Қитъа дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва вижагиҳои он

Қитъа дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва вижагиҳои он, Китъа дар адабиёти форси-точики ва вижагихои он 


Мақола аз мавзӯҳои зер иборат аст:

  1. Қитъа чист?
  2. Тафовути қитъа аз қасида ва ғазал
  3. Куҳантарин қитъаи адабиёти форсӣ
  4. Шоъирони қитъасарои форсӣ

Қитъа чист?

ҚИТЪА́ дар луғат (арабӣ) ба маънои «пора», «қисмат» ва «бахш» (тиккаи чизе) ва дар истилоҳи адабӣ ба қолиби шеърие гуфта мешавад, ки байтҳои он бар як вазн ва мисраъҳои ҷуфти он ҳамқофия бошанд; мисраъҳои фарди он тобеъи қофияи шеър нестанд. Шакли қитъа аз назари корбурди қофия чунин аст:

аб; вб; гб: дб ва ғ.

Чунончи аз устод Рӯдакӣ:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад.
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст, в-аз накукорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бархе аз қитъаҳои чормисраъӣ гоҳе ба монанди рубоӣ (ааба ё аааа ва ё аабб) қофия гиранд ҳам, аз рӯйи вазанашон аз якдигар фарқ мекунанд. Матлаъи қитъа мумкин аст мусарраъ (ҳамқофия) бошад, аммо бештари қитъаҳо матлаъи ғайри мусарраъ доранд. Шумораи байтҳои қитъа аз ду ба боло аст ва дар мавридҳое ба ҳудуди 60-70 байт ҳам расидааст, ки дар сурати мусарраъ будан, ваҷҳи имтиёзи он аз дубайтӣ ё рубоӣ вазни он хоҳад буд. Аммо аксари қитъаҳо дар ҳудуди ҳафт то даҳ байт гуфта шудаанд. Зеро шоир дар қитъа аз мазмун, мавзуъ ва фикри воҳиде сухан мегӯяд ва мавзуъ ҳич маҳдудияте надорад ва аз кӯчактарин хоҳишҳои дӯстона то волотарин навъи адабийёти ғиноӣ ва пандомӯзро дар бар мегирад. Дар девонҳои шеъри шоирон бахши марбут ба қитъаотро муқаттаъот низ ном ниҳодаанд.

Қитъаро ба ин эътибор, ки гӯиё ибтидо бахше аз қасида буда ва баъдан аз он ҷудо шудааст, ин гуна ном ниҳодаанд. Аммо бархе бар ин ақидаанд, ки қитъа дар адабиёти араби замони ҷоҳилият пеш аз қасида вуҷуд дошта ва қасида аз такомули он паёдо шудааст. Номгузории қитъа ба зоҳир ҳамчун маснавӣ, рубоӣ ва мусаммат бо қолиби он иртибот дорад, аммо дар қасидаву ғазал бо муҳтавою мазмуни онҳо; дар ҳоле ки метавон ваҳдати мавзуъи қитъаро низ бо номи он муртабит донист. Ин қитъа аз Маликушшуарои Баҳор:

Сухан чу гӯйӣ, санҷида гӯй дар маҷлис,
Ки аз каломи насанҷида хор гардад мард!

Дуруст гӯю адаб варзу бар газофа марав
Сареҳ бошу ба ҷид(д) кӯшу гирди ҳазл магард!

Басо сухан, ки аз ӯ хост баҳсу ҷангу қитол,
Басо амал, ки аз ӯ зод рашку кину набард!

Гар он чӣ гӯйӣ – донӣ, барӣ фаровон суд,
В-ар он чӣ донӣ – гӯйӣ, кашӣ фаровон дард!

На ҳар кӣ ҳар чӣ тавонист гуфт, бояд гуфт!
На ҳар кӣ ҳар чӣ тавонист кард, бояд кард!


Тафовути қитъа аз қасида ва ғазал

Дар таърифи қитъа гуфта шуд, ки ҳамқофия будани мисраъи аввал ба охири абёт шарти лозиму зарурӣ нест, балки ихтиёрист. Бино бар ин, дар аксар маворид ба осонӣ метавон ин тафовути қитъаро бо қасида ва ғазал пай бурд. Зеро аксари қитъаҳо матлаби ғайри мусарраъ доранд. Аз назари муҳтавою мазмун дар қитъа бештар мазмунҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, интиқодӣ ва сиёсӣ ба назар мерасад, дар ҳоле ки дар қасида ғолибан мазмунҳои васфӣ, мадҳӣ ва марсиявӣ ва дар ғазал аксар мафҳумҳои ишқу ошиқӣ дида мешавад. Аз назари шеваи баён дар қитъа бештар аз ҳикояту тамсилу муҳовара истифода мешавад, дар ҳоле ки ҳич гоҳ барои баёни мафҳумҳои қасидаву ғазал аз ин гуна қолибҳо баҳрагирӣ намешавад. Ба мисли ин қитъаи бону, Парвини Эътисомӣ:

Рӯзе гузашт подшаҳе аз гузаргаҳе
Фарёди шавқ бар сари ҳар кӯю бом хост.

