Синфи кирмхои мижгондор ё планария

Синфи кирмҳои мижгондор ё планария.

Аксарияти намояндагони ин синф озодона зиндагӣ карда, намудҳои муфтхӯрашон кам вомехӯранд. Онҳо, асосан, дар обҳои баҳр ва ширин сукунат доранд. Кирмҳои мижгондор даранда буда, содатаринҳо, нематодҳо, харчангҳои майда, кирминаи ҳашаротро мехӯранд. Баъзан ҳайвони аз худ калонро ҳам мехӯранд. Ҳодисаи ҳамдигарро хӯрдани онҳо мушоҳида шудааст. 3000 намудашон маълум аст.

Бадани онҳо бо эпителияи мижгондор пӯшида шудааст. Онҳо тавассути мижгонакҳои бадан ҳам ҳаракат ва ҳам шиною хазида метавонанд. Ҳазмкунии хӯрок дар дохили ҳуҷайраҳо ва ковокии бадан ба амал меояд. Қобилияти баланди эҳёшавӣ доранд. Намояндаи паҳншудаи онҳо планарияи сафед буда, дар зери сангҳои обанборҳо, дарёҳо ҳаёт ба сар мебарад. Андозаи бадани планария 1,5 см аст, дар сар чашми сода дорад (ба расми 60 нигаред). Даҳонаш аз тарафи шикам наздик ба қафои бадан ҷойгир аст.

Системаи асаби планария панҷарашакл буда, узвҳои ҳиссаш нағз тараққӣ кардааст. Планария бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ афзоиш карда метавонад. Дар вақти бо роҳи ғайриҷинсӣ афзоиш кардан бадани онҳо бо қади тана ба қисмҳо ҷудо шуда, аз ҳар кадоми ин қисмҳо планария пайдо мешавад. Планария хунсо буда, дар вақти ҷуфтшавии онҳо нутфаашон ба ҳамдигар гузашта, тухмҳуҷайраашон бордор мешавад. Баъдтар онҳо тухми бордоршуда мемонанд ва аз он планарияи ҷавон пайдо мешавад.


Мавзӯи пурра >> Тасниф ва пайдоиши паҳнкирмҳо

ҚаблӣТасниф ва пайдоиши паҳнкирмҳо
БаъдӣСинфи макандахо / макандаҳо