
Аз ин рӯ, агар ғафсии коғаз, варақи дафтар ё китобро чен карданӣ бошед, аз асбобҳои мавҷуда бояд ҳамонашро ба кор баред, ки ғафсиҳои камро саҳеҳтар чен мекунад. Ин гуна асбоб резсанҷ (микрометр) аст. Резсанҷ имкон медиҳад, ки ғафсии чизҳои борик (сими борик, мӯй,…) ва ё тунук (варақи китоб, тунука, пардаҳои гуногун,..) ба дурустии то 0,01 мм чен карда шавад. Шумо агар §1.11 (Хатои санҷиши бузургиҳои физикӣ) ва 1.12 (Хатоҳои мутлақ ва нисбӣ)-ро ба хубӣ фаҳм карда бошед, бояд бидонед, ки хатои санҷиш дар кадом маврид камтар аст – дар сурати чен кардани ғафсии як варақ ё ғафсии умумии 100 варақи китоб. Инро фаҳм кунед.
- Шумо дар бораи Манзума (система)-и метрии паймонаҳо чӣ медонед? Дар бораи Манзумаи байналмилалии воҳидҳо чӣ?
- Метр чист? Килограм чист?
- Чӣ зарурат бар ин аст, ки намуна ё худ санҷаи 1 м ва 1 кг бо ягон чизи табиӣ алоқаманд бошад?
- Оё шумо метавонед, ки бо ченчӯб, бо рулет, навори дарозисанҷӣ, милапаргор (штангенпаргор) ва резсанҷ (микрометр) ягон чизро андозагирӣ кунед?
- Санҷиши андозаи чизҳои борику тунук аз чизҳои бузург чӣ фарқ дорад?