Таркиби тухм (тухми растанӣ)

Чӣ тавре ки маълум аст, аз гандум ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ орд истеҳсол мекунанд. Орд – эндосперми майдашуда ё талқоншудаи дон мебошад. Вай аз моддаҳои гуногуни ғизоӣ иборат аст. Барои муайян кардани таркиби тухм каме орди гандумро гирифта, аз он хамир тайёр мекунем. Сипас, хамирро бо дока печонда дар ягон зарф бо об нағзакак мешӯем. Оби зарф тирагун мешавад, чунки яке аз моддаҳои дар таркиби хамир мавҷудбуда шуста мешавад. Баъд дар дохили дока фақат моддаи нисбатан ғализи часпак –  ширеш (клейковина), яъне сафедаи дон (орд) боқӣ мемонад.

Агар ба зарфи обаш тирагун 2-3 қатра маҳлули йод чаконем мебинем, ки ранги моеъ кабуд мешавад. Маълум аст, ки оҳар (крахмал, нишоста) аз таъсири йод кабудранг мешавад. Ин ҳолат исбот мекунад, ки дар таркиби орди гандум оҳар мавҷуд аст. Оҳари рангноки дар оби зарфбуда оҳистаоҳиста таҳшин мешавад.

Агар оби тирашудаи хамирро ба пробирка рехта, онро то ҷӯшиданаш гарм кунем, дар пробирка ширеш ё моддаи ширешмонанд (клейстер) ҳосил мешавад. Ин исботи он аст, ки дар таркиби орди гандум ба ҷуз сафеда (клейковина) оҳар ҳам мавҷуд будааст. Инчунин, дар зери микроскоп доначаҳои майдаи оҳари ҳуҷайраҳои эндосперми гандум, ки бо таъсири йод кабудранг шудаанд, намудор мешаванд.

Дони гандум, ҷуворимакка андак равған дорад. Хусусан, пунбадона (чигит), дони офтобпараст, зағир, кунҷит, лӯбиёи чинӣ (соя) ва баъзе дигар рустаниҳо хеле серравған мебошанд. Агар дони ин рустаниҳоро дар рӯйи коғази сафед сахт фишурем, дар коғаз доғ ё изи равған боқӣ мемонад.

Сафеда, оҳар ва равған моддаҳои органикие (захиравие) мебошанд, ки дар тухму дони аксари рустаниҳо бо микдори гуногун (кам ё зиёд) мавҷуданд. Масалан, дар дони гандум миқдори оҳар нисбатан зиёд буда, сафеда нисбатан кам ва равған тамоман камтар аст. Дар дони лӯбиё бошад, баръакс сафеда бисёру оҳар нисбатан кам аст. Дони офтобпараст, зағир, кунҷит хеле серравған аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 22. Ошкор кардани оҳари орди гандум

Барои ҳосил кардани орду ярма, ки ба миқдори зиёд оҳару сафеда доранд, на танҳо гандум, ин- чунин ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка, сулӣ, арзан, шолӣ ва марҷумакро низ парвариш мекунанд. Барои парвариш маҳсулоти серсафеда нахӯд, боқило, лӯбиёи чинӣ, наск ва барои истеҳсоли равған дигар рустаниҳои равғандорро киштукор мекунанд.

Барои донистани он, ки дар таркиби дон ба ҷуз моддаҳои органикӣ боз кадом моддаҳо мавҷуданд, гузаронидани чунин таҷриба ёрӣ медиҳад.

Ба зарфи шишагин (пробирка) дони хушки гандум ё тухми ягон рустании дигарро дохил карда, дар оташи паст гарм мекунем. Пас аз чанд муддат дар деворҳои пробирка қатраҳои об пайдо мешаванд, зеро дар натиҷаи гарм кардан оби таркиби тухми гандум бухор мешавад. Бухор ё буғи оби пайдошуда ба девори сарди пробирка расида, хунук мешавад ва дар девори он қатраҳои об намоён мешаванд.

Агар гарм карданро давом диҳем, дон сӯхта ба ангишту дуд табдил меёбад. Дуд далели сӯхтани моддаҳои органикии дон – оҳар, сафеда ва равған ба ҳисоб меравад. Пас аз пурра сӯхтани моддаҳои органикии дон фақат хокистар боқӣ мемонад. Хокистар аз моддаҳои маъдании (минералии) насӯзанда иборат аст.

Ҳамин тавр, таркиби дон (тухм)-и рустаниҳо аз моддаҳои органикӣ, маъданӣ ва об иборат аст.

Таркиби тухми рустаниҳои мазрӯъ (ба ҳисоби фоиз аз вазни умумиашон)

Аз ҷадвал маълум мешавад, ки дар таркиби дони рустаниҳои гуногун миқдори об, моддаҳои органикӣ ва маъданӣ ҳар хел мебошад. Умуман, дар тухми тамоми рустаниҳо миқдори моддаҳои органикӣ назар ба об ва моддаҳои маъданӣ нисбатан зиёд аст.

ҚаблӣТухм. Сохти тухми растаниҳои дупалла ва якпалла
БаъдӣСабзиши тухм