Пурсид з-он миёна яке кӯдаки ятим:
К-«Ин тобнок чист, ки бар тоҷи подшост?»

Он як ҷавоб дод: «Чӣ донем, мо, ки чист? –
Пайдост он қадар, ки матоъе гаронбаҳост!»

Наздик рафт пиразане кӯжпушту гуфт:
«Ин ашки дидаи ману хуни дили шумост!

Моро ба рахту чӯби шубонӣ фирефтааст,
Ин гург солҳост, ки бо галла ошност!

Он порсо, ки деҳ хараду мулк, раҳзан аст!
Он подшо, ки моли раъийят хурад, гадост!

Бар қатраи сиришки ятимон назора кун!
То бингарӣ, ки рӯшании гуҳар аз куҷост!»

Парвин, ба каҷравон сухан аз ростӣ чӣ суд?
Ку ончунон касе, ки наранҷад зи ҳарфи рост?

Муҳиммтарин вижагии қитъа он аст, ки тамоми байтҳояш мавзуъи воҳиде, аз қабили ҳикмат, панд, мадҳ ё ҳаҷвро пайгирӣ мекунанд. Қитъа аз қолибҳоест, ки метавонад барои навъи адабии танзу ҳаҷв истифода шавад. Ҳамчунин шеърҳоеро, ки ду байт доранд ва мисраъи аввали онҳо низ бо ду мисраъи ҷуфт ҳамқофия бошад, дар сурате ки вазни он вазни дубайтӣ ё вазни рубоӣ набошад, қитъа меноманд. Чунончи аз Саъдӣ:

Гарчи шотир бувад хурӯс ба ҷанг,
Чӣ занад пеши бози рӯйинчанг?!
Гурба шер аст дар гирифтани муш,
Лек муш аст дар масофи паланг!

Аз дигар вижагиҳои қитъа гурези он аз забони фохири қасида ва забони маҳдуди ғазал аст, зеро қитъа, барои он ки ҳарфи маълумеро ба муассиртарин ваҷҳе баён кунад, ночор аз истифодаи забони гуфтугӯист. Ҳамчунин тамоми байтҳои қитъа силсилаи мантиқӣ доранд ва ба далели баёни мавзеъе воҳид дунболи якдигаранд. Қитъаҳои машҳур аксар ба забони муҳовара аст. Аз лиҳози шеваи баён дар қитъа. бештар аз ҳикоя ва тамсил истифода мешгавад. Ҳамин нукта ба қитъа имтиёзи хоссе мебахшад ва онро ба миёни мардум мебарад. Зуҳдиёт, панду андарз, марсияву сӯгворӣ, ҳаҷв, ситоиш, нуктагирӣ аз масъалаҳои фарогири қитъа ба шумор мераванд.

Мавзуъи дигаре, ки дар қитъа ба он бисёр пардохта шудааст, интиқоди сиёсию иҷтимоист. Ба ҳамин ҷиҳат дар ин навъ қитъаҳо беш аз анвоъи дигар луғоту таркиботи омиёна ва гоҳ маҳаллӣ дида мешавад. Тарҳи ин мавзуъҳо ҷудо аз дигар мавзуъҳои қитъа нест, балки ғолибан бо яке ду мавзуъи дигар, хусусан, панду андарзу танз ҳамроҳ аст. Ҳаҷв, ихвониёт ва сохтани моддаи таърих низ аз вижагиҳои қитъа аст. Аммо фаровонтарин ва муҳиммтарин мавзуъи қитъа панду ахлоқ аст. Баъзе аз пандҳо ҳамчун сухани ҳакимона кӯтоҳу сареъ аст ва бархе муфассалу баланд, бархе ҳамроҳ бо тамсилу достон ва бархе бидуни он гоҳе аз забони инсон ва гоҳ аз забони беҷон ё ҳайвон. Дар ин навъ қитъаҳо Парвини Эътисомӣ маҳорати баланд дорад.


