Ба вучуд омадани давлатхо дар Хиндустони кадим

Ба вуҷуд омадани давлатҳо дар Ҳиндустони қадим. Ташакулёбии давлатҳои қадимтарин дар сарзамини Ҳиндустони қадим. Хиндустони Кадим. Ҳиндустони замони Хараппа. Хиндустони замони Хараппа

Маданияти Хараппа

Соли 1875 бостоншиноси англис А.Канингҳем дар Хараппаном маҳалаи панҷоби  Ғарбии Покистони имрӯза мӯҳреро ёфт, ки болои он бо хатти то ҳол номаълуме навиштаҷот дошт. Ин бозёфт диққати олимонро ба худ кашид. Солҳои 20-уми асри XX дар он ҷо ҳарфиёт давом кард. Дар натиҷа шаҳрҳои Хараппа ва Мохенҷо –Даро ёфт шуданд. Аз руи маҳали бозёфти аввалин олимон ин маданиятро «Хараппа» номиданд. Бозёфтҳои бостоние, ки дар музофотҳои Балуҷистон ва Синд ба даст омадаанд, дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин минтақаҳои Ҳиндустон дар ҳазорсолаҳои IV ва III пеш аз милод зироаткорию чорвопарварӣ ва косибӣ Рушду нумӯъ карда будааст.

  Маданияти Хараппа хусусияти маҳалӣ дошта, зинаи баландтарини рушди маданияти қадимаи Ҳиндустон меьошад. Дар рушди маданияти Хараппа нақши дарёҳои Ҳиндустон калон аст. Беҳуда нест, ки аксарияти бошишгоҳҳои мансуби вокеъи гардидаанд. Маданияти Хараппа дар масоҳати бузург паҳн гардида буд. Он аз шимол ба ҷануби нимҷазираи Ҳиндустон зиёда аз 1100км ва аз ғарб ба шарқ зиёда аз 1600 км доман паҳн кардааст.

  Умри маданияти Хараппа. умри маданияти Хараппаро олимон бо роҳҳои гуногун муайян кардаанд: ба воситаи солшумории ҳиндӣ, байнаннаҳрайнӣ, сумерӣ, муқоисаи бозёфтҳои бостонӣ ва роҳу усулҳои дигар. Ҳамин тариқ, оғози маданияти Харапаро соли 2300 пеш аз мило два хотимаи онро соли 1750 пеш аз милод муқарар намудаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

«История Востока I Вотстока в деревности» Л.В.Негря В.А Якобсон Москва издательская фирма «Востокафирма» ран 2000г

Шахрхои Хараппа

Шаҳрҳои Хараппа. Дар натиҷаи ҳарфиёти бостонӣ якчанд шаҳрҳои калони маданияти Хараппа ёфт шудаанд. Калонтарини онҳо Хараппа ва Мохенҷо –Даро мебошанд.

  Шахрхои маданияти Хараппа аз рӯи сохт ба ҳамдигар монандӣ доранд. Шаҳрҳои калон аз ду қисми асосӣ иборат буданд. Қисми якум қалъа, ки дар онҷо ҳукумати шаҳр ҷойгир буд ва дуюми он: шаҳри поён: мебошад дар шаҳри поён: асосан хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир будаанд. Қисми марказии шаҳр шакли росткунҷа дошт. Қалъа Дао ҷои баланд шуда Буда, қисми сокинонашро аз обхезӣ муҳофизат мекард. Вай ба шаҳри поён: бо ду даромадгоҳ пайваст мешуд. Дар дохили қалъа ҳуҷраҳои ибодат кунӣ ва идораи шаҳр мавҷуд буданд. Қалъа бо деворҳои баланди ғафс, манораҳо ва сутунҳои боҳашамат мустаҳкам карда шуда буд. Дар қалъаи Мохенҷо-Даро ҳавзи калоне мавҷуд буд, ки он бо максади иҷрои маросимҳои динӣ сохта шудааст. Тавассути қубури махсус ба ҳавз беист оби тоза мерехт. Дар наздикии ҳавз анборҳои ғалла ва хонаи ба маҷлисгоҳ монанд воқеъ гардида буданд. Масолеҳи асоси бинокорӣ хишти пухта буд лекин бинокорон дар ин кор аз хишти хом ҳам истифода мебурданд. Шаҳрдору шаҳрсохо ба таъминоти об ва тоза нигоҳ доштани шаҳр диққати калон медоданд. Қариб хар як бино (хона) чоҳи об мавҷуд буд низоми тоза нигоҳдории (канализация) –и Хараппа яке аз беҳтаринҳо дар тамоми Шарқи қадим мебошад. Дар кучаҳо хавзчаҳои махсус сохта шуда буданд, ки ифлосиҳо дар онҳо такшин мешуд. Баъд аз ин оби тоза аз ҳавз ба ҷӯйи умумӣ мерехт. Ин ҷӯйборҳо аз хишти пухта сохта шуда, болои онҳо тахтасангҳо пушонида мешуд.

