Рустаниҳо организмҳои зиндаанд. Барои дуруст донистану дарк кардани равандҳо ё ҳодисаҳои барои ҳаётгузаронии рустаниҳо мебояд бо сохтори дохилии узвҳои рустанӣ аз наздик шинос шавем.
Помидори сурхтоби нимхом, тарбуз, лимӯ ё себи мулоимро пора (ё дукафон) кунед. Мағзи ин меваҳо аз катакчаи (ковокиҳои) ниҳоят хурд-хурд иборат аст. Ин ҳуҷрачаҳо ҳуҷайраҳоанд. Агар онҳоро дар зери асбобҳои калоннишондиҳанда – пурбин ё микроскоп (заррабин) бинем, баръало аниқтар аён мешаванд.

Сохти хучайравии организми рустани, Шиносои бо асбобхои калоннишондиханда