Куҳантарин қитъаи адабиёти форсӣ

Дар «Таърихи Систон» ва чанд тазкираи дигар, ки соҳбназарон ҳам таъйид мекунанд, нахустин шоире, ки дар адаби форсӣ қитъа сурудааст, Муҳаммади Васиф (асри 9) мебошад. Ду қитъа аз ӯ нақл шудааст, ки яке ба сабаби шикасту қатли Рофеъ ибни Ҳарсама ва дигаре дар гирифтории Амри Лайс ба дасти Исмоили Сомонӣ. Аз дигар шоирон, ки ҷузве аз қадимтарин шоирони қитъсаро баршумурдаанд, Ҳанзалаи Бодғисист. Аз ӯ танҳо як қитъа нақл шуда ки ба василаи ҳамин як қитъаи фасеҳ ва пурмағз шуҳрат ёфтааст:

Меҳтарӣ гар ба коми шер дар аст
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургиву иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марг рӯёрӯй!

Аммо зоҳиран қадимтарин шеъри форсӣ, ки вожаи «қитъа» дар он ба маънои истилоҳии он омада, шеъри Азрақии Ҳиравӣ аст (асри 11):

Қитъаи шеъри маро чун дилу чун дидаи хеш,
Аз пайи фахр бидоранд бузургони Аҷам.


Шоирони қитъасарои форсӣ

Қитъа, он гуна ки дида мешавад, баробари зуҳуру рушду нашву намои забони форсии дарӣ аз қолибҳи маъмули шеъри форсӣ будааст ва дар адабиёти мо появу пойгоҳи устуворе доштааст. Аз шоирони қитъасарои форсӣ дар асри даҳум метавон Абусалики Гургонӣ, Рӯдакии Самарқандӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Дақиқии Тусӣ ва Кисоии Марвазиро ном бурд.

Пешрафти қитъа ва авҷи ривоҷи он дар асри 12 ва дар охирҳои давраи Салҷуқиён рост омадааст. Шоирони ин давра, ба вижа Анварӣ, Саноӣ ва Хоқонӣ онро ба ҳадди камол расонида, ҳамчун жанри шеър собит сохтанд ва баъдан шоирони дигар, аз ҷумла, Ибни Ямини Фарюмадӣ ба устодӣ дар сурудани он шуҳрат ёфтанд. Анварӣ аз ҳайси теъдод, танаввуъи матлаб ва хубию равонӣ дар миёни шоирон мумтоз аст. Носири Хусрав ва Шайх Саъдӣ низ аз қитъасароёни бузург ба шумор мераванд. Қитъаҳои Ибни Ямин аз назари ривояти ҳаёти иҷтимоӣ ва рустоии ин давра аҳаммийяти бисёр доранд ва дар миёни ашъори дигар шоирони қадим беҳамтоянд. Ӯ машҳуртарин қитъаҳоро сурудааст; Чунончи

Чун ҷомаи чармин шумарам суҳбати нодон,
Зеро ки гарон бошаду тан гарм надорад!

Аз суҳбати нодон батарат низ бигӯям,
Хеше, ки тавонгар шуду озарм надорад!

З-ин ҳарду батар дон шаҳеро ки дар иқлим,
Бо ханҷари хунрез дили нарм надорад!

З-ин ҳарсе батар низ бигӯям, ки чӣ бошад –
Пире, ки ҷавонӣ кунаду шарм надорад!

Аз муосирон Парвини Эътисомӣ, Маликушшуарои Баҳор, Эраҷ Мирзо беш аз дигарон дурахшидаанд ва аз қитъасароёни номдори адаби муосир эътироф шудаанд. Ракиктарин ҳаҷвҳоро дар миёни қитъасароён Эраҷ Мирзо сурудааст. Ҳамчунин марсияҳои мутаъаддиде дар девони Анварӣ, Хоқонӣ, Эраҷ Мирзо, Баҳор дар қолиби қитъа дида мешавад. Қитаъе аз Эраҷ Мирзо:

Қисса шунидам, ки Булъало ба ҳама умр,
Лаҳм нахӯрду завоти лаҳм наёзурд.

Дар марзи мавт бо иҷозаи дастур
Ходими ӯ ҷӯҷабо ба мазҳари ӯ бурд.

Хоҷа чу он тайр кушта дид, баробар
Ашки таҳассур зи ҳарду дида бияфшурд!

Гуфт: «Чиро мокиён шудӣ, нашудӣ шер,
То натавонад касат ба хун кашаду хурд?!

Марг баройи заъиф амри табиист,
Ҳар қавӣ аввал заъиф гашту сипас мурд!»

О. Ш.; 22. 10. 2021; ш. Душанбе.

ҚаблӣХурусчанг (Навруз) – Шеър барои бачагон
БаъдӣСуруди касбии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон