Мавзӯи 29. Принсипҳо ва қоидаҳои таълим (омӯзиш)

Принсипхо ва коидахои таълим (омузиш).


Зермавзӯҳо:

  1. Муносибати принсипҳо ва қоидаҳо
  2. Системаи принсипҳои дидактикӣ

1.Муносибати принсипҳо ва қоидаҳо

Дидактика пеш аз ҳама кӯшиш мекунад, ки қонунҳои воқеиро кашф намояд, ки алоқаи асосӣ ва зарурии байни ҳодиса ва омилҳои омӯзиш инъикос ёфта бошад. Ин қонунҳо ба муаллимон фаҳмиши умумии ҳодисаҳои воқеии инкишофи раванди дидактикӣ медиҳанд. Вале онҳо бевосита барои фаъолияти амалӣ нестанд, фақат асоси назариявии коркард ва такмилоти технологии он мебошанд. Нишондоди амалӣ нисбати иҷрокунии омӯзиш бештар ба мустаҳкамкунии амалигардонии принсипҳо ва қоидаҳо вобастаанд, ки номи принсип ва қоидаҳои дидактикӣ гирифтаанд. Ҳоло онҳоро дида мебароем.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Системаи принсипҳои дидактикӣ

Таърихи дидактика бо хусусияти устуворона, бо саъю кӯшиши татқиқотчиён зоҳир намудани принсипҳои умумии омӯзиш ва дар асоси онҳо аниқ ифодакунии он талаботҳои муҳимро ба назар гирифта, барои муаллимон дар омӯзонидани мактабиён ба комёбиҳои баланди устувори натиҷаҳо ноил шуда тавонанд, арзи вуҷуд мекунад. Ташаккули асосҳои назариявии дидактика, зоҳир намудани моҳияти категорияҳои дидактикӣ, қонуният, принсипҳо, қоидаҳо дар натиҷаи муборизаи устувори ақидаҳо ба миён омадаанд.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Приниспи таълим чист ва онҳоро ном баред?
  2. Ян Амос Коменский ва К. Д. Ушинский кадом принсипҳоро пешниҳод карда буданд?
  3. Моҳияти принсипи илмӣ дар чист?
  4. Моҳияти принсипи шууронагӣ ва фаъолонагиро шарҳ диҳед.
  5. Моҳияти принсипи аёният дар чист?
  6. Моҳияти принсипи системанокӣ ва пайдарҳамӣ дар чист?
  7. Моҳияти принсипи пойдорӣ дар чист?
  8. Моҳияти принсипи дастрасиро маънидод кунед.
  9. Моҳияти принсипи алоқаи назария бо амалия дар чист?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Баранов С. П. Принципы обучения. – М., 1975.
  • Загвязинский В. И. Педагогичесоке творчество учителя. – М., 1987.
  • Занков Л. В. Дидактика и жизнь. – М., 1968.
  • Луфтуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
  • Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000
  • Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
  • Шукуров Р. Х. Творческий рост педагога. – М., 1985
  • Юнусов Й. Педагогика, Душанбе, 2005.
ҚаблӣҚоида: дар бораи он фикр кунед, ки талабагон чӣ мехоҳанд
БаъдӣМуносибати принсипҳо ва қоидаҳо