Талабот ба дарси муосир.
Дар раванди таълими ибтидоӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбия ва инкишофи шахсияти мактабиёни хурдсол бағоят аҳамияти калон дорад. Чунки тарбия ва таълим дар хурдӣ нақшест бар санг. Дарс дар ташаккули сифатҳои муфиди кӯдакон нерӯи таконовари беҳамтост. ҳангоми ҳар дарс вазифаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ ба дараҷаи муайян иҷро карда машеванд.
Бинобар ин ҳар дарс бояд тибқи дархости принсипҳои илмӣ, системанокӣ, дастрасӣ, шууронагӣ ва фаъолонагӣ, баҳри устувор азхуд кардани донишҳо бо назардошти ба инобатгирии хусусиятҳои инфиродии талабагон тақдим карда шавад. Дарс дар омӯзиши маводи барномаи таълимӣ мавқеи муайян дорад. Бояд ҳангоми азхуд кардани ҳар мавзӯъ системаи дарсҳо ва тамоми мазмуни фанни таълимиро донист.
Ҳар дарс интихоби ба худ хоси метод ва усулҳои омӯзишро тақозо мекунад. Бо роҳҳои гуногун омӯзонидани мавод дар дарс, хусусан дар синфҳои ибтидоӣ, аз тарафи муаллим пешакӣ ба назар гирифтани система ва низоми муайянро талаб мекунад, зеро дар рафти дарс худсарона иваз кардани метод ва усулҳои баёни мазмун мумкин нест, барои он ки ягонагии сохти мантиқии дарс вайрон мешавад. Талабагон маводи таълимиро ҳамон вақт бо осонӣ азхуд мекунанд, ки муҳокимаи муаллим система ва низоми ҷиддӣ дошта бошад.
Дарси замонавӣ ба ҳар васила хусусияти эҷодӣ ва ҷустуҷӯӣ дорад, муаллим тибқи метод ва усулҳои беҳтарин шавқмандии дарсро таъмин мекунад; алоқамандии байни фанҳо, алоқадорӣ бо ҳаёт, меҳнат ва таълими политехникӣ ва фаъолияти беруназтаълимиро таъмин намуда, ба хусусияти тарбиявӣ гирифтани машғулиятҳо эътибор медиҳад.
Муаллими синфи ибтидоӣ мақсаде, ки аз талаботи барномаи таълимӣ сар мезанад, дақиқ муайян карда, барои ба мақсад ноил гаштан асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникӣ, карточкаҳои санҷишӣ ва ғайраҳоро тайёр мекунад. Сипас бо мисолҳои ҳаётӣ мазмуни дарсро ба нақша мегирад, конспект мекунад. Ҳатто муаллимони ботаҷриба ҳам омодагӣ гирифта, тибқи нақша ба дарс шурӯъ мекунанд.
Дар мактаби ибтидоӣ хусусан зоҳир намудани ташаббускорӣ, образнокӣ, эҷодкории муаллим ҳини гузаронидани дарс ниҳоят зарур аст.
Барои кӯдакони хурдсоли мактабӣ муҳимаш он ки маводи таълимиро худашон омӯхтан хоҳанд ва барои он ки ба онҳо мавод шавқовар бошад ва онҳоро аз ҳад зиёд хаста накунад, дарс бояд ҳаяҷоновар, ба таври проблемавӣ, ҷустуҷӯи эҷодӣ ифода ёбад, «баҳс дошта бошад» (таъкиди М. Луфтуллоев). Дарсҳои якрангу якқолибӣ талабагонро нафақат дилгир мекунад, инчунин ба ғайри шуурона азхудкунии мавод тела медиҳад.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки мазмуни маводи дарсро ҳамаи хонандагон бояд ҳазм кунанд. Баъзан чунин мешавад, ки ин ё он хонандаи хурдсол суст мехонад, ба дарс эътибор намедиҳад, вале муаллим пай намебарад. Дар чунин ҳолат муаллим бояд ҳассос бошад. Бо саволу ҷавобҳо чиро фаҳмидан ва чиро нафаҳмидани онҳоро муайян кунад. Яъне дар шакли коллективии таълим бо назардошти хусусиятҳои фардии хонандагон фардикунонии дарс ба инобат гирифта шавад. Хонандагони синфҳои болоӣ ҷоҳои нафаҳмидаашонро мавриди корҳои мустақилона фаҳмида метавонанд, аммо барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ мададгории муаллим ҳатмист. Зеро онҳо ҳоло қобилияти мустақилона дарккуниро надоранд.
Барои ба машғулиятҳои таълимӣ ҷалб намудани диққати шогирдон, пеш аз ҳама, интизоми аҳли синфро бояд таъмин кард. Барои ҷорӣ намудани интизом на дӯғу даранг, на зулму сиёсат, балки шафқату рӯҳафзоӣ самими зарур аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ нисбати шогирдон муҳаббати бепоён доштани муаллимро дар байни зерини худ таъкидкунон васл кардааст:
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гузерпойро.
Ин ҷо калимаи «ҷумъа» рӯзи истироҳатӣ – кишварҳои мусулмониро ифода мекунад. Бо ин шоир таъкид кардааст, ки агар дарси муаллим бо муҳаббат ва пур аз шодиву дилҷӯӣ гузурад, натанҳо толибилмон, ҳатто тифлони мактабгурезро рӯзи ҷумъа (истироҳат) ҳам ба мактаб меоварад.
Педагоги барҷастаи рус К. Д. Ушинский низ таъкид карда буд, ки дар дарс бояд ҳазлу шӯҳӣ бошад, вале дарсро ба шӯхӣ табдил додан мумкин нест.
Ҳамаи ин гуфтаҳои фавқулзикр (дар боло зикр шуда) муаллимро ба педагогикаи ҳамкорӣ ҳидоят мекунад, ки он барилова нисбати дастпарварон меҳру шафқат, дили поку мустақилият, навоварию эҷодкорӣ, гуманизми олӣ, хештаншиносию дӯстӣ, одаму одамгариро низ фаро мегирад. Бояд кӯдакон дар лаҳзаи душвориҳои таълиму тарбия «дар симои муаллим боз як шарикдарси худро» дарёбанд. Аммо, чунон ки таҷрибаҳо собит мекунанд, дар педагогикаи ҳамкорӣ омӯзгорро ба тамом мутеи шогирд гардонидан нашояд, муаллим бояд бо серталабии холисонаи худ фарқ кунад. Серталабӣ бошад, дар асоси принсипи пешниҳодкардаи А. С. Макаренко сурат мегирад: ҳар қадаре ба кӯдак талаби зиёд гузошта шавад, вайро бояд ҳамон қадар эҳтиром кард.
Агар талабагон нисбати худ эҳтироми ҳақиқии муаллимро ҳис кунанд, тамоми талаботи педагогии ӯро иҷро мекунанд. Хусусан талабагони синни хурди мактабӣ ба муаллим эътиқоди зиёд доранд, гуфтаҳои ӯ барояшон ҳамчун қонун пиндошта мешавад. Мактабиёни хурдсол, бахусус ҳафтсолаҳо ҳоло худ ва рафиқонашонро ба тарбия ва азнавтарбиякунӣ майл дода наметавонанд, аз ин лиҳоз ба талабот ва гуфтаҳои содиқонаи муаллим эҳтиёҷ доранд.
Дар раванди дарс ба замми дархостҳои нишондодашуда, эҷодкорӣ ва навовариҳои муаллим илова гардад, ба бурдбориҳои зиёд умед бастан мумкин аст, чунки аз ин хотир «дарсро асари эҷодии муаллим» гуфтаанд.















