Синфи макандахо / макандаҳо

Синфи макандаҳо

Аз номашон маълум аст, ки онҳо узви макандаи даҳонӣ доранд (ба расми 64 нигаред). Баръакси планария намояндаҳои синфи макандаҳо муфтхӯри дарунии ҳайвонҳои бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадор мебошанд. Шакли бадани онҳо ба барг монанд аст. Дар макандаҳо системаи ҷинсиашон хеле нағз тараққӣ кардааст, сикли ҳаёташон низ хеле мураккаб буда, дар ду ё се «хӯҷаин» ба итмом мерасад.

Ин синф 4000 намуд дорад. Намояндаи маъмули ин синф кирми ҷигармак буда, дар байни халқ бо номи шапалаки ҷигар маълум аст. Сикли ҳаёти ин муфтхӯр дар ду «хӯҷаин»: «хӯҷаин»-и асосӣ ё охирин – чорвои шохдори калон ва «хӯҷаин»-и мобайнӣ тӯқумшуллуки ҳавзӣ (аз синфи нармбаданҳои шикампой) мегузарад (ба расми 64 нигаред).

Тухми бордоршудаи кирми ҷигармак фақат ҳамон вақт афзоиш карда метавонад, ки он тавассути ахлоти чорво дар об афтад. Дар об аз тухм кирми мижгондор (мирасидия) пайдо шуда, он танаи тӯқумшуллуки ҳавзиро сӯрох карда, ворид мешавад. Дар дохили нармбадан кирм якчанд давраи инкишофро паси сар карда, аз нармбадан ба об мебарояд.

Пас кирмина ба ягон рустанӣ часпида, дар атрофаш пардаи зич пайдо менамояд, яъне систа ҳосил мекунад. Вай муддати тӯлонӣ қобилияти ҳаётгузаронӣ дорад. Дар вақти об ё алафи систадори дар об бударо хӯрдани чорво, систа ба рӯдаи ҳайвон мегузарад. Дар рӯдаи ҳайвон пардаи систа ҳазм шуда, муфтхӯр тавассути рагҳои (венаҳои) вариди рӯда ба ҷигар рафта, ҷой гирифта, хӯрок мехӯрад ва ба балоғат мерасад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавзӯи пурра >> Тасниф ва пайдоиши паҳнкирмҳо

ҚаблӣСинфи кирмхои мижгондор ё планария
БаъдӣСинфи кирмхои тасмашакл