Машғулияти ахолӣ. Қисми зиёди аҳолии Хараппа дар деҳот зиндагӣ мекард ва ба чорводорию кишоварзӣ машғул мебуд. Водии дарёи Ҳинд яке аз марказҳои зироаткори Хараппа Буда қадимтарин дар Шарқ мебошад. Ҳафриёт нишон дод, ки аҳолии Хараппа бо навъҳои гуногуни гандум, ҷав, кунҷид, лубиё, нахуд, наск, мушунг, ва ғайра шинос будааст.

Энциклопедияи совети тоҷик Душанбе 1983 с қ IV

Мардуми инҷо ба шоликорӣ машғул будаанд. Аз Мохенҷо –Даро порае начандон калоне гозворҳам ёфт шудааст, ки он ҳам мавҷудияти пахтакорӣ дар инчо шаходат медиҳад. Аҳолии Хараппа ба боғи токпарвари низ машғул буд. Барои зироаткаории оби кишоварзон ва боғдорон аз мадди дарёи Ҳинд хуб истифода мебурданд. Дар зиндаги мардуми Хараппа чорводорӣ аҳамияти калон дошт. Аз ҳайвоноти хонагӣ бузу гусфанд, гову гурба ва саг ба онҳо маълум будаанд. Дар ҳамин давра ҳиндуҳо филро ром карда будаанд. Косибони Хараппа аз мисс ва биринҷи олоти меҳнат, зарфҳо, силоҳ ва аз тилою нуқра маснуоти заргари тайёр мекарданд. Ба маснуоти заргари аъёну ашрофи Хараппа эҳтиёҷи калон доштанд. Косибони Хараппа инчунин ба бофандагӣ, кандакорӣ дар филизу устухон ва кулолгари машғул буданд.

Дини Хараппа

Дар Ҳиндустон ибодатхонаҳои динии давраи маданияти Хараппа бисёр ёфт шудаанд. Ҳайкаалҳои Худоҳои ҳиндухои қадим симои мардона доштаанд. Яке аз Худоҳои Хараппа Шива буд. Дар рӯи яке аз муҳрҳои аз Хараппа ёфта шуда Худои серӯя инъикос гардида аст, ки мӯйи сараш мисли мӯӣ сари шоҳ оро дода шуда буд. Дар ду тарафи тасвири Худо Ким-чи хел ҳайвонҳои ваҳшӣ истодааст. Мувофиқи тасаввуроти динии ҳиндуҳои он вақта Худоҳо дар шакли хайвонҳои алоҳида инъикос карда мешуданд. Худо Шива ва барзагове, ки «Нандин» ном дошт, монанд ҳисобида мешуд.

Хат. То замони мо зиёда аз 1000 адад муҳрҳо маснуоти сафолию килизии навиштаҷотдоре ёфт шудааст, ки ба маданияти Хараппа тааллук доранд. Дар болои ашёҳои номбурда қариб 400 аломат истифода шудааст. Ҳиндуҳо барои ифода рақамҳо низ аломатҳо доштаанд. Онҳоро бо воситаи хатчаҳои гуногун ифода мекарданд. Хатти Хараппа аз тарафи рост ба чап навишта ва Хонда мешуд. Мутаасифона олимон то ҳол хатти Харапаро Хонда натавонистанд.

ҚаблӣТахлили таркиби калима
БаъдӣБа Хиндустон омадани кабилахои ориёи